Муҳокимаи парламентӣ

Аз тақвияти инфрасохтор то эъмори манзил барои кормандон

№64 (4484) 28.05.2022

Бардошт аз татбиқи як созишнома

DSC_5682Бисту шашуми майи соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ)» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) иштирок намуданд.

Қодири Қосим зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки татбиқи созишномаи грантии зикршуда ба тақвияти иқтидори институтсионалии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъминоти кадрии соҳа равона гардидааст.

- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ тайи ду даҳсолаи охир ташаббускори масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад.

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъкид гардидааст, ки «сатҳи пасти устувории экологии рушди кишоварзӣ, ки ба шиддатёбии омилҳои ба тағйирёбии иқлим алоқаманд вобастагӣ доранд, зарурати пешгӯии оқибатҳои онро ба миён овардааст». Дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим сари вақт ташаккул ва таҳким додани фазои институтсионалӣ мавқеи хосро ишғол менамояд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт кори зиёдро амалӣ намуд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Пешгӯии таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва дигар воситаҳои идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ аз масъалаҳои муҳим мебошанд, ки ҳалли онҳо андешидани тадбирҳои саривақтиро талаб менамоянд, — зикр кард муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода доир ба захираҳои оби мамлакат маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистонро «хонаи об»-и Осиёи Марказӣ меноманд.

Бино ба гуфти ӯ, омӯзишҳои гидрологӣ ва гидрометеорологии захираҳои оби Тоҷикистон соли 1869 оғоз шудааст. Ҳоло шумораи дидбонгоҳҳо ва стансияҳои обу ҳавошиносӣ 150 ададро ташкил медиҳад.

Шабакаи гидрографии Тоҷикистон 25 ҳазор дарёи хурду бузургро бо дарозии 70 ҳазор километр ташкил медиҳад. Аз ин 947 дарё дарозиашон аз 10 то 100 км, 16 дарё бо дарозии аз 100 то 500 ва 4 дарё аз 500 км дароз мебошад.

- Хусусияти асосии фарқкунандаи дарёҳои Тоҷикистон серобӣ мебошад, ки ин асосан ба баҳор рост омада, 70 — 90 дарсади ҳаҷми оби солона дар ҳамин мавсим ҷорӣ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 кӯли хурду бузург ҷойгир аст, ки машҳуртарини онҳо Сарез, Қаракӯл, Искандаркӯл ва ғайра мебошанд.

Захираҳои оби кишвар манбаи истеҳсоли зиёда аз 300 млрд. квт/соат барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне «энергияи сабз» ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, дар маҷмӯъ, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёда аз 527 млрд. квт/соатро ташкил медиҳанд, ки ин аз талаботи солонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ як баробар зиёд мебошад.

Захираҳои оби Тоҷикистон манбаи бузурги имкониятҳои рушди сайёҳист. Тавассути сиёсати хирадмандона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба табиати кишвар, хусусан ба захираҳои об, зиёд гашта, шумораи онҳо сол то сол меафзояд. Хусусияти дигари фарқкунандаи захираҳои оби Тоҷиқистон, аз ҷумла пиряхҳои он, моҳияти иқлимофарии онҳо мебошад, ки на танҳо барои мамлакат ва минтақа, балки барои кураи Замин нақши муҳим мебозанд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги пиряхҳои Тоҷикистон барои таъмини амнияти экологӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иқлимофарӣ ва имкониятҳои бузурги пешбурди таҳқиқоти илмӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли гузашта, ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масъа­лаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад.

Ин ташаббуси 5-уми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки вокунишҳои мусбат ва ҷонибдории сарони аксар давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва доираи васеи олимону коршиносонро соҳиб гашт.

Ин ибтикор сохторҳои марбутаи кишвар, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор месозад, ки дар ин раванд нақшу мақоми хоса дошта бошанд. Дар ин  самт ҳамкории зич бо шарикони рушд, ҷалби маблағҳои зарурӣ барои таҳкими иқтидорҳо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар доираи созишноми ҳамкорӣ бо Бонки ­осиёии рушд кори зиёд анҷом дода шуд, ки боиси дастгирист.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки баробари фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо тақвият бахшидан, бояд ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ омодагии ҳаматарафа дошта бошем.

