Тандурустӣ

Соҳибэҳтиром

№58 (3204) 03.06.2014

докторранг

Хайрулло Ғиёсов соли 1983 факултети табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури ҷарроҳ хатм намудааст. Фаъолияти кории ӯ дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат оғоз гардида, ҳамзамон аз такмили ихтисос –интернатура гузаштааст.

Солҳои 1987-1989 таҳти роҳбарии доктори илми тиб, профессор А.Қаҳҳоров дар ординатураи клиникии кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ихтисоси касбии худро такмил намуд. Фаъолияти минбаъдааш дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт сурат гирифт. Кордонӣ ва маҳорати хуби касбиашро ба назар гирифта, ӯро сардухтури ин беморхонаи марказӣ таъин намуданд.

Бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонӣ дар беморхона беҳтар гардид.

Муассисаҳои тандурустии ноҳия бо мутахассисони маълумоти олидор ва миёнаи тиббӣ таъмин шудаанд. Беш аз 15 муассисаи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардид.

Ба ин беморхона як қатор таҷҳизоти ташхисию табобатии ҳозиразамон ворид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия ва минтақаи Рашт мусоидат намуд. Муассисаҳои тандурустии ноҳия бо нақлиёти тиббӣ-санитарӣ таъмин шуданд. Дар натиҷа, барои сари вақт ба беморон расонидани ёрии аввалияи тиббӣ имконият фароҳам омад. Дар назди беморхона марказҳои эмгузаронӣ, солимии репродуктивӣ, зидди бемориҳои сил, СПИД, бемориҳои тропикӣ кушода шуданд.

Аз моҳи сентябри соли 2012 Хайрулло Ғиёсов дар вазифаи мудири шуъбаи  ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт фаъолият дорад. Тӯли ин муддат дар шуъбаи мазкур гузаронидани ҷарроҳиҳои мураккаб ба роҳ монда шуда, ҷарроҳиҳои мураккаби гӯшу гулӯ, бинӣ ва роҳҳои нафас бо ҷалби мутахассисони варзида гузаронида мешавад. Хайрулло Ғиёсов дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва роҳбарикунандаи соҳаи тиб  саҳми босазо дорад. Бештари роҳбарони  муассисаҳои тандурустии ноҳия аз ӯ сабақ омӯхта, имрӯзҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия фаъолият доранд. Соли 2013 дар шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт зиёда аз 700 ҷарроҳӣ гузаронида шуда, аксари амалиёти ҷарроҳӣ таҳти роҳбарии  Хайрулло Ғиёсов доир мегарданд.

Хайрулло Ғиёсов Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои категорияи духтури дараҷаи олӣ мебошад.

Дар суҳбат Хайрулло Ғиёсов иброз намуд, ки барои боз ҳам беҳтар ва хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии  тиббӣ на танҳо ба аҳолии ноҳия, балки ба аҳолии минтақаи Рашт, дар назди беморхона сохта ба истифода додани як маркази ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат бисёр ба маврид мебуд. Боварӣ дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ин пешниҳод амалӣ хоҳад шуд.

ДАР СУРАТ: Хайрулло Ғиёсов бо ҳамкоронаш (аз рост дуюм).

Матн ва сурати М.Ризвонов