13 майи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Сарони ҳар ду давлат ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.
Ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амниятӣ таъкид карданд.
17 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайянкардаашон муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.
Пешвои миллат ҷараёни инкишофи босуръати муносибатҳои ҳар ду кишвар ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистонро ба масъалаҳои таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуданд.
Инчунин, ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкориҳои гуногунсамти Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
www.president.tj