- Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ чист?
- Он бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2005 ҳар сол баргузор мегардад.
Мақсади асосӣ баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия ва бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда мебошад.
Инчунин, чорабинии мазкур сабаб барои қадрдонии қаҳрамонон — шахсони одие, ки бо воситаҳои гуногун дар муҳофизати ҳаёти инсонҳо бо ёрии ваксинаҳо саҳм мегузоранд, маҳсуб мешавад.
-Чорабинии имсола зери шиори «Умри дароз — барои ҳама» баргузор шуд…
- Ин шиор ба бештар саъю кӯшиш кардан дар самти мавриди назар таҳрик мебахшад. Зеро ҳар як шахс имкон дорад, ки ҳаёти пурсамар дошта бошад.
Аз соли 1978 ваксина ҳаёти одамонро эмин дошта истодааст. Аввалин ваксинае, ки бар зидди нағзаки табиӣ коркард шуд, то ваксинаҳои ҳозиразамоне, ки барои пешгирии COVID — 19 истифода мешаванд, баҳри ҳифзи саломатӣ нақши муҳим мебозанд.
Ваксинаҳо аз кашфиёти бузург ба ҳисоб рафта, барои эмин мондан аз бемориҳои сироятӣ кумак мерасонанд.
Бо шарофати онҳо қисми зиёди кӯдакон ва калонсолон бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазир мебошанд.
- Ҳанӯз ҳам нафароне пайдо мешаванд, ки ба иммунизатсия фаро гирифта нашудаанд? Сабаб чист?
- То ҳол дар ҷаҳон кӯдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.
Сабабҳои ба иммунизатсия фаро нагирифтани қисме аз кӯдакон гуногунанд. Масалан, агар қисме ба гурӯҳҳои минтақаҳои душворгузар дохил бошанд, боқимонда оид ба моҳият ва самаранокии ваксинаҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар ин баробар, «тавсия»-ҳои беасос ва муҳоҷират сабаби ба иммунизатсия фаро нагирифтани кӯдакон мешавад.
Фаромӯш набояд кард, ки эҳтимолияти хатари хурӯҷи бемориҳои сироятӣ доимо мавҷуд буда, онҳоро ба василаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, иммунизатсия аз ҷиҳати молиявӣ камхарҷ мебошад. Мутаассифона, на ҳама ин омилро дарк карданд.
- То ҳол соҳаи тандурустӣ ба воситаи иммунизатсия ба кадом дастовардҳо ноил гардидааст?
- Аввалин бемории сироятие, ки ба ёрии ваксина соли 1980 маҳв шуд, нағзаки тиббӣ мебошад. Бемории дигаре, ки қаблан инсонҳои ба он сироятшуда 100 дарсад мефавтиданд, ҳорӣ аст, ки акнун бо ёрии ваксина пешгирӣ мешавад. Дар бораи бемории вабо аксарият маълумот доранд. Алҳол ду намуди ваксинаи самаранок ва безарари даҳонӣ бар зидди ин беморӣ мавҷуд аст. Истифодаи ваксинаи зидди зуком низ сатҳи беморшавиро коҳиш дода, оризаҳои вазнинро пешгирӣ мекунад.
Бо шарофати ваксинаҳои зидди бемории фалаҷ, аз се навъи полиовирусҳо ду навъи он маҳв шуданд. Айни замон ҷаҳон дар марҳилаи ниҳоии маҳви бемории фалаҷ қарор дорад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар натиҷаи гузаронидани иммунизатсия шиддати гирифторӣ ба бемории гулӯзиндонак пурра паст гардидааст.
Ваксинаи зидди бемории гепатити В аз соли 1982 дастрас мебошад. Ин ваксина 95 дарсад самаранок буда, аввалин ваксинаи зидди саратони ҷигар ба ҳисоб меравад.
Бо ёрии ваксинаи зидди сурхча ва гулафшон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 ба элиминатсияи (қатъ гардидани гардиши маҳаллии вирусҳо) ин бемориҳо ноил гардид.
Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар давлатҳое, ки иммунизатсияи оммавӣ бар зидди баногӯшак гузаронида мешавад, сатҳи сирояти беморӣ бениҳоят паст гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2020 иммунизатсияро бар зидди ин беморӣ бо истифода аз ваксинаи севалентаи сурхча-баногӯшак-гулафшон оғоз намуд.
Мувофиқи маълумотҳои СУТ, соли 2021- ум 192 давлати ҷаҳон ваксинаи зидди сирояти гемофилиро истифода кардаанд. Баъд аз ин иқдом менингити бактериалӣ, ки барангезандаашон сирояти гемофилии шакли b мебошад, тамоюли коҳишёбиро касб намуд.
Бемории дигари сироятие, ки зиёда аз ду сол боз ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти зиёд дучор кард, COVID — 19 мебошад. Он низ тавассути ваксинаҳо идора мешавад. Барои мубориза бар зидди сирояти нави коронавирус, айни замон 341 ваксина дар марҳилаҳои гуногуни коркард карор дошта, аз 13-тои онҳо дар 223 давлати ҷаҳон мавриди истифода қарор доранд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»