Мавзӯъ барои андеша

Ба корнамоии родмардони ватан арҷ гузорем

№58 (4478) 14.05.2022

h-155Аз зодгоҳи камина-маҳаллаи «Майдонча»-и деҳаи Рӯмони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров 17 нафар дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳифзи Ватан рафта, 12 каси онҳо шаҳид шуданд. Баъд аз оғози бозсозии горбачёвӣ ва озодандешӣ соли 1989 як гурӯҳ ҷавонмардони соҳибмаърифат аҳд карданд, ки дар саҳни масҷиди маҳалла ба хотири шаҳидон марқади ёдгорӣ мегузоранд. Бо ҳамин масҷиде, ки беш аз 20 сол дараш баста буд, обод мешавад. Бо тақозои сиёсати замони шӯравӣ масҷид­ро «Клуби маҳалла» номгузорӣ карданд. Он 8 майи соли 1989 бо иштироки роҳбарияти ноҳия (райком) ва ҷамоати деҳаву фаъолон ва як гурӯҳ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз маҳаллаҳои атроф ботантана кушода шуд. Гулхани абадии марқади ёдгориро котиби дуюми ҳизби ноҳия П. Н. Канишев ва иштирокчии ҷанг Абдуқодир Қозиев афрӯхтанд.

Ҳоло ҳам он макон чун маркази фароғату истироҳат амал мекунад ва чанд сол муқаддам навсозӣ шуд.

Чанд рӯз пеш гузорам ба он макон афтод. Ду мактаббачаи деҳа тахтасанги марқадро мехонданд. Пурсидам:

-Чиро мехонед?

-Ному насаби одамонро.

-Инҳо киҳоанд?

-Намедонем.

-Магар намедонед, ки инҳо шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз маҳалла ҳастанд. Муаллими фанни таърихатон ба шумо дар ин бора нагуфт?

- Не, — нагуфтаанд, мо аз куҷо медонем…

Ба андеша рафтам, ки бехабарии насли наврас аз корнамоиҳои падарону бобоёни қаҳрамони моро чӣ сабаб шудааст?! Ва ба саволам зуд посух ҳам ёфтам: суст будани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар сатҳи ҳукуматҳои маҳалливу муассисаҳои маориф. Дар акси ҳол он ду мактаббача шояд медонистанд, ки он марқади ёдгорӣ барои чӣ ва ба хотири кӣ гузошта шудааст.

Иқрор бояд шуд, ки ҳоло мардум назар ба рӯзномаву маҷалла бештар телевизион тамошо мекунанд. Месазад гуфт, ки шабакаҳои телевизионӣ дар ин мавзӯъ басо кам барнома таҳия мекунанду кинофилмҳоро аз корнамоиҳо дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ анқариб намоиш намедиҳанд. Солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, ки як рӯз пеш аз фарорасии Иди Ғалаба ягон барномаи кӯтоҳ таҳия мегардад ё ягон кинофилмро бо гузориш аз ҷараёни таҷлили Рӯзи Ғалаба намоиш медиҳанду бо ҳамин санаи тақдирсози халқҳои олам боз ба ҳукми фаромӯшӣ меравад.

Ҳол он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ин масъала фармудаанд: «Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдоди фаромӯшнопазир аст. Вазифаи муқаддаси мо ин аст, ки ба корнамоиҳои падарону бобоёни қаҳрамони худ арҷ гузорем».

Воқеан ҳам, дар заиф будани ҷаҳонбинии насли наврас аз санаҳои таърихиву тақдирсоз на танҳо мактабу маориф ва масъулони тарғиботу ташвиқот, балки амалҳое сабабгор мешаванд, ки онҳоро беэҳ­тиромӣ, носипосӣ дар назди ҷоннисории онҳо номидан мумкин аст. Барои исботи ин гуфтаҳо мисол меорам: Соли 2005-ум ба муносибати 60-солагии Ғалабаи халқи советӣ бар фашизм бо маслиҳати ҷангноманавис Ҳасанбой Шарифови зиндаёд раиси вақти вилояти Суғд Қосим Қосимов дар бобати бунёди «Гулгашти қаҳрамонон» дар шоҳроҳи маҳаллаи 20-уми шаҳр, рӯ ба рӯи ДДҲБСТ қарор ба имзо расонд. Он дар муддати кӯтоҳ сохта шуд. Дар он портрети 18 Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, ки зодагони Тоҷикистонанд, насб гардид. Дар маросими кушодашавӣ духтари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домулло Азизови хистеварзӣ — омӯзгор Ҳафиза Домуллоева суханронӣ карда, ба роҳбарияти вилоят арзи сипос намуд.

