Ташаббус ва натиҷа

Аз нигаронии Президент то ба воя расидани 336 табиб

№70 (4490) 09.06.2022

Аввалин хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба сафи пизишкони кишвар пайвастанд

IMG_8831Моҳи январи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат таъминот бо мутахассисони соҳаи тибро дар кишвар, бахусус дар вилояти Хатлон нигаронкунанда арзёбӣ карданд.

 Барои рафъи мушкил ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода шуд, ки «барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд…».

Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми феврали соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфта, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Қурбон Убайдулло Абдулло ректор таъин гардид.

Номбурда роҳбари поквиҷдон, табибе, ки ба маънои томаш ҳабиби беморон аст ва шахсияти барӯманд буда, зиёда аз 10 сол роҳбарии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба зимма дошт ва дар ин боргоҳи тарбияи табибон аз худ номи нек ва ободии зиёд боқӣ монд.

Ҳар сол аз ҷониби ӯ бомуваффақият анҷом ёфтани беш аз 500 ҷарроҳии нисбатан душвор, дар маҷмӯъ, ба чоп расонидани 6 китобу 6 монография, зиёда аз 480 мақолаи илмӣ, зери роҳбариаш ҳимоя гардидани 15 рисолаи номзадӣ, соҳиби 17 патент, зиёда аз 84 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан ва ғайра бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст.

Чоруми марти соли 2016 раёсати муваққатӣ бо 11 нафар ташкил шуда, дар муддати кӯтоҳ вазифаҳои аввалиндараҷа, аз қабили таъсиси зерсохтор, коркарду таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баргузории аввалин маъракаи қабули довталабон, ташкили озмун барои ба кор ҷалб намудани омӯзгорон дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расид.

Дар ин замина имкон фароҳам шуд, ки якуми сентябри соли 2016 таълиму тарбия дар донишгоҳ оғоз шавад. Қобили зикр аст, ки дар давоми шаш сол тамоми самти фаъолият зина ба зина ташаккул ёфта, дар баробари корҳои таълимиву тарбиявӣ, ҳамчунин фаъолияти илмӣ, байналмилалӣ ва муолиҷавии донишгоҳ низ, тибқи талаботи мавҷуда, ба роҳ монда шуд.

Чунин аст таърихи таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки сеюми июни соли равон аввалин хатмкардагони он баҳри ҳифзи сиҳатии мардум сафарбар шуданд.

Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар робита ба ин рӯйдод доир шуд, Қурбон Убайдулло Абдулло аз таваҷҷуҳу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон баҳри шаклгирии фаъолияти донишгоҳ ёдовар шуда, ин омилро заминаи асосии ноил гардидан ба дастовардҳо арзёбӣ кард.

Зикр шуд, ки ҳоло дар донишгоҳ 9 шуъба, 2 шӯрои илмӣ, 3 марказ, 3 факултет, 18 кафедра, 2 коллеҷ, китобхона, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ ва дармонгоҳи донишҷӯён фаъол буда, теъдоди омӯзгорону кормандони донишгоҳ 301 нафар аст.

Аз он қаноатмандӣ гардид, ки аз ин шумора 162 нафар (54,3%) — ро  профессору омӯзгорон ташкил медиҳад. Шумораи донишҷӯён 2205 нафар буда, аз 49 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Аз марҳилаи аввали фаъолият ёдовар шуда, нотиқ, минҷумла, гуфт, ки он вақт аз 1633 довталаб 353 нафар донишҷӯ гардида буданд.  Аз ин теъдод 58 фоиз   ба вилояти Хатлон, 19 — Суғд,  0,6  — ВМКБ, 11  — ноҳияҳои тобеи марказ ва 11 фоиз  ба  шаҳри Душанбе рост меояд.

