Вақте дар боби таъриху тамаддуни башарият сухан меравад, маро ҳамеша эҳсоси ифтихор аз он фаро мегирад, ки мо, тоҷикон метавонем даъво дошта бошем, ки таърихи миллат куҳантар ва ба аввалин инсон наздиктар аст. Ин ҳақиқатро бузургтарин шоҳкории мусиқӣ — «Шашмақом», ҳунарманде мисли Борбади Марвазӣ ва созҳои мусиқиамон низ собит менамоянд. Номи аксар созҳои мусиқӣ, амсоли дафу барбат, тор, дутору сетор, танбӯр, най, сурнай, карнай, уд, меҳтар, доира ва ғайра сирф тоҷикианд. Вале…
Афсӯс, ки пайдо кардани ин созҳо дар кишвар сол то сол хеле душвор шуда истодааст.
Нолаи пурдарди най фазои атрофро пур карда, водор менамояд, ки аз байни издиҳоми мардум бигзарам ва ҷониби садои навозиши зебо қадам занам. Зери сояи дарахти бузург пирамарди резапайкаре най менавозад. Китфонаш меларзанд. Дар наздаш рӯймолак боз аст, ки рӯи он чизе нест…
Дақиқае сипарӣ нашуда, пирамард навозишро қатъ мекунад ва бо душворӣ аз ҷой бархоста, найро даруни ҷелак, болои синааш мегузорад. Ба рӯймолак ва атроф нигоҳ наафканда, аз бозор дур меравад.
-Ин бечора гадо нест. Гадоӣ ҳам карда наметавонад, — гуфт марди миёнсоле дилсӯзона. Устои гулдаст аст. Най метарошад. Мегӯянд, ки падараш Усто Назар дар гирду атроф машҳур буд. Писараш бо касби меросӣ бекор монд…
Пас аз шунидани навозиши зебо ва қиссаи рӯзгори устои найтарош ба бозор медароям, ки най пайдо намоям. Вале дар ягон мағоза ва кунҷе асбобҳои мусиқиро пайдо кардан мумкин нест. Умуман, дар пойтахти кишвар, ки аз сӯзан то дастгоҳу таҷҳизоти мураккаби рақамиро бидуни душворӣ ёфтан мумкин аст, вале пайдо намудани созҳои мусиқӣ мушкил аст. Аксар ҷавонон ва наврасон асбобҳои мусиқии миллиро намешиносанд. Дар даврони шӯравӣ қариб дар ҳар хона онҳоро пайдо кардан мумкин буд. Дар ҳар мактабу омӯзишгоҳ ва донишкада дастаҳои ҳаваскорони санъат таҷҳизоти зарурӣ ва созҳои мусиқӣ вуҷуд доштанд.
- Он замон дар ҳар ноҳия мағозаҳои «Култмаг» (мағозаи фарҳангӣ) вуҷуд дошт ва ҳар гуна сози мусиқиро пайдо кардан мумкин буд, — мегӯяд шоир ва рӯзноманигор Мирзо Рустамзода. — Масалан, падари ман ронандаи одӣ буд, лекин асбобҳои миллӣ — дутору рубоб менавохт. Ҳамин гуна ҳавас дар дили мани хурдсол ҳам пайдо шуду аз падар хоҳиш кардам, ки бароям рубоб харад.
Падарам аз ҳамсояамон Сайфулло Ҷағалов ном ягона шахсе, ки дар ноҳияи Фархор фортепианоро ҷӯр мекунад, хоҳиш менамояд, ки бароям рубоб пайдо намояд. Ба 30 сӯми шӯравӣ ин мард аз Тошканд бароям рубоби хеле хуб овард. Барои ҳамин номбурда маро «шогирд» мегӯяд…
Дар он айём мани кӯдак фикр карда будам, ки чаро дар Тошканд чунин рубоб сохта метавонанду дар Тоҷикистон не? Дар давраи нотинҷӣ бепарвоӣ кардаму ҳамон рубоб «ғайб» зад. Вагарна куҳнашавӣ надошт ва ҳозир ҳам онро навохтан мумкин буд.
Айёми донишҷӯӣ дар бозори «Баракат» чашмам ба торе афтод. Назди он се куҳансол нишаста буданд. Аз онҳо иҷозат пурсида, торро ба даст гирифтам. Тори хуб будааст. Фаҳмидам, ки онро дар маҳбас сохтаанд. Бисёр писандам афтоду онро ба 110 сӯм харидам, ҳарчанд барои донишҷӯ хеле гарон буд…
Сохтани асбобҳои мусиқиро хуб ба роҳ мондан лозим аст. Он ҳам тиҷорати хуб аст, ҳам муаррифии фарҳанги миллат. Бояд мағозаи махсуси калон дар маркази пойтахт сохта шавад. Чаро дар пойтахт мағозаи «Шикорчӣ» ҳасту «Созҳои мусиқӣ» не?
