Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тақвиятбахшӣ ба меъёрҳои танзимкунандаи соҳаи энергетика

№67 (4487) 02.06.2022

DSC_4484Якуми июни соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа шаш масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 13 майи соли 2004 дар Исломобод ба имзо расонида шуд

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия».

РАИС: — Ба баррасии масъа­лаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар хусуси Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 13 майи соли 2004 дар Исломобод ба имзо расонида шуд» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо намудани Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон «Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2005 таҳти №1307 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст.

Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 1 марти соли 2019 таҳти №77 маъқул дониста шуда, 17 сентябри соли 2021 аз тарафи намояндагони сатҳи олии ҳар ду ҷониб дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.

Дар асоси он муқаррароти моддаи 25 созишнома мукаммал карда шуда, махдудияти табодули иттилоот миёни тарафҳо ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои саркашӣ аз супоридани андозҳо бекор карда шудааст. Илова бар ин, тағйири дар доираи протокол ба созишномаи мазкур воридшуда ба мақомоти қонунбарор имконият медиҳад, ки маълумоти то ин ҷониб барои онҳо дастнорасбуда нисбат ба андозбандии резидентони давлатҳои аҳдкунанда дастрас гардад.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷониби Покистон ҷиҳати эътибор пайдо намудани лоиҳаи протоколи мазкур расмиёти дохилидавлатиро ба анҷом расонидааст.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиё­сиддин Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин Ашурзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 13 майи соли 2004 дар шаҳри Исломобод ба имзо расонида шуд, 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Қабули протокол барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо, инчунин рафъи маҳдудиятҳои табодули  иттилоот байни тарафҳо дар асоси тағйироти воридгардида ба роҳ монда мешавад.

Созишномаи мазкур бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2005 таҳти №1307 ба тасвиб расида, 6 майи соли 2005 эътибор пайдо намудааст.

Лоиҳаи протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаи 25 созишнома, ки аз ҷониби Покистон пешниҳод шудааст, дар доираи муқаррароти модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия гардидааст.

Протоколи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карданд. Он тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покис­тон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 13 майи соли 2004 дар Исломобод ба имзо расонида шуд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШУРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъиятҳои саҳомӣ бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли минбаъдаи масъалаи дар ин самт ҷойдошта лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» таҳия гардид.

Омӯзиши таҷрибаи таъсиси ҷамъиятҳои хоҷагидор бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собит кард, ки тибқи қонунгузории танзимкунандаи соҳа, таъсиси ҷамъият бо иштироки мақомоти давлатӣ дар сурати дар қонунҳо пешбинӣ нагардидани тартиби дигар, маҳдуд карда шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 69 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта буданро надоранд.

Дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», мақомоти давлатӣ, агар дар қонунҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, муассиси ҷамъияти саҳомӣ буда наметавонад. Аммо дар таҷриба зарурияти таъсиси чунин ҷамъият бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Бо мақсади пурра гардонидани истиснои пешбинигардида ва бартараф намудани норасоии ҷойдошта ба қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» муқаррароти нав илова шуда, мутобиқи он, минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати муассиси ҷамъиятҳои саҳомӣ баромад намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъият бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли минбаъдаи масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба қисми 1 моддаи 12 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда мешавад: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати муассисаи ҷамъияти саҳомӣ баромад намояд».

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, 5 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар кумита бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШУРИЁН:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли минбаъдаи масъалаи дар ин самт ҷойдошта лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» таҳия гардид.

Омӯзиши таҷрибаи таъсиси ҷамъиятҳои хоҷагидор бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки тибқи қонунгузории танзимкунандаи соҳа, таъсиси ҷамъият бо иштироки мақомоти давлатӣ дар сурати дар қонунҳо пешбинӣ нагардидани тартиби дигар маҳдуд карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 69 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи иштирокчии ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони ширкатҳои ба боварӣ асосёфта буданро надоранд.

Дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳақ надоранд, ки иштирокчии ҷамъият бошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон қоидаи дигарро муқаррар накунад. Aммo, дар таҷриба зарурияти таъсиси чунин ҷамъият бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Бо мақсади пурра гардонидани истиснои пешбинигардида ва бартараф намудани норасоии ҷойдош­та ба қисми 2 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» муқаррароти нав илова шуда, мутобиқи он, минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд баромад намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ, дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида, хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он ҷиҳати ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъият бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли минбаъдаи масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба қисми 2 моддаи 8 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда мешавад: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати иштирокчии ҷамъият баромад намояд».

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, 5 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумита бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур иҷрои банди 40-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии қонуни «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар солҳои 2021-2025 мебошад, ки он такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмуриро дар самти назорати маводи нашъаовар пешбинӣ менамояд.

Гарчанде ки дар моддаи 206 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан пешбинӣ гардида бошад ҳам, вале дар амал татбиқ намудани он бо дарназардошти мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқӣ имконият надорад. Яъне, Кодекси ҷиноятӣ рӯйхат ва миқдори моддаҳои сахттаъсир, ки барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ бояд фаро расад, пешбинӣ накардааст.

