Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имконияти васеъ барои истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ

№63 (4483) 26.05.2022

Бисту панҷуми майи соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизодадода мешавад. Марҳамат.

 Завқӣ ЗАВҚИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» бо мақсади такмил додани раванди банақшагирии ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва муқаррар намудани низоми ягона ва умумии банақшагирии стратегӣ таҳия гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2018 таҳти №1111)-ро иваз менамояд.

Бо дарназардошти таҷрибаи андӯхта аз амалишавии қонуни пештара ва таҷрибаи кишварҳои дар ин самт муваффақ қонуни нав чунин бартариятҳо дорад:

1. Низоми ягонаи банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳиро муайян менамояд;

2. Ҳамгироии стратегия ва барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллиро бо ҳадаф ва афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои миллӣ (СМР-2030, БМР) таъмин месозад;

3. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатии дахлдорро дар самти таҳия, татбиқ ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегии рушд, инчунин Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;

4. Дараҷабандии таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии кишварро дар се сатҳ, яъне сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ муайян намуда, масъулини иҷрои чорабинии онҳоро мушаххас менамояд;

5. Ҳамоҳангии таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии кишварро бо раванди таҳияи буҷет таъмин месозад;

6. Илова ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дигар соҳаҳо, ба монанди ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, илмию техникӣ ва ғайраро низ фаро мегирад;

7. Давраи амали ҳуҷҷатҳои стратегиро мушаххас менамояд, аз ҷумла консепсия барои на кам аз 20 сол, стратегия на кам аз 15 сол, барнома на кам аз 5 сол, нақшаи амал як сол (3 сол дар ҳолати зарурӣ) ва дурнамоҳои давлатӣ барои як соли оянда ва параметрҳои он барои ду соли баъди он.

Дар маҷмӯъ, ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ташаккули чорчӯба ва низоми ягонаи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ мебошад, ки дар он меъёрҳои зарурии идоракунии банақшагирии стратегӣ муқаррар гардида, раванди банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ аз марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ то амалисозии онҳо ба низом дароварда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022 таҳти №81 маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо дарназардошти таклифҳои судманд такмил дода шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло дода мешавад. Марҳамат.

Машраб ФАЙЗУЛЛО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии он ташаккули чорчӯбаи меъёри ягона ва муназзами низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд буда, мувофиқи он меъёрҳои зарурии идоракунии банақшагирии стратегӣ дар қонуни мазкур муқаррар гардида, раванди банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд аз давраи банақшагирию таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ то амалисозии онҳо ба низом дароварда мешаванд.

Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, меъёрҳои он мафҳумҳои навро оид ба низоми иттилоотӣ пешниҳод намуда, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатиро муайян менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, якчанд таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки қисме қабул ва қисми дигар қабул нашуданд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардиданд.

Бо дарназардошти таклифҳои мазкур, лоиҳаи қонун аз лиҳози услубӣ, мантиқӣ ва таҳрирӣ такмил дода шуд, аз ҷумла, муқаддимаи он дар таҳрири нав баён гардида, принсипҳои дар моддаи 3 пешбинишуда возеҳ ва дақиқ карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади дақиқ намудани салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи банақшагирии стратегӣ бандҳои 3) ва 6) моддаи 5 пурра такмил дода шуда, ба ҳамин модда бандҳои 10) ва 11) илова гардиданд. Инчунин, таркибии моддаи 7- уми лоиҳа низ такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба дигар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод шуд, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғафур МУҲСИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қобили қайд аст, ки зарурияти таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 баён доштанд, бармеояд.

Тибқи банди 14-и нақша, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда шудаанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. Бо ин мақсад бо ҷалби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз ҷониби онҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» таҳия карда шуд.

Дар матни лоиҳаи қонун нисбат ба матни амалкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» калимаи «доруворӣ» ба калимаи «дору» иваз карда шудааст. Вожаҳои «доруворӣ» ва «дорувор»- ро гурӯҳи корӣ дар фарҳангҳо пайдо карда натавонис­танд. Танҳо дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2008) онҳо ба маънии «дорую даво, ҳар навъ даво, чизҳои хушбӯи тез, аз қабили қаланфур, мурч, зира ва ғайра омадаанд. Дар ин китоб «доруворӣ» ба маънии «дармонбахш» қайд карда шудааст.

