Иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД

№69 (4489) 07.06.2022

6 июни соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаро Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин кушода, иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт. Сипас, раисони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳо «Оид ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон оид ба муқовимат ба мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ дар заминаи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати ҷумҳурӣ дар СААД, солҳои 2021-2022», «Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои ҷаласа (сентябри 2021)-и Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва фаъолияти он дар давраи байни иҷлосияҳо», «Дар бораи чораҳои такмили таъминоти ҳуқуқии фаъолияти сулҳҷӯёнаи кишварҳои аъзои СААД», «Дар бораи таҳияи стандарти ҳуқуқии ҳифзи интихоботи демократӣ, равандҳои интихоботӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзо аз дахолати хориҷӣ, аз ҷумла бо дарназардошти мушкилоти рақамӣ дар соҳаи ҷамъиятию сиёсӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи рӯз, ҷойи гузарондани маҷлиси навбатии Шӯро ва ҷаласаи понздаҳуми пленарии Ассамблеяи парлумонии СААД ва номгӯи масъалаҳое, ки ба лоиҳаи рӯзнома дохил карда мешаванд» шарҳу тавзеҳ ёфтанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад нахуст ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ален Симонян ва Раиси АП СААД Вячеслав Володин барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати сафари дӯстонаи ҳайати парлумонии Тоҷикис­тон ва баргузории ҷаласаи Шӯро миннатдорӣ баён намуд.

Сипас иброз дошт, ки баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро ва қабули қарорҳои дахлдор роҷеъ ба онҳо барои таҳкими минбаъдаи амнияти кишварҳои аъзо заминаи устувор гузошта, самаранокии саҳми АП СААД — ро дар густариши ҳамкориҳои парлумонӣ собит хоҳад кард.

- Тоҷикистон минбаъд ҷонибдори таҳкими саҳми ҳамоҳангсози Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар заминаи таъмини амниятӣ мебошад. Парлумони Тоҷикистон аз талошҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Ассамблеяи парлумонӣ комилан ҷонибдорӣ мекунад. Умедворам, ки натоиҷи ин мулоқот омили дигари муассири таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳоямон хоҳад шуд, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар интиҳо аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул гардида, бастаи санадҳои нав ба имзо расиданд.