Коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Он вабои мудҳишест, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад».
Коррупсия таърихи қадима дошта, ҳатто дар давраи аввали солшумории мелодӣ ва пеш аз он ҳам вуҷуд доштааст. Масъалаи манъ ва мазаммати ришвахорӣ дар китоби «Қуръон» ва дигар осори қадим дида мешавад. Гирифтани пора ва ё ришваро дар ҳамон замонҳо ҳаром шуморида, ҷиноят ва гуноҳи бузург донистаанд. Аз ҷумла, дар ояти 188 сураи «Бақара» омадааст: «Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред ва амволи худро ба ҳокимон марасонед (яъне ба ришва), то порае аз амволи мардумро ба ситам бихӯред». Дар сураи «Нисо» омадааст: «Ва ба ятимон амволашонро бидиҳед ва нопокизаро бо покиза бадал макунед ва амволашонро ба амволи худ ба ҳам оварда махӯред. Ҳамоно ин гуноҳи бузург аст».
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, коррупсия суиистифодаи ваколатҳои хизматӣ, додани пора, гирифтани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва ё аз ҷониби шахси воқеӣ истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои мансабӣ бар хилофи манфиатҳои ҷамъият ва давлат бо мақсади гирифтани фоида дар шакли пул, боигарӣ, дигар молу мулк ва ё дигар ҳуқуқҳои молу мулки барои худ ва ё шахси сеюм ва ё иҷрои ғайриқонунии ин амал аз ном ва ба манфиати шахси ҳуқуқӣ мебошад. Суиистифода яке аз шаклҳои коррупсия аст.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чун раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ буд, бо ташаббуси Сарвари давлат як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ба танзим даровардани сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт. Дар баробари ин, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, бо мақсади амалӣ сохтани асоси институтсионалии мубориза бо коррупсия соли 2004 дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори махсуси мубориза бо коррупсия ташкил шуд. Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилат бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №143 аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин, чораҳои пешгирӣ ва бартараф намудани коррупсия дар Кодекси ҷиноятӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати сари вақт ошкор ва бартараф кардани меъёрҳои бавуҷудоварандаи кирдорҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардид.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, алалхусус, мақомоти назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратура, омӯзиши афкори омма, назарсанҷиҳои дар ин мавзӯъ гузаронидаи ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, мақолаҳои дар воситаҳои ахбори омма интишоргардида нишон медиҳанд, ки дар баробари дигар давлатҳои дунё, ҳарчанд то ҳадде тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат пеши роҳи афзоиши ёфтани онро гирифта бошанд ҳам, мутаассифона, коррупсия дар кишвари мо низ ҷой дорад.
Зимнан, дар ҷумҳурӣ Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудааст. Он мақоме мебошад, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор, судӣ, яъне шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, яъне намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии кишварро дар бар мегирад. Вазифаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз инҳо иборат аст:
Ба миён овардани фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии шаҳрвандон, ба раванди мубориза ба коррупсия ҷалб кардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, пайдо кардани роҳҳои дар мубориза ба коррупсия ҳамкорӣ намудани мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо, тақвият ёфтани мубориза ба коррупсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурдани нуфузи Тоҷикистон ва аз ҷониби шаҳрвандон ва созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ба таври мусбат арзёбӣ шудани мавқеи кишвар дар мубориза ба коррупсия, ошкор намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва пешниҳод намудани роҳҳои бартараф намудани онҳо ба василаи ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории ҷории кишвар, таҳия намудани қонунҳои нав ва амалисозии дигар чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ ва маъмуридошта мебошад.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои бахши пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия маҳсуб мешавад, зеро ҷиноятҳои характери коррупсионидошта дар боби ҷиноятҳои ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ, ҷиноятҳо дар сохти фаъолияти иқтисодӣ, ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва қисми дигари бобҳо гирд оварда шуда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
То ба ҳол ягон давлати дунё натавонистааст, ки коррупсияро комилан аз байн барад. Вале давлатҳое, ба монанди Хитой, Сингапур, Гонконг, Индонезия, Малайзия, Шветсия, Олмон сатҳи онро то ҳадди имкон коҳиш додаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳалли ин масъала баромада наметавонанд ва ин зуҳуроти номатлубро фақат дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ коҳиш додан мумкин аст.
Диловар МУРОДОВ,
корманди масъули Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон