Бахшида ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли равон дар Душанбе доир мегардад, 13 майи соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия брифинг ороста шуд. Дар он, ки дар намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Туркия баргузор шуд, 160 намояндагии дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Туркия ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия иттилоъ доданд.
Брифингро Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Туркия Алваро Родригес, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ва сардори Раёсати муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва обҳои фаромарзии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия доктор Аднан Алтай Алтинорс ифтитоҳ намуданд.
Сафир доир ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла зикр кард, ки ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида, аз ҷониби СММ дар ҳамовозии беш аз 190 давлати ҷаҳон бо Қатъномаи махсус қабул шудааст. Тибқи Қатъномаи мазкур, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Рӯзи байналмилалии захираҳои обӣ- 22 марти соли 2018 оғоз гардида, то 22 марти соли 2028 давом хоҳад ёфт.
Дар брифинг намояндаи сафорат ба ҳозирин муҳтавои баргузории конфронсро шарҳ дода, раванди омодагӣ ба он, барнома, консепсия ва дигар маълумоти дахлдори чорабиниро муаррифӣ намуд. Инчунин, иштирокчиён ҷанбаҳои гуногуни масоили обу иқлимро баррасӣ карда, саҳми конфронси мавриди назарро дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи дуюми обёдовар шуданд.