Маълум гардид, ки имтиҳонҳои хатмро 336 донишҷӯ,  аз ҷумла факултети тиббӣ  144 нафар, стоматологӣ  — 62 ва факултети педиатрӣ  130 нафар бомуваффақият супориданд. Бо дарназардошти  натиҷаи аттестатсияи давлатии хатм 46 нафар (ё 13,4 %) соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Ҷолиб он аст, ки муҳассилини донишгоҳ зодагони минтақаҳои гуногуни кишвар буда, ин омил дар тақвияти дӯстӣ низ саҳим аст. Иттилоъ гирифтем,  ки аз ҷамъи хатмкунандагон 43 нафар сокини шаҳри Душанбе, 186  — вилояти Хатлон, 72- вилояти Суғд, 3 – ВМКБ ва 32 кас зодаи ноҳияҳои тобеи марказ мебошанд.

Дар фарҷоми суханронӣ Қурбон Убайдулло Абдулло ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ҳамкории судманд арзи сипос намуд.

Ректор ҳамрадиф бо миннатдорӣ ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дастгирии пайваста, аз таваҷҷуҳу дастгирии волидайни хатмкунандагон ёдовар шуда, ба хатмкунандагон дар иҷрои касби пуршарафи табибӣ муваффақият ва некномиро таманно намуд.

IMG_8934Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таъсис ва фаъолияти пурмаҳсули Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро идомаи мантиқии ибтикори дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон арзёбӣ карда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки онро таври бояду шояд арҷгузорӣ намоянд.

Зикр гардид, ки дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯйи кор омада истодааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас намуданашон танҳо орзу буд, таъминанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо тағйир ёфт.

Бо вуҷуди ин, ҳоло дар бахши тандрустии кишвар 3023 табиб намерасад. Изҳори боварӣ шуд, ки сафарбар шудани хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба коҳиш ёфтани норасоии пизишкон мусоидат менамояд.

- Фаромӯш набояд сохт, ки шумо ба сифати аввалин дастпарварони ин донишгоҳ дар таърихи он ҷойгоҳи хос касб намудед. Ин бароятон    ифтихору шарафи бузург буда, ҳамчунин масъулияти шуморо фузун  менамояд. Мутмаин бошед, ки кору пайкоратон пайваста зери таваҷҷуҳ қарор дошта, комёбиҳоятон боиси сарфарозӣ хоҳад шуд, — таъкид кард вазир.

Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро рӯйдоди фараҳбахш ва пураҳамият арзёбӣ карда, аз саҳми кормандони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар беҳбуд ёфтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ёдовар шуд.

Номбурда афзуд, ки дар баробари ба роҳ мондани таълиму тарбия ва  корҳои илмии дар  донишгоҳи навтаъсис Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон супориш дода буданд, ки роҳбарият ва кормандони он  дар ҳамкорӣ бо пизишкони маҳаллӣ фаъолияти табобатиро низ дар сатҳи хубу сифати баланд ва таври густурда ба роҳ монанд.

- Чун ҳарвақта аҳли Донишгоҳи тиббии Хатлон баҳри иҷрои супориши Пешвои миллат собитқадам буда, аз соли 2016 ба зиёда аз 1500 мариз аз рӯи 90 намуд, бори аввал дар шароити ноҳияи Данғара ҷарроҳии реконструктивӣ — пластикӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, тӯли шаш соли фаъолият   кормандони донишгоҳ 46 ҳазор ниёзмандро ташхису табобат карданд, — қаноатмандӣ кард  номбурда.

 Дар идомаи суханронӣ ­Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо иқтибос овардани суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд», хатмкунандагонро ба иҷрои рисолати касбӣ бо мадди назар доштани арзишҳои инсонӣ ва муқаррароти муошират талқин намуд.

- Шумо аз ҷумлаи ҷавонони хушбахт мебошед, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободу амн зиндагӣ ва таҳсил намуда, барои дар доираи имкон саҳмгузор будан зарфияти зиёд доред. Вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсониатон аст, ки аз шароитҳои фароҳамшуда самаранок  истифода намоед, — гуфт дар фарҷом   Раҳмон  Исломиддин Хайриддин.

Муовини  раиси  вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ  аз ҷойгоҳи баланди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ёдовар шуда, барои тақвияти андеша  миёни донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Хатлон аз рӯйи сифати таълим сазовори мақоми аввал гардидан ва «Донишҷӯи сол» шудани муҳассили ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро мисол овард. Мушоҳида мешавад, ки дар донишгоҳ роҳбарият ба нишондиҳандаