Мусоҳиба бо директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика Фарҳод Шокир
- Дар оғоз мехостам роҷеъ ба зарурати омӯзиши илмҳои дақиқ андеша баён кунед.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) таъкид карданд, ки «мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне, дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад…» .
Таъкиди Сарвари давлат амри воқеӣ ва зарурист. Омӯзиши илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дар ин замина, аз бар кардани техника ва технология бисёр муҳим ва масъалаи мубрам аст. Агар ба таърихи рушди кишварҳо ва умуман рушди саноат дар ҷомеаи инсонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дидан мумкин аст, ки то асри ХХ нуфузи кишварҳо ба қувваи бевоситаи инсон вобаста буданд. Дар асри ХХ, вобаста ба таҳаввулоти саноатӣ, ихтироъ шудани барқ ва автоматикунонии равандҳои корӣ, ба кор даромадани заводу фабрикаҳо, ҳамчунин, рушди илмҳои бунёдӣ, аз ҷумла физика ва физикаи ядроӣ, инсоният ба неруи ядроӣ дастрасӣ пайдо намуд. Ин аз як ҷониб барои рушди энергетика ва саноат мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар боиси кашфу истеҳсоли силоҳи қатли омма мегардид. Бо чунин яроқҳои тавоно кишварҳо неруро тақвият дода, мехостанд аз якдигар бартарӣ пайдо намоянд. Аслиҳаи ядроӣ то ҳадде рушд намуд, ки ҳанӯз солҳои 50 — 60-уми асри гузашта инсоният хатари оммавии онро дарк намуд ва аз он вақт сиёсатмадорону роҳбарони давлатҳои ҷаҳон кӯшиш намуда истодаанд, ки неруи мазкур барои мақсадҳои сулҳҷӯёна равона гардад. Дар назар дорам истифодаи технологияи ядроиро дар истеҳсоли неруи барқ, коркарди маводи фарматсевтии ташхис ва табобати бемории саратон, баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, ташхиси ифлосшавии обҳои баҳру уқёнусҳо ва ғайра.
Чун дар ҷаҳони серрақобат умр ба сар мебарем ва барои кам кардани таъсири ҳар гуна ҳаводис бояд бештар омӯзем, техникаю технологияи ҳозиразамонро идора карда тавонем. Дар робита ба ин, аҳамият ба соҳаи гуногуни илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд шудааст. Ҳоло кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон дар самти нанотехнология, фотоника, коркарди маводи инноватсионӣ, татбиқи ҳисобкунии квантӣ, физикаи математикӣ, биофизика, биотехнологияи тиббӣ, биологияи синтетикӣ, бионика, нутригенетика, нутригеномика, геофизика, микробиология ва нейроиқтисод муваффақ шудаанд.
Ҳар сол дар маҷаллаи «Форбс» 100 бренди пурарзиштарини олам муайян мешавад. Панҷ ҷои аввалро якчанд сол аст ширкатҳое ишғол менамоянд, ки фаъолияти онҳо маҳз бо меҳнати зеҳнӣ ва коркарди донишу иттилоот вобаста аст. Инҳо «Google», «Microsoft», «Facebook», «Apple» ва «Amazon» мебошанд. Яке аз ширкатҳое, ки сармояи он аз триллион доллар гузаштааст, ширкати «Apple» мебошад. Он ба истеҳсоли айфонҳо машғул буда, маҳсулоти он бозорҳои ҷаҳониро ишғол кардааст. Арзиши як телефони намунаи навини ин ширкат баъзан ҳазор доллар ва бештар аз он аст. Агар аз ҷиҳати физикӣ ба он баҳо диҳем, телефони Айфон 130 — 140 грам вазн дорад ва аз 40 фоиз оҳану алюминий, 15 — 20 фоиз пластикаи карбонӣ, 15 — 17 фоиз маводи композитсионӣ (никел, мис, хром, кобалт ва ғайра) ва тақрибан 6 фоиз кремний иборат аст. Дар маҷмӯъ, агар ҳисоб кунед, арзиши 130-140 грам ин мавод муодили каме беш аз як долларро ташкил медиҳад.
Мо ҳам метавонем ба чунин комёбиҳо муваффақ шавем, агар таваҷҷуҳро ба илму донишандӯзӣ зиёд намоем. Чунончи, Кореяи ҷанубӣ, новобаста ба он ки кишвари хурд аст, маҷмӯи маҳсулоти дохилии он соли 2021 ба 1,62 триллион доллари ИМА расида, ин нишондиҳанда баробар ба Федератсияи Россия ва бештар аз Австралия мебошад. Солҳои 50-уми асри ХХ Кореяи ҷанубӣ қашшоқтарин кишвар буд, зеро дар он ҷо ҷангҳои гражданӣ ҷараён дошту ҳама соҳа фалаҷ шуда буданд. Ба шарофати таваҷҷуҳ ба илму дониш ҳоло маҳсулоти он дар дунё бозоргир аст. Сармояи яке аз ширкатҳои машҳури Кореяи Ҷанубӣ — «Samsung» соли 2020 ба 300 миллиард доллар расидааст, ки аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии як қатор кишварҳо бештар аст. Дар ин кишвар зиёда аз 4 фоиз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба соҳаи илм равона мегардад, ки он дар ҷаҳон нишондиҳандаи баландтарин аст. Ин нишондиҳанда дар Россия каме беш аз 1 фоиз, дар Амрико ва Ҷопон тақрибан 3 фоиз мебошад.
Хушбахтона, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ тамоюли афзуншавиро касб карда, заруру ногузир аст, ки кормандони соҳаи илм масъулият дошта бошанд.
- Дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, тараққиёти босуръати илму техника кадом корҳоро бояд анҷом дод?
- Ҳамқадами замон будан на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон хос аст. Мебояд барои татбиқи иқдомоте, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифта шудааст, ҳама фаъол бошем. Агар зирак набошем, ба сарбозе монанд мешавем, ки дар майдони ҷанг асту ҷавшан надорад. Бояд роҳҳои беҳбуд бахшидани зиндагиро пайдо намоем, илм омӯзем, ихтироъ кунем, истеҳолотро ба роҳ монем ва баҳри таҳкими соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар саъю талош намоем. Ин корро касе ба ҷои мо намекунад.
Аз хурдӣ фарзандонро ба илму донишандӯзӣ талқин намуда, онҳоро дар рӯҳияи маърифати баланд тарбия кардан лозим. Ин масъулияти баланд, пеш аз ҳама, ба дӯши падару модар гузошта шудааст. Дар ин бобат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» қабул шуд, ки муҳиму саривақтист.
- Соли 2020 дар ИДМ ба Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми махсус дода шуд. Ин чӣ гуна мақом аст?
- Даҳуми декабри соли 2020, аз ҷониби раёсати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дар асоси қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Институти физикаю техникаи ба номи Умарови АМИТ мақоми ташкилоти базавии кишварҳои ИДМ дар соҳаи омода намудани кадрҳо дар соҳаи илмҳои физикаю техника дода шуд. Вобаста ба ин мақом институти физикаю техника як сол мешавад, ки дар миқёси ИДМ вобаста ба рушди омода намудани кадрҳои соҳаи физикаю техника фаъолият бурда истодааст.
Бояд қайд кард, ки ба ин раванд солҳои 2017 — 2018 асос гузошта шуд. Ин пешниҳод аз ҷониби президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, ки он солҳо раиси Шӯрои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи илмҳои фундаменталӣ буд, сурат гирифт. Ва аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастгирӣ пайдо кард ва солҳои 2018 — 2019 то соли 2020 институт аз якчанд санҷиш бомуваффақона гузашт. Аз ҷумла, интиҳои соли 2019 ман дар Президиуми Академияи илмҳои Россия оид ба дастовардҳои институт, аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳоло, яъне сӣ соли соҳибистиқлолӣ, ҳисобот ва маълумот додам. Дар он раёсати АИ Россия, ки дар шаҳри Москва қарор дорад, президентони Академияи илмҳои кишварҳои ИДМ ширкат доштанд. Рафти ин ҷаласаро, таври пурра телевизиони Россия ба навор гирифт ва ин навор ҳоло дар шабакаи Интернет гузошта шудааст. Дар он ҷаласа дар бораи дастовардҳо роҷеъ ба эксприменти Помир, тадқиқоти ядроӣ, физикаи атмосфера, электроникаи квантӣ, нанотехнология, манбаъҳои барқароршавии энергия ва дигар самтҳои фаъолияти институт маълумот додам. Ҳамчунин, соли 2020 дар ҷаласаи махсуси Шӯрои экспертони Кумитаи иҷроияи ИДМ фаъолияти институтро мушаххас муаррифӣ кардам.
Онҳо иқдомҳои Президенти Тоҷикистонро дар самти рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нек арзёбӣ карданд ва ин нуктаҳо ба иштирокчиёни ҷаласа таъсири мусбат расонд.
Ҳоло соли аввали институтро, ҳамчун ташкилоти базавии кишварҳои ИДМ ҷамъбаст намудем ва 25 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ИДМ ман ва президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ширкат доштем ва роҷеъ ба фаъолияти яксола ҳисобот додем. Дар он олимон ва намояндагони кишварҳои ИДМ ҳузур доштанд ва баъд аз шунидани суханронии мо ба фаъолияти ташкилоти базавӣ ва умуман Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ баҳои баланд дода, нақшаи моро барои соли ҷорӣ (2022) дастгирӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки соли сипаришуда дар Тоҷикистон Симпозиуми физикони Тоҷикистонро гузаронидем ва дар он эҳё намудани фаъолияти Ҷамъияти физикони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳод кардам, ки хуб мешавад, агар Ҷамъияти физикони кишварҳои ИДМ низ таъсис дода шавад. Дар Амрико ва якчанд давлатҳои Аврупо низ чунин ҷамъиятҳо ҳастанд. Ҳамчунин, Ҷамъияти физикони Аврупо низ фаъолият мекунад. Пешниҳодро аҳли ҷаласа бисёр хуб пазироӣ карда, онро муҳим арзёбӣ намуданд. Барои амалӣ гаштани ин иқдом корҳо рафта истодааст.
Мусоҳиб
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»