Сарчашмаи ҳаёти солим ва неъмати бебаҳоро эҳтиёт бояд кард

№65-66 (4485-4486) 31.05.2022

ВахдатДар ибтидои қарни XXI зимни ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ проблемаи оби тоза мавқеи махсус пайдо намуд, зеро нарасидани оби тоза боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гардид. Дар кишварҳои суструшдёбанда ва навинкишоф нарасидани оби тозаи нӯшиданиро бештар эҳсос намуда, барои ҳалли мушкилӣ аз ҳама имконият истифода мебаранд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об шинохта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64 — уми Маҷмаи умумии СММ зикр карданд: «Аз ин минбари баланд мехоҳем масъалаи марбут ба хушкнашавии баҳри Аралро хотирнишон созем. Сабаби асосии ин фоҷиаи экологӣ азхудкунии миқёсан зиёди замин барои зироатҳои обталаб, ба монанди пахта ва шолӣ, мебошад. Дар айни ҳол раҳоӣ аз вазъи баамаломада, ки муҷиби шӯр задани заминҳо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз ҷониби мамлакатҳои минтақа андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба сарфаи об тавассути барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва замин, ҷорӣ кардани технологияҳои навини обёрӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба буҳрони озуқаворӣ низ мусоидат хоҳад кард, зарур аст».

Агар ба оинаи таърихи гузашта бингарем, чунин ба назар мерасад, ки ниёгон обро чун неъмати бебаҳо поку муқаддас шумурда, баъзе анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мегардониданд. Яъне, аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.

Се ҳиссаи кураи Замин обу як ҳисса хушкист. Вале қисмати зиёди ин об шӯру талху корношоям ва ба талаботи экологӣ ҷавобгӯй нест. Танҳо як фоизи он ширин буда, ба эҳтиёҷоти ошомиданиву кишоварзӣ ва истеҳсолии ҷаҳониён ба кор бурда мешавад. Ва он ҳам дар минтақаҳои олам нобаробар ҷой гирифтааст.

Агар Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо қиёс кунем, мебояд сад бор шукрона гуфт барои тақдири баланде, ки Парвардигор ба мо ато кардааст. Зеро обҳои Ватанамон ширину ошомиданианд. Онҳо аз пиряху тарма ва чашмаҳои кӯҳӣ ибтидо гирифта, ба рӯду дарёҳо ҷорӣ мешаванд. Ҷорӣ мешаванду хусусияти табииашонро гум мекунанд, корношояму ғайриошомиданӣ мегарданд. Ба корношоямии онҳо, аз як тараф, ҳайвоноти вуҳушу чорпоёни сарҳуй сабаб гарданд, аз тарафи дигар, партовҳое сабаб мешаванд, ки одамон ба соҳилҳо мепартоянд. Агар чунин набошад, пас дар фасли тобис­тон бемориҳои вазнини сироятӣ, аз қабили доманаву зардпарвину табларза аз куҷо пайдо мешаванд?

Бояд дар назар дошт, ки обҳои шӯри уқёнусҳо, баҳрҳо ва кӯлҳо аз тарафи одамон кам истифода мешаванд. Захираи обҳои ширин хеле кам буда, асосан аз ҳисоби борону барф ва пиряхҳо ҷамъ мешаванд, агар ҳаҷман дар назар гирем, хеле маҳдуданд. Асосан обҳои ширин барои обёрии рустаниҳои дастпарвар ва гирифтани ҳосили баланд истифода мегарданд.

Мутаассифона, аз бемасъу­лиятию беэҳтиётӣ ва ғайриоқилона истифода намудани ин неъмати бебаҳои табиат дар рӯи замин ҳазорон-ҳазор одам дар орзуи ин атои муъҷизанок ҷон медиҳанд. Ҳол он ки дар сурати дарки масъулияти истифодаи самараноку оқилонаи об муяссар мешавад, ки чандин миллион инсони лабташнаро об дод ва дашту боғҳоро шодобу сарсабз намуд.

Алҳол ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамчунин, норасоии он дар баъзе аз кишварҳо ба нигаронии аҳли башар боис гардидааст.

Зимнан, як сабаби мушкил гардидани таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ шумораи хеле зиёди таваллуд дар аксар мамолик буда, аз ин боис ҳаҷми заминҳои кишт сол ба сол коҳиш ёфта истодааст. Нарасидани оби тоза, торафт ифлос гардидани ҷӯю дарёҳо ва манбаъҳои об ҳалли мушкилотро бадтар мегардонад.

Агар обро самаранок мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳеҷ гоҳ ба касалиҳои гуногун дучор нахоҳем шуд. Тарзи солимии зиндагӣ низ ба маданияти баланди инсон вобаста аст. Инчунин рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сарсабзии рустанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо ба шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

Обро мардуми тоҷик муқаддас мешуморад, ки ин нуқта ҳам аз «Қуръон» ва ривоёти исломӣ сарчашма мегирад. Посдориву арҷгузории чаҳор унсур дар «Авас­то» ҳам вуҷуд дорад. Ҳикмати азиздошти об ба он мафҳум аст, ки бо чашми басират ба ин моддаи ҳастизо нигоҳ кунем, ба он арзиши азим қоил бошем, онро пок шуморему пок нигоҳ дорем ва доимо шукргузор бошем.

Ҳар кадомамон чун узви комилҳуқуқи ҷомеа бояд оби чашмаву дарёҳоро пок нигоҳ дорем. Фаромӯш набояд кард, ки оби тоза, яъне асоси ҳаёти солим ва неъмати бебаҳои худододро поку беолоиш нигоҳ доштан қарзи ҳар як инсон аст.

Фарзона ХОҶАЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон