Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Пойкӯбӣ дар як ҷой»

№57 (4477) 12.05.2022

Ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад?

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи номзади илмҳои кишоварзӣ Зикирёхон Ҳайдаров ва хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Абдухолиқ Мирзозода — «Пойкӯбӣ дар як ҷой» (Ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад?) — ро, ки дар шумораи рақами 13 (4433) аз 26 январи соли 2022 ба табъ расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Пешниҳоди олими шинохта Зикирёхон Ҳайдаров оид ба соҳаи пахтапарварӣ саривақтӣ буда, он мушкилоте, ки дар мақола дарҷ гардидаанд, воқеан вуҷуд доранд.

Муаллиф,  пеш аз ҳама, ҳолати пахтапарварии  даврони шӯравиро ёдовар шуда, истеҳсоли пахта, иқтидори хоҷагиҳои пахтапарвар, доштани бошишгоҳҳои саҳроӣ, ҷойҳои хушконидан – пахтахирманҳо, паркҳои техникии мошинҳои кишоварзӣ, махсусан, мошинҳои пахтачинӣ, иштироки хурду калон дар мавсими ҳосилғундорӣ ва паҳн намудани иттилоот вобаста ба мавсими ҳосилғундории пахта, пешниҳоди маълумоти ҳаррӯза ба воситаи телевизион ва зиёд намудани майдонҳои пахтаи минтақаҳои Вахш, Ёвон, Дилварзин ва дигар минтақаҳои пахтапарвариро пешниҳоди хонанда гардонидааст. Ба ғайр аз омилҳои объективии дар мақола дарҷшуда, боз омилҳои субъективие ҷой доранд, ки иҷрои онҳо вақт ва масрафи молиявӣ  мехоҳад.

Муаллифони мақола  дар бобати хушконидани пахта ва доштани хирманҳо дар наз­ди хоҷагӣ ва пункти пахтақабулкунӣ фикри худро матраҳ сохтаанд. Якум, ҳар хоҷагидор барои ташкили он имконият дорад. Дуюм, навъҳои пешинае, ки дар ҷумҳурӣ парвариш карда мешуд, нисбатан навъҳои  дерпаз буданд ва як қисми шукуфтани ҳосили пахта ба охири моҳи август ва даҳаи дуюми сентябр рост меомад. Ҷамъоварии пахтаи хоҷагиҳо то охири тирамоҳ давом мекард, ки маҷбур буданд онро дар ҷойҳои пахтахушккунӣ хушк намуда, баъдан ба нуқтаҳои пахтасупорӣ супоранд. Аммо қисмати зиёди пахтаи алҳол парваришшаванда навъҳои миёнапаз буда, ташкили саривақтии ғунучини ҳосил имкон медиҳад, ки пурра ҷамъоварӣ  шуда, то боронгариҳои моҳҳои ноябр – декабр ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супорида шавад.

2 июли соли 2009 таҳти рақами 406 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2009 таҳти рақами 663 «Оид ба чораҳои иловагии дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он 548 млн. доллари ИМА қарзи кишоварзонро дар назди сармоягузорон тамдид намуд. Ин фармон бори дигар имкон фароҳам овард, ки хоҷагиҳои пахтапарварии ҷумҳурӣ истеҳсолотро мустақилона ба роҳ монда, сатҳи хоҷагидории хешро беҳтар намоянд.

Дар доираи барномаи дахлдор як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ муайян шуд. Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими фаъолияти тухмипарварӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 2020 «Қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ» қабул гардид.

Айни замон 90 хоҷагии махсуси тухмипарварӣ фаъолият доранд, ки аз ин 46 хоҷагӣ ба парвариши пахтаи тухмӣ, 13 хоҷагӣ ба парвариши тухми пахта ва тухмии ғалладона машғуланд.

