Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№ 02.06.2022

Россия аз системаи маорифи болон мебарояд

Россия- Фраксияҳои Думаи давлатӣ пешниҳоди хориҷ шудани Россияро аз системаи маорифи Болон дастгирӣ менамоянд, — изҳор дошт Раиси палатаи поёнии парламенти Федератсияи Россия Вячеслав Володин чанде пеш зимни ҷаласаи пленарӣ.

Бино ба таъкиди ӯ, ­масъала бояд ҳар чӣ зудтар мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

В. Володин пешниҳод намуд, ки шашуми июни соли равон зимни баррасии масъала вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Валерий Фалков низ ба ҷаласаи парламент даъват карда мешавад.

РИА «Новости»

 

Қолибоф дубора раиси парлумони Эрон интихоб шуд

ЭронМуҳаммад Боқир Қолибоф бори дигар ба вазифаи Раиси Маҷлиси (парлумони) Эрон интихоб шуд. Дар ин бора 25 майи соли 2022 ширкати телевизионии IRIB хабар дод. Ба иттилои манбаъ, 194 вакили парлумон ба ҷонибдории Қолибоф раъй дода, рақиби ӯ Муртазо Оғо Теҳронӣ 53 овоз гирифт. Қолибоф бори аввал ду сол пеш — охири моҳи майи соли 2020 раиси маҷлиси қонунгузор интихоб шуд. Қаблан ӯ дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2020 бо касби 1 миллиону 200 ҳазор овоз пешсаф буд.

Муҳаммад Боқир Қолибоф 23 сентябри соли 1961 дар наздикии шаҳри Машҳад таваллуд шудааст. Аллакай дар 19 — солагӣ вай ба фаъолияти хизматӣ шурӯъ кард. Моҳи сентябри соли 2005 бо 8 раъй аз 15 овоз ба ҷои Маҳмуди Аҳмадинажод раиси пойтахти Эрон таъин шуда, тайи ҳашт соли роҳбарӣ симои шаҳри Теҳронро тағйир дод.

АМИТ «Ховар» 

 

Ба Конститутсияи Ӯзбекистон тағйирот дароварда мешавад

УзбкистонБарои ин комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шудааст. Тавре дар сомонаи парламенти Ӯзбекистон иттилоъ дода мешавад, 26 майи соли равон ҷаласаи нахустини комиссия доир гардида, дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ширкат карданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҳоло барои рушду тараққӣ ва демократикунонии кишвар, боз ҳам баланд кардани некуаҳволии мардум дар бисёр соҳаҳо ислоҳот идома дорад. Инчунин, ­тағйирот ба конститутсия ба таъмини ҳуқуқу ҳавасмандии инсон равона шуда, зимни он фикру дархости шаҳрвандон ба эътибор гирифта мешавад.

Сомонаи «Олий Мажлиси Ӯзбекистон»

Бо доғи судӣ минбаъд наметавон ронандаи мусофирбар шуд

ostanovil_inspektor_gibddДар Думаи давлатии Маҷлиси Федералии  Федератсияи Россия қонунеро қабул карданд, ки тибқи он, шахсоне, ки доғи судӣ доранд, аз рондани нақлиёти мусофирбар, ба мисли автобус, троллейбус, трамвай ва таксӣ, маҳрум хоҳанд шуд. Меъёрҳои қонуни мазкур на танҳо ба шаҳрвандони Россия, балки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ дахл дорад. Мувофиқи талаботи қонун, ронандагоне, ки айни ҳол дар нақлиёти мусофирбар кор мекунанд, бояд то якуми марти соли 2023 ба корфармо дар бораи доғи судӣ доштан ё надоштан маълумотнома пешниҳод намоянд.

Вобаста ба масъалаи зикршуда вакилони Думаи давлатӣ ба якчанд санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карданд.

 РИА «Новости»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»