Фарҳанг

Ғаввосони уқёнуси нопайдоканор

№58 (3204) 03.06.2014

Яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми Федератсияи Россия академик В.Беляев гуфтааст, ки Шашмақом баландтарин қуллаи тараққиёти маданияти мусиқии тоҷик аст. Он аз бузургии заковату эҷодкории халқи тоҷик ва ғановати фавқулодда ва беҳудуди ин мардум шаҳодат медиҳад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ансамбли Шашмақоми Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ 12 майи соли 2000 ба шарафи 50 — солагии таъсисёбии ин ансамбл содир гардид. Аз ин рӯ, тайи 14 сол аст, ки 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар тамоми кишвар ботантана таҷлил мешавад.

Истаравшан дар радифи дигар марказҳои илмию адабию фарҳангии Осиёи Марказӣ, аз қабили Самарқанду Бухоро, Исфараю Ҳисори Шодмон, аз мавзеъҳое аст, ки дар таърихи санъату тамаддунаш Шашмақом мақоми арзанда дорад. Замони шӯравӣ Саъдулло Азизбоев, Гадойбой Абдуллоев, Акбар Пӯлотов, Наимҷон Маҳкамов, Ҷӯрабек Умаров, Саттор Маматқулов, Ислом Икромов, Тошбой Салимов, Шарифҷон Сангинов, Мирзо Бобоноров ва бисёр дигарон барои ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик, аз ҷумла Шашмақом, саҳмгузор буданд ва иддае аз онҳо имрӯз ҳам бори мушкили санъати тоҷикро ба дӯш доранд. Дар байни онҳо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Почокалонов низ ҳаст, ки аз мактаби Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхӯҷа Баҳодуров гузаштааст.

Ҳабиб Почокалонов аз айёми хурдсолӣ ба санъат дилбастагии калон дошт. Рубоб менавохту дар пайравии ҳофизони номии кишвар Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Карим Қосимов ва Ҷӯрабек Набиев суруд месароид.  Номбурда беш аз 30 сол инҷониб рӯзгори хешро билкул ба санъати тоҷик бахшида, солиёни зиёд аст, ки сарварии мақомхонони шаҳри Истаравшанро ба уҳда дорад. Дастаи мақомхонони ин шаҳр таърихи куҳан дошта, замони шӯравӣ дар кори тарбияи як идда санъаткорон хизмати босазо анҷом додааст.

Соли 2001 дар асоси қарори раиси ҳамонвақтаи шаҳр Ҷумъа Зокиров дастаи шашмақомхонон расмӣ ба қайд гирифта шуд. Ин даста тӯли 13 соли фаъолият дар бахши шашмақомхонони наврас 15 нафар ва дар бахши ҷавонон ҳашт нафарро тарбия карда, ба ҷодаи санъат раҳнамун намудааст. Имрӯз ҳам дар ҳайати ин даста дар гурӯҳи наврасон, ки дар мактаби санъати шаҳр фаъолият мекунад, 13 нафар ва дар гурӯҳи ҷавонон чор нафар дилбохтагони санъати тоҷик касб меомӯзанд.

Роҳбари дастаи «Шашмақомхонони Истаравшан» Ҳабиб Почокалонов дар радифи сарварии даста ва тарбияи насли наврасу ҷавон худ дар фестивал-озмунҳои мақомхонони вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар ин ҷода комёб шудааст. Соли 2006 аъзои гурӯҳи наврасони ин даста Фаррух Қурбонов ва Абдураззоқ Шукуров дар озмуни байналмилалии мақомхонон, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, фаъолона иштирок карда, сазовори туҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанг гаштанд. Солҳои 2011, 2012, 2013 шогирдони дастаи мазкур Фаррух Қурбонов, Фарҳод Мақсудов ва Сарфароз Почокалонов дар озмуни телевизионии Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон»-«Овози тиллоӣ» ҷойи аввалро ишғол карда, сазовори туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

-То ин дам аъзои дастаи мо қисми «Мақоми Бузург» ва «Наво»-ро тайёр кардаанд, ки аз 12 суруд иборат мебошад. Гузашта аз ин, овозхонон сурудҳои алоҳидаи зиёде аз Шашмақом ва сурудҳои классикӣ, ба монанди «Нимчӯпонӣ», «Бебокча», «Уфари ороми ҷон», «Сарахбори ороми ҷон», «Қӯшчинор», «Гулизорам»-ро аз худ карда, пешкаши тамошобинон намуданд, Барои таҳияи либосҳои саҳнавии аъзои ансамбламон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағ ҷудо кард ва онҳо дар Рӯзи Шашмақом — 12 май бо либосҳои нав ва барномаи нави консертӣ иборат аз даҳ суруд баромад карданд. Ин сурудҳо «Талқини баёт», «Бебокча», «Чапандози наво», «Дил кандӣ аз ман», «Хандида меояд», «Чапандози ушшоқ», «Соқиномаи савти калом», «Уфари муғулчаи наво» ва ғайра мебошанд, ки ба наздикӣ омода сохтем,-мегӯяд Ҳабиб Почокалонов.

Тӯли 13 соли мавҷудияти ансамбл тарбият ёфтани 20-22 нафар санъаткорони ҷавону наврас дар мактаби мо шояд дар назари ашхоси аз асолати ин мероси гаронбаҳо дур каму ночиз намояд, вале яке аз донандагони Шашмақом Фурқат Саидов навиштааст, ки «Пайкарасозони мусиқии асили тоҷикӣ-Шашмақом паямбаронеанд, ки таронаю сурудҳояшон аз боло ба поён омадааст ва аз онҳо бӯйи ниёкон ба машом мерасад. Савту навоҳояшон ирфонист ва торҳои пардаҳои танбӯрашон шунавандаро ба гузаштаи дури таърихӣ мебарад».

-Шашмақом,- ба назари ман,- мисли як уқёнуси беканорест, ки ғаввосони он ба канори соҳили он расида наметавонанд. Ин ганҷинаи миллиро миллате соҳибӣ карда метавонад, ки бомаърифат бошад. Касе дар ҷодаи ин санъати асил болодаст шуда метавонад, ки дар баробари лаҳни хушу овози дилкаш, маҳорату истеъдоди сарояндагӣ аз ашъори ноби классикон, мисли Рӯдакию Ҳофиз, Саъдию Анварӣ ва Ҷомиву Аҳмади Дониш бархӯрдор бошад.

Мусиқии одиву сода бо як-ду дафъа гӯш кардан ҳифз мешавад, вале барои дарки оҳангҳои Шашмақом калому сухан нақши муҳим мебозанд. Барои дарки Шашмақом ба умқи сухан бояд фурӯ рафт, дарки маънӣ бояд кард. Каломи мақомхон бояд буррою фаҳмо бошад.

Хушбахтона, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи Шашмақому Фалак таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Ҳаддалимкон кӯшиш менамоем сазовори чунин боварии Президенти кишвар гардем ва бо роҳи таълиму тарбия ва омода сохтани кадрҳои арзанда наслеро боқӣ гузорем, ки идомабахши кори ниёкони худ бошанд. Шашмақом ҳамчун асари ҷовидонӣ боз ҳазорсолаҳо ба мардуми маърифатпарвар хидмат хоҳад кард, — гуфт дар охири суҳбат сарвари дастаи «Шашмақомхонони Истаравшан» Ҳабиб Почокалонов.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»