Неруи эҷодии инсон кафили имконоти азими такомули фарҳангӣ ва ақлониву маънавӣ, равобит ва ҳамкории густурдаи халқу кишварҳо ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Бузургтарин офаридаҳои моддиву маънавии башарият маҳсули хираду заковати инсонӣ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон ба масъалаи густариш ва рушди сармояи ақлонӣ ва моликияти зеҳниии инсон диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, фаъолияти эҷодӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ як қатор чорабиниҳо андешида шудаанд Ҳуҷҷати муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар моддаи 40-уми он омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.
Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.
Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».
Яке аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ин дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 зикр намуданд: «Мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти неруи инсониро ҳал намоем».
Дар кишвар «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» қабул карда шудааст ва дар он самтҳои асосии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаву идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати тақвияти неруи инсонии мамлакат, аз қабили «Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, рушди неруи ақлонӣ», «Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ», «Такмил ва рушди инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он», «Пешгирӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ», «Ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди низоми соҳаи моликияти зеҳнӣ» ва ғайра муайян карда шудаанд.
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳифз ва истифодаи самарабахши натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар иқтисодиёт, бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, банақшагирии чораҳои махсус дар давраи кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо муайян намудани вазифаҳои аввалиндараҷа, ҳамоҳангсозии вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» таҳия шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бешубҳа, баргузорӣ, ташкили тадбир ва чорабиниҳо барои таъмини фаъолияти самараноки системаи миллии моликияти зеҳнӣ, рушди эҷодиёт, устувории кишвар дар сатҳи байналмилалӣ бо сифати шарики баробарҳуқуқ, сохтори заминаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Аҳмадалӣ ҲАМИДОВ, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон