Тавре ки айён аст, филмҳои истеҳсоли киноширкатҳои Ҳиндустон аз солҳои панҷоҳум боз миёни мухлисони тоҷик маҳбубияти зиёде доранд. Агар аз сокинони кишварамон дар бораи ситораҳои кинои Ҳиндустон суол кунед, соатҳо дар бораи ҳунарпешаҳои дӯстдоштаашон Дилип Кумар, Раҷ Капур, Наргис, Дхармендра, Раҷендра Кумар, Виҷаянтимала, Раҷеш Кхан, Амитабх Баччан, Хема Малини, Шридеви, Риши Капур, Шоҳруххон, Амирхон, Салмонхон ва дигарон боҳарорат ҳарф мезананд.
Роҳбарият ва ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳанӯз аз солҳои ҳафтодум кӯшиш намуданд, ки бо киносозони Ҳиндустон ҳамкориро ба роҳ монанд. Соли 1976 таҳиягар Латиф Файзиев аз рӯи сенарияи Мирзо Турсунзода ва Д. Булгаков филми ҳунарии «Субҳи Ганг»-ро дар асоси достони «Аз Ганг то Кремл»-ро офарид. Дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳунарнамоӣ карданд. Нақши асосӣ – Бимоларо ҳунарпешаи маъруфи ҳиндӣ Кети Мирза иҷро карда буд.
Филми муштаракро дар ҳамкорӣ бо киноширкати «Фақир Чанд Меера Компани»-и Ҳиндустон дар манзараҳои зебои Ҳиндустон ва деҳаи Зиддеҳи ноҳияи Варзоб ба навор бардоштанд. То ҳанӯз филми бадеии «Субҳи Ганг» аҳамияташро гум накардааст.
Бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз 3 то 6 май Фестивали филмҳои ҳиндӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Маросими ифтитоҳи фестивал 3-майи соли равон дар кинотеатри Ватани шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён суханронӣ карданд.
Ба мухлисони кинои ҳиндӣ филмҳои бадеии «Ки ва Ка», «Гулобӣ», «Манҷӣ – одами кӯҳӣ» ва «Бадрина тки Дулҳания», ки Ҷамъияти кинои ба номи Сатяҷит Рай филмҳои номбурдаро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дубляж кардааст, пешниҳод шуд. Чорабинии мазкур бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Ҷамъияти кинои ба номи Сатяҷит Рай доир шуд.
Т. ФАРРУХПАЙ,
«Садои мардум»