Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бой ва гуногуни табиӣ буда, зиёда аз 600 кон ва 800 навъи маъданҳои фоиданок кашф шудаанд. Конҳои сурма, симоб, сурб, руҳ, нуқра ва намаксанги мамлакат калонтарин дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб мераванд. Истихроҷи маъдан дар 70 кон барои ба даст овардани тилло, нуқра, волфрам, ангишт, сурб, қалъагӣ ва дигар маъданҳо анҷом дода мешаванд. Бахши истихроҷи маъдан дар ҷумҳурӣ дорои иқтидорҳои азим мебошад. Бисёр намудҳои он аз давраи кӯҳан маълум буданд, аммо тадқиқот ва баҳодиҳӣ асосан дар солҳои шӯравӣ роҳандозӣ шуд. Муайян гардид, ки садҳо намуди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
Дар заминаи захираҳо, корхонаҳои саноати кӯҳӣ, аз ҷумла «Комбинати сурбу синки», «Адрасмон», Комбинати симобу сурмаи «Анзоб», Комбинати шпати «Такоб», Комбинати кӯҳӣ-кимиёвии «Суғд» (Ленинобод), Комбинати кӯҳии «Тарор» сохта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи давлатҳое, ки захираҳои зиёди тилло доранд, шомил мебошад. Аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи нуқра низ Тоҷикистон дар дунё яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.
Кони мансури Калон, ки яке аз объектҳои калони истеҳсоли нуқра дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҷо комбинати калони кӯҳӣ – металлургӣ бунёд намудан айни муддаост. Қисми зиёди захираи сурб ва синк низ дар ин мавзеи калон ҷойгир буда, захираи саноатии он аз 8 млн. тонна зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи захираҳои сурма Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои аввалро ишғол менамояд. Конҳои асосии ин маъдан дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор ҷойгир буда, дар пойгоҳи муайяншудаи кони симобу сурмаи «Джикрут» яке аз корхонаҳои калон- ҶДММ КМ ТА «Анзоб» амал мекунад.
Дар ҷумҳурӣ ҳарчанд истеҳсоли оҳан ба роҳ монда нашудааст, аммо захираи бойи ин маъдани гаронарзиш мавҷуд аст. Барои мисол, дар наздикии шаҳри Хуҷанд кони Шоҳқадамбулоқ ҷойгир буда, захираи оҳани он тақрибан ба 250 млн. тонна баробар аст.
Дар масофаи 80 километр аз шаҳри Душанбе, дар мавзеи Майхура, кони волфрам кашф шудааст ва барои истеҳсоли он сохтмони комбинати металлургӣ зарур аст. Чунин зарурат барои азхудкунии кони бор дар мавзеи Якархари ноҳияи Мурғоб низ ба миён омадааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сангҳои қиматбаҳо шуҳратманд буда, омӯзиш ва истеҳсоли онҳо аз соли 1937 оғоз ёфта, зиёда аз 600 кони сангҳои қиматбаҳо муайян шудаанд.
Захираҳои сӯзишворӣ — энергетикӣ, аз ҷумла ангиштсанг, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар конҳои «Шӯроб», «Фон-Яғноб», «Назарайлоқ», «Зиддӣ», ки захираи онҳо ба 3 млрд. тонна баробар мебошад, мавҷуд аст. Ҳарчанд фаъолияти онҳо қаноатбахш аст, вале барои омӯзиш ва корҳои иктишофу азхудкунии канданиҳои фоиданок дар мамлакат сармоягузории дохилию хориҷиро тавсеа бахшидан ба манфиати кор хоҳад буд.
Пӯшида нест, ки ҳадафи асосии ҳар як сармоягузор ҷуброни хароҷот, гирифтани фоида дар муҳлати пешбинигардида мебошад. Илова бар ин, дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ ба коркарди канданиҳои фоиданок эҳтиёткорона ва дурандешона мебояд амал намуд, зеро қабули қарори нодуруст метавонад ба пайомади манфии экологӣ боис гардад.
Дар асри XXI яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва ташвишовари дунё вазъи экологӣ мебошад. Ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ қарору барномаҳои беҳтар сохтани вазъи экологӣ, мубориза бо баланд шудани ҳарорати кураи замин ва дигар самтҳоро қабул намуда бошанд ҳам, вазъи экологӣ то ҳанӯз нигаронкунанда аст.
Аз ин лиҳоз, давлатҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Хитой барномаҳои бастан ё ба дигар давлатҳо кӯчонидани истеҳсолоти зарарнокро амалӣ намуда истодаанд. Зарари ин гуна истеҳсолот дар як ва ё ду соли фаъолият маълум намегардад. Мувофиқи тадқиқоти олимон, зарари он дар тӯли даҳсолаҳо ошкор мешавад. Ба ин зиёд шудани касалиҳои саратон, роҳи нафас, пӯст, чашм ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.
Коркарди оқилонаи захираҳои табиӣ кафолати пурраи истихроҷи маъдан, новобаста аз ҳосилнокии он мебошад. Набояд гузошт, ки сармоягузорони хориҷӣ ба вайрон намудани технологияи коркард, яъне коркарди қабатҳои маъдани аз нуқтаи назари геологӣ бойи кон, даст зананд. Дар ин ҳолат қабатҳои ҳосилнокии нисбатан пастдошта аз истеҳсолот берун мемонад.
Ташкили ташхисгоҳҳои бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонидашуда, омода намудани мутахассисони соҳаҳои номбаршуда, ташкили сохторҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва пурзӯр намудани назорат ва талабот аз тарафи мақомоти давлатии дахлдор метавонад барои пешгирии омилҳои зикршуда ҳиссагузор бошанд.
Айни ҳол амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръати кишвар бомаром идома дошта, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.
Ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар бо дигар ҳадафҳои миллӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Агар мо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасем, ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ мерасад. Набудани роҳи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй метавонад барои содироти маҳсулоти дар дохили мамлакат истеҳсолшуда халал ворид созад.
Саноатикунонии босуръати кишвар, пеш аз ҳама, ба мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникӣ вобаста аст. Барои ин лозим аст заминаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ мустаҳкам карда шаванд. Бо ин мақсад бояд кадрҳои илмӣ-педагогии техникӣ дар хориҷи кишвар низ тайёр карда шаванд.
Ҷалби бештари сармоягузории ватанию хориҷӣ барои омодакунии кадрҳои илмию педагогии техникӣ, таъсиси корхонаҳои хурд ва миёнаи саноатӣ низ барои расидан ба ин ҳадаф таъсири мусбат мерасонад.
Тоҳирҷон ХОЛОВ,
сармутахассиси шуъбаи молияи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Толибҷон ҚОБИЛОВ,
муҳандиси ҶДММ КМ ТА «Анзоб»