26 майи соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон, роҳбари Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати парлумонии Беларус мулоқот намуд.
Зикр шуд, ки аз соли 2011 Шӯрои кории Тоҷикистон — Беларус амал намуда, робитаҳои фарҳангии байниҳамдигарӣ нисбатан рушд ёфт ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ факултети Донишгоҳи миллии техникии Беларус ба фаъолият оғоз намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус ҳар сол теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус мунтазам вусъат меёбад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкории гуногунҷанба мувофиқи имкон ва ниёзҳои ҳар ду давлат ба мушоҳида мерасад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон