Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Кумаки Россия ба Тоҷикистон барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ

№57 (4477) 12.05.2022

DSC_4138Ёздаҳуми майи соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 50 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа чор ­масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар  доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои мақсадҳои сохт­мони дидбонгоҳи сарҳадӣ» 30 ноябри соли 2021 ба имзо расонида шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2022 таҳти №176 барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардидааст.

Маблағи кумаки бебозгашти молиявӣ 1,1 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ гардидааст.

Мутобиқи моддаи 1 созишномаи мазкур муҳлати интиқоли маблағ то 31 декабри соли 2021 муқаррар шудааст. Ин талаботи созишнома аз ҷониби Федератсияи Россия дар санаи зикршуда пурра таъмин карда шуд.

Бо мақсади таъмини расмиёти дохилидавлатӣ аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи зикршударо, ки барои мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ба имзо расонида шудааст, ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Воқеан ҳам, Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷӣ тавонист, ки дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ саҳми назаррас гузорад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амнияти минтақа ва ҷаҳон, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, «Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад».

Вазъи ҷаҳон ва минтақа водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии сохторҳои қуд­ратии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар дода шавад.

Мутобиқи созишномаи мазкур, ки аз ҷониби Федератсияи Россия кумаки бебозгашти молиявӣ дар ҳаҷми то 1,1 млн. доллари ИМА барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар қисмати сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон пешниҳод карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ»  ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШУРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», инчунин, бартараф кардани меъёрҳои мухолифаткунандаи дохилӣ ва нуқсонҳо (аз ҷиҳати имло, моҳият ва мазмун), мутобиқсозии қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро ­эътироф намудааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» таҳия гардид.

Тибқи он, ба қонуни амалкунанда илова намудани боби нав вобаста ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ пешбинӣ карда шуда, ба низоми ягонаи иттилооти нотариалӣ маълумот дар бораи амалиёти баҷоовардашуда ва маълумоти дигареро, ки қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, ворид карда мешаванд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба низоми ягонаи иттилоотии нотариалӣ, ба ғайр аз нотариусони давлатӣ, ба шахсони ваколатдори пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, ҳифзи маълумоти дар он мавҷудбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои дигари пешниҳодгардида баҳри бартараф намудани такроршавӣ, зиддият ва гуногунфаҳмии меъёрҳо, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ ва таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ, мазмунан ба якдигар мутобиқсозии фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбии тахассусии нотариусони давлатӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, ки бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», кодексҳои гражданӣ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кам кардани монеаҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шудааст.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмил додан, бартараф намудани такроршавӣ, зиддият ва гуногунфаҳмии меъёрҳо, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ ва таъмини мутобиқсозии фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбии тахассусии нотариусони давлатӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, ба лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида 37 қисм ба 39 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамчунин, боби нав – боби 11 иборат аз 3 модда илова ва боби 11 хориҷ мешавад.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2022 барои баррасӣ пешниҳод шуда, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 45 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки баҳри такмили лоиҳа истифода карда шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 26 апрели соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, сохторҳои марбутаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, он пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем.Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷид­зода дода мешавад. Марҳамат.

Сарвиноз МАҶИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Ҷумъазода ва Р. Муқимӣ пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади татбиқи амалии тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ аз 28 майи соли 2021 «Оид ба асос­ҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», бо дарназардошти нақш ва аҳамияти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷойдошта, пешбинӣ гардидани 15 март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инчунин, саҳми беандозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф шудани он пешниҳод шудааст, ки 1 июн ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовар низ таҷлил карда шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021 таҳти № 814 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гузаш­та, ба моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло ҚОСИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, А. Умарзода, М. Шамсиддинзода, Ф. Икромӣ ва Ф. Қосимӣ пешниҳод гардидааст.

 Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои ҳуқуқӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар матни моддаи 2 лоиҳаи қонуни мазкур калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ, номи боби 2 ва калимаҳои «Салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти» ба калимаи «танзими» иваз, сархати дуюми моддаи 3 дар таҳрири нав ва сархатҳои нав ба моддаҳои 4, 5, 6, 7 ва 10 илова карда шудаанд.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021 таҳти №956 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Он расмиёти дохилиро тибқи дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст.

Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 22 таклифи пешниҳодшуда, 18 таклиф қабул, 1 — қисман ва 3 таклиф қабул карда нашуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардидаро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 13 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб наменамояд.

 Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо дода мешавад. Марҳамат.

Зеваршои ЗЕВАРШО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бо мақсади мукаммалгардонӣ ва мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои қонун таҳия карда шудааст.

Таҳлил нишон медиҳад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», ки айни замон амал намуда истодааст, соли 2004 қабул гардида, ба такмилдиҳӣ ниёз дорад. ­Тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои ­таъиноти кишоварзӣ» пешниҳодгардида иқдоми саривақтӣ буда, ба танзими муносибатҳо дар ин самт имконият медиҳад.

Тағйироти дар қисми 1-уми лоиҳаи қонун пешниҳодгардида ҷиҳати аз лиҳози имлои забони давлатӣ дуруст ифода намудани меъёри қонун пешниҳод гардида, тағйироти қисми 2-юми он ­меъёрҳои қонунро ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ менамояд.

Дар қисмҳои сеюм, чорум то нуҳуми лоиҳаи қонун сархатҳои моддаҳои он дар таҳрири нав ва сархатҳои нав пешбинӣ гардида, меъёрҳои мазкур минбаъд ҳамчун асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ муқаррароти қонунро мукаммал менамоянд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки бе мавҷудияти сохтори алоҳида оид ба фаъолият дар самти ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ амалисозии меъёрҳои қонуни зикршуда мушкил гардида истодааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида баҳри мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда имконият медиҳанд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