Алҳол қариб дар ҳама тӯй садои карнайро шунидан мумкин аст. Онро асосан устоҳои истаравшанӣ, Ӯзбекистон ва Хитой месохтаанд. Тибқи баҳои навозандагон, карнайи хитоӣ сабук ва фулузоташ тунук, ӯзбекӣ бошад, нисбатан вазнинтар аст. Созҳои мисгарони истаравшанӣ ба навозандагон бештар хуш меояд ва навохтанаш низ осон аст. Вале пайдо намудани онҳо душвор аст.
Барои ошноӣ пайдо намудан бо созҳои мусиқие, ки дар собиқ «Универмаги марказӣ» ба фурӯш гузошта шудаанд, ба ин даргоҳ сар халондем. Дар ду бахши фурӯшгоҳ — гӯшаи армуғонҳо ва асбобҳои мусиқӣ баъзе аз асбобҳоро харидорӣ кардан мумкин аст. Вале имкони интихоб ниҳоят кам аст. Дар гӯшаи армуғонҳо танҳо як дутор ва дар дигар, на беш аз 10 сози мусиқӣ- дутор, сетор, рубоб, танбӯр, тор ва доираро дидем. Намуду теъдоди гиторҳо аз 10 беш буд.
Боиси хушнудист, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ ба масъалаи эҳё гардонидани ҳунарҳои гуногуни созтарошӣ ва оммавӣ гардондани созҳои мусиқии миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бино ба гуфти сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат Нуралӣ Мирзоалиев, ду шарти озмуни чанде пеш анҷомёфтаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2021» навохтани созҳои нодири миллӣ (қонун, қушнай, арфа, уд, меҳтар ва ғайра) буд.
- Тадбирҳои солҳои охир андешидашуда ба рушди соҳа мусоидат намуд, — афзуд номбурда. — Масалан, солҳои пештар сози қушнай қариб аз байн рафта, арфа, уд хеле кам буданд. Ҳоло навозандагон бо ҳамин созҳо дар озмун ширкат меварзанд. Дар оянда омӯзиши онҳоро дар мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳо ва мактаб-интернатҳои махсуси мусиқӣ ба роҳ мондан лозим аст, то ин ки дар базму тантанаҳои мардум на танҳо «YAMAHA» ва созҳои барқӣ, балки арғунун, най, ғиҷак низ садо диҳанд.
- Вақте дар мавзӯъҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ сухан мегӯем, эҳёи асбобҳои мусиқӣ, ки ба фарҳанги мусиқии мо алоқаманд аст, набояд аз мадди назар дур бошад. Мутаассифона, алҳол намунаҳои аксари онҳоро дар осорхона дидан мумкин аст. Мағозаи махсус барои фурӯши асбобҳои мусиқӣ вуҷуд надорад.
- Дар хонаи мо ҳам асбоби мусиқӣ мавҷуд буд. ҳарчанд онро касе наменавохт, вале муҳим он аст, ки дар он айём мардум имкони пайдо намудани созҳои мусиқиро доштаанд, — гуфт директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода.
Андешаҳои Обидҷон Саидзодаро Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Бобохон Сатторӣ дастгирӣ намуда, гуфт: — Вақти он расидааст, ки маркази фурӯши асбобҳои мусиқии халқӣ, касбӣ ва аврупоӣ дошта бошем. Дар хонаи мо пианино, дутор, рубоб ва таблак мавҷуданд. Ҳол он ки аз авлодамон касе навозанда набуд.
Ташаккур ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ». Дар ҳамовозӣ ба он метавонем ҳунарҳои мардумиро эҳё намуда, фарҳанги миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.
Пурсишҳо нишон доданд, ки айни ҳол ҳунармандони касбӣ низ ҷиҳати дастрас намудани созҳои мусиқӣ ва таъмири онҳо ба мушкилӣ мувоҷеҳанд.
- Ба ҳайси овозхон фаъолият дорам, мегӯяд корманди Ансамбли «Сомон»-и назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Аҳлиддини Ҳусейн. — Асбобҳои миллӣ, аз ҷумла, рубоб, дуторро менавозам. Аввалин дуторро аз усто Саидислом харидорӣ кардам ва барои таъмири он баъзан наздаш меравам. Навозандаҳои дигар ҳам ё назди ягон усто мераванд ё ба ширкатҳои «Армуғон»-у «Созтарош» муроҷиат мекунанд. Барои таъмири асбоб, бо вуҷуди он ки хонаҳои устоҳоро медонем, ду-се ҳафта овораву сарсон мешавем.
Хулоса, Душанбеи азизамон, ки муаррифгари таъриху тамаддуни миллат аст, ба маҷмааи бузурги созҳои мусиқӣ ниёз дорад, ки дар он ҷиҳати истеҳсоли асбобҳои мусиқии миллӣ, фурӯш ва таъмири онҳо ва гузаронидани озмунҳо шароит муҳайё бошад.
Н. НИЗОМӢ
«Садои мардум»