Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба молия ва иқтисод Гулбаҳор Назирӣ дар кори ҳамоиши омӯзиши парлумонии серӯза, ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии савдо, Маркази тадқиқоти муносибатҳои бисёртарафа ва Мактаби тадқиқоти байналмилалии «Раҷаратнам» ба таври фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар он масъалаҳо, аз қабили «Вазъи иқтисодиёти глобалӣ баъд аз COVID -19, тағйирёбии иқлим», «Назари кишварҳои минтақаи уқёнуси Ором оид ба иқтисодиёти ҷаҳон дар давраи баъд аз COVID — 19 ва нақши тарафҳои манфиатдор дар он», «Ояндаи Созмони умумиҷаҳонии савдо дар тӯли дувоздаҳ моҳи наздик ва баъд аз он» баррасӣ гардид.
Мақсади чорабинӣ баланд бардоштани имконият ва қобилияти қонунгузорони минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба савдои байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт. Он масъалаҳоро вобаста ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва бобати савдои беруна дар бар гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дувоздаҳ сол мешавад, ки чунин ҳамоиш барои вакилони парламентҳои Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором баргузор мегардад. Он бори аввал моҳи июни соли 2009 баргузор шуд.