Барои дарёфти ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳамоҳангии лаҳнҳои қадимӣ ва гармонияи зиндагӣ

№54 (4474) 04.05.2022

хамохангсози лахни кадимиМегӯянд, вақте ки Худованд қолаби бадани инсонро аз гил офарид, ба ҷон амр дод, ки ба он ворид шавад, аммо ҷон сарпечӣ кард ва нахост вориди ҷисми зулмонӣ гардад. Он гоҳ ба малоик амр шуд, ки мусиқӣ навозанду бо лаҳне хуш бисароянд.

 Он рӯз, ки ҷони поки одам ба бадан,

Гуфтанд даро, намешуд аз тарс ба тан.

Хонданд малоика ба лаҳни Довуд,

Дар тан, дар тан даро, даро дар тан-тан.

Бо шунидани мусиқӣ ва садои хуши малоик ҷон маст шуд ва рақсону бехабар аз хеш ба бадани инсон даромад. Яъне, неруи мусиқӣ аз ҳамон ибтидои офариниш ба рӯҳу равони одамизод таъсири амиқ дорад.

Бо гузашти замон инсони халлоқ ба мусиқӣ рушд бахшид ва намунаҳои гуногуни онро ба вуҷуд овард. Ҳаёти одамонро дигар бе савту наво тасаввур карда намешавад. Хунё­гарон эҷод мекунанду ба дунёи маънавии инсонҳо ранг ва ҳолу ҳавои тоза мебахшанд. Ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар мусиқӣ рушд меёбад ва оҳангсозон корҳои мондагореро бо забони адвор эҷод мекунанд.

Композитори машҳур, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода дар дуёни мусиқӣ борбадвор асарҳои тоза ба тоза меофараду барои равнақи мусиқии касбии тоҷик саҳми пурарзиш мегузорад. Кифоя аст, ки аз корҳои мондагори ӯ операи «Достони нур», балети «Куруши Кабир», сюитаи «Само», операи «Хусрав ва Ширин», операи бачагонаи «Афсонаи беша», опера барои наврасон «Ҳангома дар ҷангал» — ро ёдрас шавем, то ба умқи фаъолияти эҷодияш сарфаҳм равем.

Амирбек Мӯсозода аз шумули он оҳангсозонест, ки бо заҳмати пайваста қадам ба қадам пеш меравад ва дар ин ҷода пайроҳаи эҷодӣ дорад. Ин воқеиятро композитор Талаб Саттор пай бурдаву менависад: «Амирбеки Мӯсо бо пайраҳаи худ равон аст. Умед аст, ки ин роҳ ӯро ба манзили мақсуд мерасонад, зеро Амирбек набзи замонаро хеле хуб эҳсос мекунад. Дар ҳар як савту наво ва сурудҳои ӯ муҳаббату самимият эҳсос мешавад, аз ин рӯ, зуд ба қалбу зеҳнҳо роҳ меёбанд».

Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба ҳунару истеъдоди Амирбек Мӯсозода баҳо дода, аз ҷумла, қайд мекунад: «Суруду оҳангҳои зиёдаш дар озмуни машҳури «Садои Осиё», фестивалҳои мусиқии Самарқанд ва Бобулистон, саҳнаҳои ҳунари Россияву Олмон иҷро ва писанди хотирҳо гардидаанд». Ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки савту наво ва сурудҳои Амирбек Мӯсозода кайҳо марзҳои Тоҷикис­тонро убур кардаву ба мардуми кишварҳои дуру наздик лаззати маънавӣ бахшидаанд. Аслан, фазои мусиқӣ сарҳад надорад, забони мусиқӣ барои халқияту миллатҳои гуногуни ҷаҳон фаҳмост. Бо чунин забон ба хонаи дилҳои одамон ворид шудан нишони ба вуҷуд овардани фазои ягонагиву ваҳдат аст.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар олами мусиқии касбии тоҷик ба вуҷуд омадани операи «Хусрав ва Ширин» мебошад, ки дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш дода шуд. Он аз рӯи достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ таҳия шудааст. Муаллифи он Амирбек Мӯсозода буда, аз рӯи либреттои Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ба рӯи саҳна омадааст. Либретто аз се намоиш ва як парда иборат аст. «Хусрав ва Ширин» ягона операи тоҷикӣ дар бист соли охир мебошад ва ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар операи «Хусрав ва Ширин» Амирбек Мӯсозода кӯшидааст аз анъанаву суннатҳои миллии мусиқии тоҷикӣ истифода барад ва рӯҳи хунёгарии онро зинда нигаҳ дорад. Ин ҳол дар рукнҳои намоиш низ риоя шудааст. Ин нуктаро Вориси Сафар дар мақолаи «Қиссаи ширини муҳаббат» хеле хуб дарҷ мекунад: «Аз нигоҳи фардии муаллифи ин сутур бори аввал тамошобин ба дараҷаи дилхоҳ аз воқеоти муассири саҳна ва навои ҷаззоби миллии ин асари ҳирфаӣ ҳаловату кайфият бардошт. Зеро аз оғози намоиш ҳам композитор, ҳам таҳиягар – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов, ҳам суратнигор Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров ҷуръат карданд, ки асари соф миллӣ биофаранд».

