Ҳайати парлумонии Беларус ба дидани «Агротехсервис» ва «Норак» рафтанд

№65-66 (4485-4486) 31.05.2022

 IMG_717126 майи соли равон роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода аз корхонаи «Агротехсервис», майдони «Регистон» ва қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Меҳмононро раиси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар истиқбол намуда, онҳоро ба кори боғдорону кишоварзон ва фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос кард. Зикр гардид, ки «Агротехсервис» соли 2020-ум 100 адад ва соли 2021-ум 152 адад трактори босифати тамғаи «Беларус» истеҳсол намудааст.

***

Ҳамчунин, ҳайати парлумонии Беларус 27 майи соли равон ба шаҳри Норак рафта, аз Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал оварданд.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти неругоҳ маълумот дода шуд, ки сохтмони он соли 1961 оғоз гардида, аз 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт иборат аст, ки аввалинаш  соли 1972 ва охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт — ро ташкил медиҳад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон