28 апрели соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омӯзиш ва пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои нави омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ» суҳбати гирди миз доир гардид.
Онро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ифтитоҳ намуд. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён дар бораи зарурати омӯзиши илмҳои табиатшиносию дақиқ ва ташаккули тафаккури техникӣ сухан ронда, аз ҷумла, зикр кард, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияи нав танҳо дуруст омӯхтану хуб донистани илмҳои дақиқ роҳи насли ҷавонро ба сӯи ояндаи дурахшон кушода метавонад.
- Ҳоло маорифи кишвар ба усули нави таълим — таълими салоҳиятнокӣ гузаштааст. Ҷавҳари онро тарбияи хонандаи мувофиқ ба талаботи бозори рушдёбандаи меҳнат, сазовору содиқ ба Ватан ва муқаддасоти он, шахсе, ки донишҳои андӯхтаро дар амал татбиқ карда метавонад, ташкил медиҳад. Таълими салоҳиятнокӣ имкон фароҳам меорад, ки хонандагон на танҳо илмҳои дақиқро амиқ ва бошуурона омӯзанд, балки дар ҳаёт аз онҳо фаровон истифода намоянд, — гуфт ӯ.
Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки то ҳол дар як қатор муассисаҳои таълимии кишвар кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ мавҷуд нест ва ҳамчунин, дар роҳи дарёфти таҷҳизоти лабораторӣ ва аёниятҳои таълимӣ мушкилот вуҷуд дорад. Дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ дарсу дигар машғулиятҳои фаннӣ бе истифода аз аёниятҳо дар синфхонаҳо (на дар кабинетҳои фаннӣ) гузаронида мешаванд. Бо сабаби нарасидани омӯзгорони соҳибтахассус ҳолатҳое мавҷуд аст, ки дарсҳои физика, химия ва технологияи иттилоотӣ ба омӯзгорони ғайриихтисос вобаста карда шудаанд, ки ин омилҳо садди роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот гардидааст.
Таъкид гардид, ки масъулонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати таҳсилот аз ҳарвақта дида бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ, азхудкунии илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд. «Дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда ташкили кабинетҳои муҷаҳҳаз бо шароити зарурӣ, дастрасӣ бо тахтаҳои электронӣ, ташкили шабакаҳои дохилии интернетӣ ва таъмини кадрҳои омӯзгорӣ, таблиғу ташвиқи илмҳои дақиқ, фарогирии бештари хонандагон ба озмунҳои «Илм — фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва ғайра амали саривақтист», — афзуд Ф. Наҷмиддиниён.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдуллозода оид ба татбиқи нақша – чорабиниҳои амалӣ гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баромад карда, изҳор дошт, ки дар рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати кишвар ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар ин самт амалӣ намудани як қатор тадбирҳо, аз ҷумла такмили мазмуни таҳсилот, баргузор намудани конференсияҳои илмӣ — методӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар, пайвасти илм ба истеҳсолот (тадбири мазкур ҳамкории муҳаққиқонро бо корхонаҳои саноатӣ густариш дода, барои татбиқи механизмҳои ҳавасмандгардонии корхонаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ, конструкторию таҷрибавӣ шароити мусоид фароҳам меорад), таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои муҷаҳҳаз ва озмоишгоҳҳои фаннӣ, таҳияи луғатҳои тафсирӣ ва тарҷумаву шарҳи истилоҳоти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, ба роҳ мондани таълими фанҳо тавассути барномаҳои телевизионӣ, нашри маҷмӯаҳои методӣ, таҳия ва нашри асар, китобу дастур ва мақола оид ба осори ниёгон дар мавриди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таҳия ва нашри рисола ва дастурҳои илмӣ тавассути магистрон, докторантон ва унвонҷӯён, ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои таълимию таҳқиқотӣ миёни муҳаққиқону донишҷӯён ва гузаронидани олимпиадаҳо дар назар аст, ки ба рушди навоварию ихтироъкорӣ ва тафаккури техникии хонандагону донишҷӯён мусоидат менамояд.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф андеша баён карда, ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»