Мутаассифона, соли 2015 ба ҷойи таҷлили мутантан бо дастури роҳбарияти вақти вилоят гулгашти қаҳрамонон ба Боғи фарҳангӣ — фароғатии соҳили рости дарёи шаҳр, ҷойе, ки ба ҷуз рӯзҳои ид дигар касе ба он ҷо намеояд, кӯчонида шуд.

Осорхонаҳо бозгӯи дирӯзи рӯзгори моанд. Боиси хушнудист, ки дар вилояти Суғд ҳанӯз якчанд осорхонаи ҷангӣ барҷоанду корнамоиву ҷоннисории номбардорони Ватанро бо экспонатҳои ҷолиб бозгӯйӣ мекунанд. Яке аз онҳоро, ки аз роҳи ҷангии бригадаи 99-уми алоҳидаи тирандозии тоҷик нақл мекунад, ҳоло дар МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд, омӯзгори собиқадори фанни таърих Муҳаммадназир Аҳмадови 80-сола нигаҳбон аст. Ӯ, бо вуҷуди солхӯрдагӣ, ҳар як экспонати осорхонаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад. Медонам, ки устод таи чанд соли охир дар талоши ҷудо кардани як воҳиди корӣ барои осорхона аст. Ҳарчанд дари шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанду вилоятро «охурча» карда бошад ҳам, касе ба доди ӯ намерасад.

Дуруст аст, ки касе ройгон кори ӯро идома нахоҳад дод. Шояд «аз боло» касеро дастур диҳанд. Лекин бовар нест, ки ӯ чун муаллим Аҳмадов осорхонаро эҳтиёт кунад. Охир, таҷрибаи зиндагӣ борҳо ин гуна ҳодисаҳоро исбот кардааст.

Корнамоии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмоил Ҳамзаалиеви тӯпчиро насли калонсол хуб медонад. Ба хотири ин родмарди Ватан дар маркази деҳаи Сомғори ноҳияи ба номи Б. Ғафуров нимпайкараашро гузоштаанд. Осорхонааш дар як утоқи бинои маъмурияти совхози «Сомғор» ҷойгир буд. Баъд аз барҳам хӯрдани хоҷагии азим осорхонаро ҳам ба дигар ҷой кӯчониданд.

Корнамоии фарзанди диловари ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрйигитов, ки қаҳрамонии Александр Матросовро такрор кардаасту баъд аз маргаш бо унвони олӣ — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз шудааст, дар саҳифаҳои таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Чанд сол муқаддам чун гузорам ба зодгоҳи ӯ деҳаи Булоқ (ҳоло Қаҳрамон) афтод, аз осорхонааш дидан кардам. Он басо ҳолати ҳузнангез дошт. Хабар ёфтем, ки соли гузашта бинои осорхонаро ба муносибати 100 — солагии Тӯйчӣ Эрйигитов таъмири сатҳӣ карда, ҷашни қаҳрамонро таҷлил кардаанд.

Табиист, ки дар шароити ҳозира ҳар хонанда бо ташаббус ба осорхона намеравад. Омӯзгорони фанни таърихи мактабҳоро зарур аст, ки чун замони шӯравӣ ба осорхонаҳо экскурсия ташкил кунанд. Масалан, осорхонаи ҷангии иштирокчии ҳаракати партизании Фаронса Абдуқодир Раҳимовро, ки соли 1942 аз асорати фашист гурехта, ба партизанҳои Фаронса пайваста, то Рӯзи Ғалаба ҷангидааст, фарзандонаш таъсис додаанд. Писари калониаш Абдуқаҳҳор Раҳимов зимни суҳбат гуфт:

- Мо осорхонаи падарамонро на танҳо барои худ, балки барои дигарон, хоса мактаббачагон, таъсис додаем. Аммо охирон маротиба кай хонандагони мактаб ба осорхона омаданд, дар хотирам нест.

ҳол он ки дар атрофи ҳавлии Абдуқодир Раҳимови партизан се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ — №26 ва 15-и шаҳри Хуҷанд ва 24-и ноҳияи Б. Ғафуров дар масофаи 500-1000 метр дурӣ ҷойгир шудаанд. Шояд маъмурияти мактабҳои зикршуда аз мавҷудияти осорхона хабар надоранд?!

Пас аз куҷо дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандӯстиву садоқат ба Ватани маҳбуб, ҳифзи Ватан аз душманони берунаву дохилӣ ҷӯш занад?! Ба андешаи мо, ҷавобгӯи талабот набудани сафарбаркунии ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ ба ин омил низ рабт дорад. Пас, зарур аст, дар ин бобат ҷиддӣ андеша кунем.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»