 Дар матни лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои мавҷуда дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд. Ғайр аз ин, як қатор мафҳумҳое, ки пештар дар қонуни амалкунанда мавҷуд набуданд, ба монанди: амалияҳои муносиби фарматсевтӣ, истеҳсоли шартномавии дору ва молҳои тиббӣ, маводи фармакологӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ, моддаҳои ёрирасон, назорати фармакологӣ, номҳои байналмилалии патентнашуда, субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ, фурӯши чакана ва яклухти молҳои тиббӣ ва ғайраҳо ба лоиҳаи қонуни таҳиягардида ворид карда шуданд.

Инчунин, 12 моддаи дигар ба лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида илова карда шуданд, ки онҳо ба рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмилалӣ, истеҳсоли доруҳо ва молҳои тиббии ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат ва гузаронидани экспертизаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, экспертизаи этикӣ, назорати фармакологӣ ва таъмини аҳолӣ бо дастрасии доруҳои судманд ва бехатар, мушаххас намудани раванди фурӯши яклухту чакана, бақайдгирӣ ва гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва эквиваленти биологии доруҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ, таҳияи дору ва молҳои тиббӣ, васл, таъмир хизматрасониҳои техникӣ ва метрологии молҳои тиббӣ, ҷуброни зарари ба солимии инсон дар натиҷаи истеъмоли дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои фарматсевтӣ расонидашуда аз ҷониби субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ равона карда шудаанд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаи онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» гузаронида шуда, муайян гардид, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудаанд, дида намешаванд.

Ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Портали интернетии иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Файзалӣ ИДИЗОДА: - Тибқи моддаи 8 банди 21, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар соҳаи сиёсати дору ва таъминоти дору ҳамкории байналмилалиро бо тартиби муқарраршудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш бой аст. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани технологияи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли дору имтиёз муқаррар ва аз боҷи гумрукӣ озод карда шудааст. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурӣ чанд корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли дору таъсис ёфта, дар онҳо истеҳсоли кадом доруҳо ба роҳ монда шудааст?

Саволи дуюм ин, ки тайи ду соли охир чӣ миқдор доруи бесифат аз муомилот гирифта шуд?

Ғафур МУҲСИНЗОДА: — Имрӯз дар мамлакат теъдоди истеҳсолкунандагони доруи ватанӣ ба 50 адад расидааст, ки онҳо зиёда аз 300 номгӯй дору истеҳсол мекунанд. Барои истеҳсоли дору ва захираи он ҳама шароит муҳайё аст. Алҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4500 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо бо доруҳои зарурӣ таъминанд. Баъзе доруҳое ҳастанд, ки зимни истеҳсоли ватанӣ арзиши аслиашон гарон мешавад. Бинобар ин, онҳоро аз хориҷи мамлакат, тибқи квота дастрас менамоем. Захираи чунин доруҳо низ дар муассисаҳои тандурустӣ кофӣ аст.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» бо мақсади такмили нав­гониҳои қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ, ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо дору ва молҳои тиббӣ нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он фарогири 10 боб ва 50 модда буда, муносибатҳои ҷамъия­тиро дар соҳаи идоракунии давлатии муомилот, назорати сифат, таъминот бо дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ танзим намуда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектони фаъолияти фарматсевтӣ, принсипҳо, ваколат, ҷараёни коркард ва таъминоти иттилоотро дар ин самт муайян менамояд.

Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумита ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ­гузашт, ки ҷиҳати такмили он 94 таклифу пешниҳод манзур гардида, аз онҳо 64 таклиф қабул, 11 қисман қабул ва 19 таклифи дигар қабул нашуд.

Бо дарназардошти таклиф­ҳои зикршуда, аз ҷониби кумита бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мафҳумҳои дар матни лоиҳаи қонун дарҷгардида бо дарназардошти талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мазмунан ва шаклан такмил дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи қонун мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод шуд, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зафар Файзуллозода дода мешавад. Марҳамат.

Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхуҷа Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, Зафар Файзуллозода, Муҳаммад Шодиён ва Ғайрат Азиззода пешниҳод шудааст.

Он бинобар сабаби зарурати бо як тартиби муайян анҷом додани савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани баъзе аз меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 31 имконият медиҳад, ки савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида, тибқи талаботи муқаррароти интиқолии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2022 таҳти №1036 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса супорида шуд.

 Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва  14 таклиф пешниҳод намуданд, ки 11 таклиф қабул ва 3 таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 11 майи соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта, дар асоси таклифҳои пешниҳодшуда такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида ба боби сеюм ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин ба боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