Мониторинги хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ нишон дод, ки дар солҳои охир дар натиҷаи ҷоннок кардани фаъолияти тухмипарварӣ ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ нисбатан беҳтар гардидааст. Ҳамчунин, то ҳол хоҷагиҳои тухмипарварӣ талаботи хоҷагиҳои истеҳсолиро бо тухмии хушсифат пурра таъмин карда наметавонанд ва қисми хоҷагиҳо аз тухмиҳои шартӣ истифода мебаранд, ки ин боиси паст гардидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.

Дар чор соли охир дар натиҷаи санҷиши расмии давлатӣ 19 навъи пахтаи ватанӣ ва хориҷӣ минтақабоб гардонида  шуд, аз ҷумла навъҳои «Фаровон – 20», «Тезпур», «Зуҳал», «Флеш», «Меҳнат», «Дӯстӣ -1», «Инхай-6», «Сзинян – 801», «Нодир», «Инхай – WI», «Фанмян – 3», «Фанмян – 8», «Синлуджун – 66», «Карисма», «Яҳё – 110», «Зебо», «2918 – В», «ВД – 75», «ВА – 440», ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокии онҳо 35-44 сентнерӣ буда, дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ шуда, дар хоҷагиҳо ҳосили дилхоҳ дода истодаанд.

Бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ дар доираи кумакҳои техникӣ 93,3 тонна тухмӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас шуд. Ҳар сол аз ҷониби олимони соҳа чорабинии зиёд оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши кишоварзон гузаронида мешавад.

Дар масъалаи харид ва фурӯши пахта ва бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 таҳти рақами 522 «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо  ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.

Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоби истеҳсол ва фурӯши  зироатҳои кишоварзиро дод, ки ҳоло шумораи онҳо зиёда аз 187 ҳазорро ташкил медиҳад. Он ба рушди соҳа мусоидат намуда, соҳибихтиёрии фурӯши маҳсулотро дорад. Ин ба малакаю кордонии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар вобастагӣ дорад. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорат нисбат ба нархгузорӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда ва фаъолияти деҳқонон ягон монеа вуҷуд надорад.

Роҳандозии ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ дар арсаҳои мазкур ва бунёди корхонаҳои  пахтатозакунӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти хоми пахта ва азхудкунии заминҳои нав ниёз ба ҷалби технологияи инноватсионӣ ва сармоя доранд. Аз ин лиҳоз, соҳаи мазкур бунёди корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, чӣ хеле ки дар Паёмашон Пешвои миллат соли 2022-2026-ро «Солҳои рушди соҳаи саноат» эълон намуданд, дар ояндаи наздик аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо хоҳад гашт.

Масъалаҳои дар мақола овардашуда як бори дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки олимону мутахассисони соҳа ва рӯзноманигорон нисбат ба ин масъала бетараф нестанд ва мо онҳоро дастур қарор дода, чорабиниҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем.

Алҳол вобаста ба иқтидори молиявии вазорат вазъи соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар ба талаботи торафт афзояндаи истеҳсолот ҷавобгӯ набуда, таъминоти кишоварзон бо тухмии аълосифат  ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Дигар, истифодаи техника  ва мошинолоти фарсуда дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба харобшавии  киштзор ва баландшавии арзиши аслии маҳсулот оварда мерасонад. Дар ин замина, роҳбарияти вазорат дарёфти маблағро ҷиҳати воридоти техникаи хурди каммасрафи кишт барои хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва дигар масъалаҳо корбарӣ намуда истодаанд.

Хуб мешуд, ки муаллифони мақола, олими шинохтаи пахтапарвар Зикирёхон Ҳайдаров ва хабарнигори рӯзнома Абдухолиқ Мирзозода ба ғайр аз ифшои камбудиҳои соҳа, дастуру тавсия пешниҳод менамуданд, то мутахассисон онро ҳангоми амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ мавриди истифода қарор диҳанд.

Вазорати кишоварзӣ низ дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Садои мардум» барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҷаҳду талош менамояд.

М. МИРЗОЗОДА,

муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон