Зимни мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо вакилони Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки 28 апрели соли равон аз тариқи фосилавӣ доир гардид, мубодилаи қонунгузорӣ ҷузъи муҳими равобити Тоҷикистону Хитой арзёбӣ шуд.
Зикр гардид, ки тайи солҳои охир мақомоти қонунгузори Тоҷикистон ва Хитой равобити наздик ва ҳамкориро ҳифз карда, дар густариши муносибатҳои дуҷониба саҳми назаррас мегузоранд. Хусусан, аз фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни парлумонҳо дар пешбурди робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, бо боварӣ зикр карданд, ки бо талошҳои муштарак равобити Тоҷикистону Хитой дурнамои равшантар ва васеътар хоҳад дошт.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон