Баррасии лоиҳаи барномаи рушди нақлиёти барқӣ

№51 (4471) 26.04.2022

Рисунок4Чанде пеш зимни ҷаласаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки таҳти раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатии дахлдор ва кормандони маҷмааи нақлиёт низ иштирок доштанд.

Азим Иброҳим ҳозиринро бо масъалаи мавриди баррасӣ шинос намуда, зикр кард, ки таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декаб­ри соли 2021, маншаъ мегирад, ки зимни ироаи он аз зарурати истифодаи нақлиёти барқӣ дар кишвар ёдовар шуданд.

Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт Неъматзода Фаррух лоиҳаро бо дарназардошти хулосаҳои ирсолгардида аз вазорату идораҳои дахлдор аз рӯи слайдҳо шарҳ дода, аз ҷумла, гуфт, ки мақсади он фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ — истеҳсоли нақлиёти барқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад.

Лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат таҳия гардида, 1 апрели соли 2022 барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор равон гардид. Он аз 9 боб иборат буда, дар ҷаласа вобаста ба мазмун ва самтҳои гуногуни он ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода шуд.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ доданд.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»