Бохабар шудан аз аҳволи собиқадорони ҷангу меҳнат ва аз лиҳози моддиву маънавӣ дастгирӣ намудани онҳо амали хайру савобест, ки дар кишвар ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Ҳар сол бо дастури Роҳбари давлат шахсони масъул дар арафаи иду ҷашнҳо ба аёдати собиқадорон, хусусан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ адои хизмат кардаанд, рафта, аз аҳволашон пурсон мешаванд. Имсол низ, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 аз вилояти Хатлон аз ҷониби масъулини Ҳукумати мамлакат ва вилоят кумаки молиявӣ расонида шуд. Онҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадом 15000 сомонӣ, раиси вилояти Хатлон — 2500 ва раисони ноҳияҳо 1500 сомониро ташкил доданд.
Онҳоро муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ ва сардори Раёсати агентии зикршуда дар вилояти Хатлон Сайидмуъмин Мусозода ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Вахш — Мирзо Ғафуров, Давлатхуҷа Саидхоҷаев, Гулмурод Тағоев, Мамат Тошматов ва Розиқ Қосимов расониданд. Ветеранҳо барои кумаки ҷудошуда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз Тоҷикистон, ки он замон каме зиёдтар аз 1 миллион нафар аҳолӣ дошт, беш аз 260 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазор нафарашон дар роҳи дифои Ватан ва шарафу номус ҷон бохтанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон 54 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд.
«Садои мардум»