26 май - Рӯзи адвокатҳо

Дар ҷумҳурӣ қариб 800 адвокат ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ машғуланд

№63 (4483) 26.05.2022

saidbek_nuritdinov (1)Дар арафаи Рӯзи адвокатҳо хабарнигори рӯзнома бо раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбек Нуритдинов мусоҳиба анҷом дод.

- Боиси ифтихори мост, ки 18 марти соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба имзо расид. Яке аз мақсадҳои қонун он аст, ки бо таъсис ёфтани Иттифоқи адвокатҳо ниҳоди адвокатураро мутамарказ, адвокатҳоро муттаҳид ва фаъолияти онҳоро дар кишвар танзиму таҳким намояд, — ёдовар шуд Саидбек Нуритдинов дар ибтидо ва афзуд: — Мақом, маром ва ҳадафи Иттифоқи адвокатҳои ҷумҳурӣ ваҳдату ягонагӣ, эътирофу шинохти арзишҳои миллӣ, давлатӣ, касбӣ, масъулиятшиносӣ ва одоби касбии адвокатҳо мебошад. Бо дарназардошти ҳамин арзишҳои олӣ ва муқаддас Иттифоқи адвокатҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ баҳри ташкил кардани шароити арзандаи кор, баланд бардоштани обрӯ ва мақоми ниҳод, рушд ва такмили минбаъдаи фаъолияти адвокатӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияташро муайян намудааст.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», дар Анҷумани якуми адвокатҳо 18 сентябри соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар  ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрас будани он барои аҳолӣ, ташкили ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони намояндагӣ ва ҳимояи адвокатҳо дар мақомоти давлатӣ, назорати тайёрии касбии адвокатҳо, бозомузӣ ва такмили ихтисосои адвокатҳо ва аз ҷониби онҳо  риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил шудааст.

Ҳамчунин, дар анҷумани якуми адвокатҳо Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо, Кодекси одоби касбии адвокат, Низомнома дар бораи комис­сияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо, Низомнома дар бораи комиссияи тафтишотии Иттифоқи адвокатҳо ва дигар санаду қарорҳо қабул гардида, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ҳамчун мақоми доимоамалкунандаи дастаҷамъонаи иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ, Комиссияи интизомӣ ва дигар сохторҳои муҳим ҷиҳати рушди  Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд.

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъсис гардидан 11 декабри соли 2015 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Пас, аз ташкилшавии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҷараёни иҷрои талаботи моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», яъне таъсис додани шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ оғоз гардида, айни замон  идома дорад.

- Ҳоло дар ҷумҳурӣ чанд нафар мақоми адвокатӣ доранд?

- Аз лаҳзаи таъсисёбии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол ба 930 адвокат бо Қарори Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳони тахассусӣ мақоми адвокатӣ дода шуда, мақоми адвокатии 114 нафар бо сабабҳои гуногун қатъ гардид. Айни замон дар ҷумҳурӣ қариб 800 адвокат ба мардум ёрии ҳуқуқӣ расонида истодаанд.

- Хизматрасонии адвокатӣ ба кадом гурӯҳи шаҳрвандон ройгон аст?

- Мутобиқи талаботи моддаи 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ёрии ҳуқуқӣ дар ҳама марҳилаи  тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода шудааст.

Барои адвокатҳо боиси ифтихор бояд бошад, ки ин арзиш, яъне кафолати давлат ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ  дар  марҳилаҳои  тафтишот ва мурофиаҳои судӣ, маҳз тавассути ниҳоди адвокатура таъмин карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон уҳдадор аст, ки ба 8 категория, аз ҷумла ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум оид ба ситонидани алимент, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба шаҳрвандони камбизоат ва ғайра ёрии ҳуқуқии ройгон расонад.

 Ҳар сол аз ҷониби  адвокатҳо ба ҳазорҳо нафар шаҳрванди шомили ин категорияҳо ёрии ҳуқуқии ройгон расонида мешавад. Ҳисоботи омории соли 2020 нишон дод, ки аъзои Иттифоқи адвокатҳо, дар як сол ба зиёда аз 37 ҳазор шаҳрванд ёрии гуногуни ҳуқуқӣ расонидаанд, ки зиёда аз 33 ҳазори он ёрии ҳуқуқии ройгон мебошад.

- Барои такмили дониш ва маҳорати касбии адвокатҳо кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

- Тибқи талаботи моддаи 10 қисми 1 сархати 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», адвокат уҳдадор аст, ки савияи донишро баланд бардошта, маҳорати касбиашро такмил диҳад.

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ба роҳ монда, дар муддати қариб 7 сол  бо дастгирии ниҳодҳои зикршуда зиёда аз 300 семинар-тренинги муштарак  баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии адвокатҳо гузаронида шудааст.

Дар ин муддат зиёда аз 60 адвокат барои иштирок дар семинару конфронсҳои байналмилалӣ, ки берун аз кишвар барпо гардиданд, сафарбар шуданд.

Баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии адвокатҳо бо қарори раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2016  Маркази такмили ихтисоси назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он  расман   22 феврали соли 2019 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун муассисаи таълимӣ ба қайд гирифта шуд. Маҳз бо гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос дар маркази зикршуда, соли сипаришуда зиёда аз 400 адвокат аз аттестатсия дар назди комиссияи тахассусии назди  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузаштанд.

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксар созмону ташкилотҳои адвокатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкорӣ дошта, узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи адвокатҳои Осиёи Марказӣ ва Ассотсиатсияи адвокатҳои давлатҳои туркзабон ва ҳамсоядавлатҳо (ТУРК-ВА) буда, дар чорабиниҳои ҳуқуқии онҳо ширкат меварзад.

- Доир ба саҳми занон дар пешбурди фаъолияти адвокатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ чӣ назар доред?

- Албатта, дар ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва умуман рушди Иттифоқи адвокатҳои кишвар саҳми занону духтарон хеле назаррас аст. Аз шумораи умумии адвокатҳо беш аз 30 дарсади онҳо занону духтарон мебошанд. Дар баъзе аз ташкилотҳои адвокатӣ занону духтарон ҳатто зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳанд. Дар якчанд коллегияҳои адвокатӣ ва маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ роҳбарон зан мебошанд.

- Соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ чӣ гуна сурат мегирад?

- Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зиёд намудани шумораи адвокатҳо ҳамкориҳои судмандро бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба масъалаи аз ҷониби довталабон ба даст овардани мақоми адвокатӣ ва  шомил шудан ба узвияти Иттифоқи адвокатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, на кам аз ду сол собиқаи кор аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилотҳои адвокатӣ гузаш­тааст, метавонад соҳиби мақоми адвокатӣ гардад.

Шахсе, ки ҷавобгӯи ин талабот аст, бо ариза ва замимаи нусхаи шиноснома, шарҳи ҳол, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, нусхаи ҳуҷҷати таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва маълумотномаи Раёсати иттилооти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд. Ҳуҷҷатҳои ӯ аз мақомот ба комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад. Сипас, комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия аз рӯзи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар муддати ду моҳ аз довталаб имтиҳони тахассусӣ қабул мекунад, ки ба тариқи тестӣ аст. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳони тахассусӣ адвокат дар ҷаласаи раёсати Иттифоқи адвокатҳо ба узвияти Иттифоқи адвокатҳо қабул шуда, савганди касбӣ ёд мекунад. Аз рӯзи мақоми адвокатӣ гирифтан адвокат дар як моҳ бояд шакли ташкилии фаъолияташро мустақилона муайян намояд.

Мусоҳиб

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»