Маҳз рӯҳи миллии асар онро барои тамошобин ҷаззоб мегардонад, ҳар навое ба дил менишинад, вуҷуди касро ба шӯр меорад, гоҳо риқатангез мегардад. Ғалаёни зиндагӣ мисли талотуми амвоҷи дарё ба воситаи мусиқӣ ифода мешавад. Дар ҳар зеру бами оҳанг ҳолу ҳавои зиндагии қаҳрамонони асар хеле барҷаста ба намоиш меояд.

Чунин ба назар мерасад, ки Амирбек Мӯсозода бо забони мусиқӣ аз рамзу розҳое парда мебардорад, ки ҳатто бинандаву шунавандаи одӣ онро дарк мекунад. Навоҳо гоҳе орому таскинбахш ва гоҳе шӯрангезу инқилобӣ мешаванд. Ин ҳолатҳоро қаҳрамонони асар ҳангоми намоиш хеле барҷаста нишон медиҳанд. Гӯё онҳо дар киштии пур аз танини зиндагӣ нишаста, дар баҳри пуртуғёни ҳаёт шино мекунанд ва барои он ки ғарқ нашаванд ва дарё онҳоро ба комаш фурӯ набарад, мубориза мебаранд.

Операи «Хусрав ва Ширин» достони шӯрангези ишқ аст, достоне, ки бо фоҷиа анҷом меёбад. Муҳаббату нафрат, шодиву ғам, умеду ноумедӣ, вафову бевафоӣ, садоқату хиёнат, зиндагиву марг… хати сужаи онро фаро мегирад. Ширӯя писари Хусравшоҳ на танҳо барои ба даст овардани тахту тоҷи падар мубориза мебарад, балки ба Ширин, ҳамсари падараш ошиқ мешавад ва барои расидан ба мақсади нопокаш ханҷарро бар ҷигари ӯ мезанад. Ана, ҳамин ҳолу ҳаворо Амирбек Мӯсозода тавонистааст тавассути эҷоди навоҳои муносиб, гардишҳои созӣ баён созад. Дар опера аз марги фоҷиавии Хусрав ва Ширин на танҳо навоҳо об мегарданд, балки дили тамошобин низ ба фарёд меояд.

Операи «Хусрав ва Ширин», воқеан ҳам, забони зиндагӣ аст, зиндагие, ки онро Амирбек Мӯсозода тавассути савту наво таҷриба кардаву бо он нафас кашидааст. Ҳамин ҷӯяндагиву дар олами мусиқӣ зистани ӯ моро ба ёди суханони оҳангсози машҳур Толибхон Шаҳидӣ мебарад, ки навиштааст: «Оҳангҳои эҷодкардаи Амирбеки Мӯсо ҳамоҳангии ҳақиқии лаҳнҳои қадимӣ, фолклор ва гармонияи имрӯзаро таҷассум мекунанд.

Амирбеки Мӯсо эҷодкори ҷӯяндаву дақиқкор аст».

Консерти симфонии «Хуршеди фараҳ», ки ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 40 — солагии фаъолияти эҷоди Амирбек Мӯсозода аз ҷониби Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолияти пурсамари бастакори маъруфро нишон медиҳад. Он аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифта, дар борааш тақризҳо ҳам навишта шуданд. Мухлисону дӯстдорони мусиқӣ дар консерт бо офаридаҳои Амирбек Мӯсозода — увертюра аз операи «Достони нур», сюитаи №1 аз балети «Куруши Кабир», «Маро дилхун макун», шеъри Маҳзун, «Тулӯи озарин», контата барои яккахон ва оркестри симфонӣ, «Шаҳди Пешво», шеъри Муҳаммад Ғоиб… ошно шуда, бо дилбастагиву фараҳ ба онҳо гӯш доданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Қудратулло Яҳёзода дар бораи ду асари бузурги маҳфили эҷодии Амирбек Мӯсозода «Кончерто – гроссо №1» барои фортепиано, флейта ва оркестр ва «Кончерто-гроссо №2» барои скрипка, фортепиано ва оркестр андешаронӣ намуда менависад: «Ин асар (Кончерто-гроссо№2) аз зумраи он офаридаҳои Амирбек Мӯсозода мебошад, ки сохт ва таркиби мураккаб дорад. Консерт аз ду қисм иборат аст. Қисми аввали консерт бо оҳанги хеле дилнишину форам, бо дигаргуниҳои зиёди маҳорати скрипканавозӣ, чун ифодагари образҳои бузург дарҷ мегардад. Бояд қайд кард, ки қисми дувуми консерт бо иҷрои элементҳои оркестровка, яъне танзим сар шуда, оҳанги хеле мутантани скрипка мавзӯи асосиро оғоз менамояд. Дар ин қисмат байни скрипка, роял ва оркестр мусобиқаи иҷрои баланди техникӣ ба дараҷаи олӣ дида ва ҳис карда мешавад».

Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Амирбек Мӯсозода дорои мактаб аст. Вай ба рушди мусиқии ҳирфаӣ дар кишвар саҳми бузург дорад. Ӯ аз зумраи он эҷодкоронест, ки пайваста заҳмат мекашад ва дунёи мусиқиро бойу рангин месозад.

Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин», ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соли 2019 ба намоиш гузоштааст ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ», ки Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 иҷро намудааст, барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика пешниҳод кардааст. Онҳо, воқеан ҳам, ба ҷоизаи зикршуда сазовор мебошанд. 

ВОРИС,

«Садои мардум»