Боздиди Пешвои миллат аз отрядҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

№63 (4483) 26.05.2022

52100428513_380aa5e627_o26 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос гардида, ба муносибати 28 — солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо афсарону сарбозон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

Боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-и Отряди сарҳадии «Шамсиддини Шоҳин» оғоз гардид.

Дар он барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити мусоиди хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.

Комендатураи сарҳадии «Сари ғор», ки аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи либосшӯӣ, ошхона, майдони сафороӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сарулибос, сӯзишворӣ, мошинсарой, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хизмати ­ҳайати шахсӣ иборат мебошад, соли 2018 дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар он ҷо 8 хонаи замонавии муҷаҳҳаз бо ашёи рӯзгор низ бунёд шудааст, ки афсарон метавонанд, дар давраи хизмат бо аҳли оилаашон истиқомат кунанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид изҳор доштанд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳиб­истиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст.

Таъкид гардид, ки вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматиашро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.

Сипас, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони шуҷои Комендатураи сарҳадии «Сари ғор»-ро ба муносибати 28 — солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд. Ва таъкид карданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали Истиқлолияти давлатии мамлакат бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 28 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Давлату Ҳукумат ба неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд.

Ҳоло бо дастгириву тадбирҳои саривақтии Давлату Ҳукумати мамлакат қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар замони соҳибистиқлолӣ куллан навсозӣ ва бо пешрафтатарин техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин карда шуда, ҳоло сарҳадбонони тоҷик барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва Истиқлолияти давлатӣ хизматро дар шароити мусоид анҷом медиҳанд, ки намунаи барҷастаи он бунёди Комендатураи сарҳадии «Сари ғор» мебошад.

Зимни шиносоӣ бо муҳимоти ҳарбӣ вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Баъди боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ сина сипар намуда, ҷонашонро аз даст додаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва нооромию даргириҳои дохилӣ моҳи июли соли 1993 қисмҳои низомии мухолифин — ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳамла карданд.

Ҳангоми ҳуҷум намудани ташкилоти террористию экстремис­тии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Россия 25 сарҳадбони рус ба ҳалокат расид. Новобаста ба вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли фоҷиа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд. Ташрифи Роҳбари давлат рӯҳияи сарбозону афсарони дидбонгоҳи низомиро баҳри ҳимояи марзи давлатӣ қавӣ гардонд.

24 майи соли 1994 низ дар замони муноқишаҳои мусаллаҳонаи дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комендатураи сарҳадии «Сари ғор» бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуда, дар назди маҷмааи ёдгории сарҳадбонон гулчанбар гузоштанд.

Роҳбари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, инчунин, Отряди сарҳадии «Ёл»-ро низ аз назар гузарониданд. 

Дар он барои сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд, шароити муосири хизмат ва будубош фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 1957 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Дидбонгоҳи сарҳадии «Ёл» бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардид.

Соли 2022 бо дарназардошти афзоиши хатару таҳдидҳо, аз ҷумла амалҳои террористию эктремистӣ ва фаъолгардии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар минтақа ва ҷаҳон, ҳайати Отряди сарҳадии «Шамсиддини Шоҳин» — ро ба Дидбонгоҳи сарҳадии «Ёл» кӯчонида, он ба Отряди сарҳадии «Ёл» табдил дода шуд.

Инчунин, Отряди сарҳадии «Шамсиддини Шоҳин» ба коммендатураи «Шамсиддини Шоҳин» табдил дода шуда, дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он бо ҳайати нав ва воситаҳои муосири техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда мешавад.

Дар Отряди сарҳадии «Ёл» барои сарбозону афсарон, хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, ошхона, майдони саф­ороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ мавҷуд мебошад.

Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии «Ёл» дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарбозону афсаронро, ки ҳамчун сипари боварибахши давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар шабонарӯзӣ хизмати шоиста анҷом медиҳанд ва қарзи фарзандиро дар назди халқу Ватан ҷавонмардона иҷро мекунанд, ба Рӯзи сарҳадбонон табрику таҳният намуда, оид ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз ин навъи қӯшун дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар рӯзҳои бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шудааст, на танҳо барои ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми босазо гузоштааст, балки нишонаи возеҳи Истиқлолияти давлати тоҷикон низ мебошад.

Дар робита ба авзои ҷомеаи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти давлату миллатҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз дош­танд, ки марзбонони шуҷоъ ва далери Ватан бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, сохти конститутсионӣ ва суботу оромии кишвар ҳамеша омодаанд.

Дар охир сарбозону афсарони шуҷоъ ва далери отряд ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи пайваста ва фароҳамсозии шароити муосири хизмат ва будубош дар сафҳои Артиши миллӣ сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки ҳифзи марзу буми аҷододиро қарзи шаҳрвандӣ медонанд ва барои эмин нигоҳ доштани он ҷонро нисор месозанд.

52100677269_98c0af18cc_oПешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази таълимӣ дар масоҳати наздики 5 гектар замин бунёд мегардад ва дар ҳудуди он баробари иншооту биноҳои таълимӣ майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ низ, тибқи талаботи имрӯза, муҳайё карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда дар Маркази таълимӣ ва суҳбат бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани он дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд.

Пешвои миллат ба иқдому ташаббусҳои сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуданд.

Бо дарназардошти авзои ҳозираи ҷомеаи байналмилалӣ  таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи минтақа сокинон бояд ҳар сол майдони кишти зироати гуногунро зиёд намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳия дорои наздики 7 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар он 713 хоҷагии деҳқонӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сокинон ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдошта, рушди картошкапарварӣ, занбӯриасалпаварӣ, чорводорӣ, ниҳолпарварӣ ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти хуштаъму лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ ба онҳо дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Иқлим ва обу ҳавои минтақа имкон медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ бештар рушд дода шавад ва сокинон дар баланд гардидани иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Истифодаи пурсамар аз гулу гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои мавзеъ ҳам яке аз роҳҳои муассири беҳтар намудани зиндагии сокинони деҳот маънидод карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имконоти васеи деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов дар самти боғпарварӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли меваҳои хуштаъми ватанӣ ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии иқдомҳои сокинон дар самти  хушконидан ва роҳандозии содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Феълан, дар деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов панҷ корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар доираи «Солҳои рушди саноат», солҳои 2022-2026 ва татбиқи раванди саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт нақшаҳои мушаххас тарҳрезӣ шудаанд ва мавриди амал қарор мегиранд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо ёдоварӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯс­тию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуда, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 8 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, беморхона ва 7 бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, бо мақсади рушди инфрасохтори деҳот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам боло бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ иқдомҳои муҳими созандагӣ амалӣ мегарданд.

www.president.tj