Ҳамчунин, дар моддаҳои 23, 206, 2061, 224 ва 289 Кодекси ҷиноятӣ калимаи «заҳролуд» ба калимаи «заҳрнок» бояд иваз карда шавад. Зеро калимаи «заҳролуд» дар фарҳанги забони тоҷикӣ дигар маъно дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи кишварҳои ИДМ ба инобат гирифта шуда, пешниҳод мешавад, ки аз банди «б)» қисми 3-и моддаи 206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «ё заҳролуд» хориҷ карда шаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади таҳияи он таъмини иҷрои банди 40 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2030» дар солҳои 2021-2025, ки такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмуриро дар самти назорати маводи нашъаовар пешбинӣ менамояд, мебошад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур барои мутобиқ намудан бо Фарҳанги забони тоҷикӣ дар моддаҳои 23 (Синну соле, ки аз он ҷавобгарии   ҷиноятӣ фаро мерасад), 206 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 2061 (Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд), 224 (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо) ва 289 (Қочоқ) ҳамин Кодекс калимаи «заҳролуд» ба калимаи «заҳрнок»  иваз карда шудааст.

Инчунин дар моддаи 206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  эзоҳ бо мазмуни зерин: «Эзоҳ: Рӯйхатҳои моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок, инчунин миқдори калони моддаҳои сахттаъсир барои мақсадҳои ҳамин модда ва дигар моддаҳои дахлдори Кодекси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.» илова карда шудааст, зеро дар Кодекси ҷиноятӣ руйхат ва миқдори моддаҳои сахттаъсир, ки кирдори ҷиноятиро муайян кунад, пешбинӣ нашудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиётро, тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 9 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 6-то қабул ва қисман қабул шуда, 3-то қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

 Аз шумо вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзодадода мешавад. Марҳамат.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, тибқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Шарифҷон Ҷумъазода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Дилрабо Мансурӣ, Амонулло Хайрулло, Аҳмадзода Бахтиёр, Маҳмудзода Музаффар ва Наҷмиддиниён Файзулло дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикии кишвар, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат ва рушди механизмҳои идоракунии соҳа таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Мақсади пешниҳоди он тақвият бахшидан ба меъёрҳои танзимкунандаи соҳаи энергетика, мутобиқгардонии истилоҳоти истифодашаванда ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Чунончи, тибқи лоиҳа, ба моддаи 2 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика – мақомоти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи энергетика амалӣ менамоянд» илова карда шудааст.

Бо дарназардошти муайян намудани самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика, тибқи лоиҳа, моддаи нави 51 илова карда шудааст, ки дастгирии давлатӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад: мусоидат дар ҷалби сармоягузорӣ, мусоидат ба тарҳрезӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, маблағгузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ, мусоидат ба таъмини фаъолияти иттилоотӣ, мусоидат ҷиҳати ташкил ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ ва самтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, бо мақсади мушаххас намудани салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика пешниҳод шудааст, ки дар ном ва муқаддимаи моддаи 6 калимаҳои «дар энергетика» ба калимаҳои «дар соҳаи энергетика» иваз карда шаванд.

Инчунин, пешниҳод мегардад, ки дар қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои «мақоми ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ» иваз карда шаванд.

Бо дарназардошти танзими асосҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии татбиқшавии барномаҳои гуногуни мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика ва густариши муносибатҳо оид ба таъминоти илмию техникии соҳаи мазкур, тибқи лоиҳа, ба қонун моддаҳои 181 ва 182 илова карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонун ба боби 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» моддаи 191 оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи энергетика низ илова карда шудааст, ки он бо мақсади густариши муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи энергетика пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021 таҳти №984 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуд.

 Зимни баррасӣ кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 43 таклиф пешниҳод карданд, ки дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 20-тои он қабул, 16-то қисман қабул ва 7-тояш қабул нашуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба боби 5 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» шурӯъ менамоем.Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффар Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани  тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» мувофиқ ба талаботи   моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, Ш. Ҷумъазода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Қосим, Д. Мансурӣ, А. Хайрулло, Б. Аҳмадзода, М. Маҳмудзода ва Ф. Наҷмиддиниён дар партави  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои   таъмини   амнияти  энергетикии  кишвар, таҳкими  иқтидори  энергетикии    мамлакат  ва  рушди  механизмҳои   идоракунӣ, таҳия  ва  пешниҳод  карда шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун муқаддимаи он дар таҳрири нав пешниҳод гардида, мафҳумҳои дар моддаи 1 қонуни мазкур истифодашаванда, аз қабили «манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва оператори шабакаи энергетикӣ» дар таҳрири нав ифода карда шуданд. Ҳамчунин, пешниҳод мегардад, ки дар матни моддаи 2 калимаи «Сарқонун» хориҷ ва дар   қисми 1 моддаи 9 калимаи «қаламрави» ба қалимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.  Инчунин, тибқи қисми 5 лоиҳа, пешниҳод мешавад, ки дар сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 14 калимаҳои «бо захираҳои манбаъҳои энергия» ба калимаҳои «ба захираҳои ин манбаъҳои энергия» иваз карда шаванд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ   аз таклифҳои пешниҳодшуда 11-то қабул, 3-то қисман қабул ва 3-тои дигар қабул нашуданд.

Кумитаи масъул 12 майи соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуданд.

Тағйироту иловаи пешниҳодгардида қонуни амалкунандаро мукаммал намуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад ва татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён намуда, ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