Ҳафт сол муқаддам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашта буд. Дар моддаи 1-уми ин қонун чунин омадааст: «Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст».
Таи ин муддат талаботи қонун дар амал татбиқ гашта, ҷашну маросим ва дигар маъракаҳои шаҳрвандон ба низом даромадаанд. Ҳама гуна чунин чорабиниҳо дар доираи меъёри қонун мегузаранд.
Аммо баъзе нафароне ҳастанд, ки барои намоишкорӣ ва худнамоӣ аз доираи талаботи қонун берун мебароянд. Дар қонун тарз ва муҳлати баргузории маъракаҳое, ки танҳо моҳияти оилавӣ ё фардӣ доранд, нишон дода шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 8-и қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки ҷашни зодрӯз таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Сиёвуш Саидов зодрӯзашро хилофи талаботи қонун баргузор намуд. Сиёвуш Саидов дар мурофиаи судӣ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ худро пурра гунаҳгор ҳисобида, иброз намуд, ки дар ҳақиқат рӯзи 26 феврали соли 2013 тахминан соати 19 дар тарабхонаи «Сомониён»-и шаҳри Душанбе зодрӯзи худро ҷашн гирифтааст. Дар ин ҷашн ҳамсинфон ва хешу таборонаш иштирок доштанд. Ғайр аз нафарони зикршуда рафиқонаш, ки хатмкардагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мебошанд, иштирок ва ҳунарнамоӣ карда, ӯро табрик намудаанд. Барои меҳмонон зиёфат ороста будааст.Сиёвуш Саидов дар тарабхонаи «Сомониён»-и шаҳри Душанбе ба ҳайси кабобпаз кор мекард, вале айни замон муваққатан бекор мебошад. Аз кирдораш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ӯ ҷазои сабуктар таъин карда шавад. Чунки шароити зиндагиаш вазнин аст, имкони пардохти маблағи ҷаримаро надорад. Агар имкони пардохти ҷаримаро надошта бошад, пас аз кадом ҳисоб дар тарабхона бодабдаба зодрӯзашро ҷашн гирифт?
Сиёвуш Саидов дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пешбинӣ мекунад, бо маводи парванда тасдиқи пурраи худро ёфт. Ҳолатҳои дар боло овардашударо ба инобат гирифта, ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, суд ба хулоса омад, ки кирдори Сиёвуш Саидовро бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намояд.
Ҳангоми интихоб ва таъини ҷазо, суд хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмуриро ба инобат гирифт.
Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ тибқи талаботи моддаи 49 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори ҳуқуқвайронкунанда Сиёвуш Саидов ин бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва сидқан пушаймонӣ изҳор намуданаш мебошад.
Моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмуриро дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то яксаду бист, ба шахсони мансабдор аз дусаду панҷоҳ то дусаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то панҷсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ намудааст.
Суд бо дастрасии моддаҳои 804-806 ва 813 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Саидовро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист.
Бо қарори суд Сиёвуш Саидов бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Нусратулло Садризода Абдулло, раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Самариддин Тураев, судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