-Таҳлили маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тағйирёбии иқлим ба ивазшавии ҳудудҳои минтақаҳои иқлимӣ, тағйирёбии воридоти об ба ҳавзаи дарёҳо, зиёдшавии истифодаи обҳои зеризаминӣ, нобаробарии тақсимоти бориш дар давраҳои зимистону тобистон ва тез-тез ба миён омадани офатҳои табиӣ сабаб гардида, андешидани тадбирҳои саривақтиро  тақозо дорад.

Такмили шабакаҳои гидрологӣ, метеорологӣ ва агрометеорологӣ, таҳвили таҷҳизоти муосир барои муҷаҳҳазгардонии истгоҳҳои мушоҳидавӣ,  омӯзиши пиряхҳо, беҳтар намудани низоми пешгӯӣ ва огоҳкунии ҳодисаҳои табиӣ аз чораҳои муҳим арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки айни замон корҳои назаррас баҳри ташкили инфрасохтори обуҳавошиносии ҷумҳурӣ — таҷдиди бинои шашошёна бо 87 утоқ, лаборатория иборат аз 23 утоқи корӣ, дидбонгоҳҳои обченкунии ҳавзаи дарёи Панҷ, таъсиси гурӯҳи идоракунию рушди маркетинг ва ғайра дар доираи лоиҳа ба итмом расиданд.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба ҳайати мушовара, омӯзиши мутахассисони ҷавон, ба кор ҷалб намудани занон, расондани хизматрасониҳои машваратӣ — шартномавӣ бо субъектоне, ки пайваста ба иттилооти фаъолияти обуҳавошиносӣ ниёз доранд, амалӣ шуд.

Директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» Муҳибулло Ҷунайдов доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ, созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд моҳи августи соли 2018 ба имзо расида, 19 декабри соли 2018 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Татбиқи лоиҳа моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, анҷоми он моҳи декабри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 12,615 миллион доллари ИМА — ро ташкил менамояд, ки 6,5 миллион доллар гранти Бонки осиёгии рушд, 5 миллион  доллар гранти Фонди иқлими сабз ва 1,115 миллион доллар саҳми Ҳукумати мамлакат мебошад.

Азхудкунии маблағ аз оғози татбиқ 4 711 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад,  ки   ба 41 дарсади нақшаи умумии лоиҳа баробар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа дар чор самт — таҷдиди бинои асосӣ ва хизматрасони Агентии обуҳавошиносӣ; таҷдиди ҳуқуқӣ ва ташкилии Агентии обуҳавошиносӣ; беҳтар намудани системаи  пешгӯӣ ва огоҳкунии ҳодисаҳои обхезӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ ва маркетинги  хизматрасониҳо амалӣ мегардад.

Муҳибулло Ҷунайдов гуфт, ки аз соли 1926 чунин бино ва таҷҳизоти  замонавӣ барои кормандони Агентии обуҳавошиносӣ мавҷуд набуд.  Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтор соҳиби биноҳои замонавӣ гардид.

Бино ба гуфти нотиқ, айни замон, корҳои сохт­монӣ дар биноҳои ёрирасон, аз ҷумла толори баргузории конфронс, анбор ва ҷои нигаҳдории автомашинаҳо идома дошта, тибқи нақша, то моҳи августи соли 2022 пурра ба анҷом мерасад.

Марҳилаи 3-юм сохтмони бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Агентии обуҳавошиносӣ мебошад ва тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли равон оғоз мегарданд. Баъд аз ифтитоҳи  бино 120 корманди Агентӣ соҳиби хонаи хизматӣ мешаванд.

Зимни баррасӣ муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриоллоҳ Шерализода, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад­раҳим Юсуфӣ фикру ақидаашонро оид ба иҷрои беҳтари лоиҳа баён намуданд.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