10 майи соли 2022 вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Толибхон Азимзода бо аъзои комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо Владимир Варданян, собиқ раиси Суди конститутсионӣ ва вазири адлияи Гурҷистон Гиоргий Папуашвили, коршиноси Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо дурнамои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вакилон иброз намуданд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, халқ ифодагари соҳибихтиёрӣ ва ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эълон шудааст.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи ислоҳот ба Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар Тоҷикистон марҳилаи дигари ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ сурат гирифта, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун унсури системаи сиёсӣ эътироф шуданд. Инчунин, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҳуқуқи ҳар як шахс ба муҳокимаи судӣ дар мақомоти салоҳиятдор эътироф гардид.
Ёдовар мешавем, ки комиссияи Венетсия, ки соли 1990 аз ҷониби 18 кишвари аъзои Шӯрои Аврупо таъсис ёфтааст, дар қабули конститутсияҳои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки ба меъёрҳои қонуни конститутсионии Аврупо мувофиқанд, саҳми муҳим бозидааст.
Он аз рӯзи таъсисёбӣ дар соҳаи ҳуқуқи интихобот фаъолона кор мекунад. Дар давоми ду даҳсола комиссия оид ба масъалаҳои интихобот, раъйпурсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ хулоса бароварда, ҳуҷҷатҳои умумиро қабул кардааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон