26 майи соли равон зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев нахуст аз натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки 5 — 7 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдоварӣ карда шуд.
- Муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар 5 сентябри соли 1996 барқарор гардида, ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Беларус асосан дар чаҳорчӯбаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис ёфт, инчунин, санадҳои қабулшуда дар бахшҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки ӯ ташаббуси ҳамтояш, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченкоро оид ба баргузор намудани конфронси байналмилалии парлумонӣ дар Минск 14 — 15 июни соли ҷорӣ истиқбол мекунад. Ва иброз дошт, ки дар он ҳайати парлумонии Тоҷикистон низ иштирок хоҳад кард.
Зикр гардид, ки миёни ҳар ду давлат зиёда аз 90 шартномаву созишнома ба имзо расидааст, ки барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ имкон медиҳанд.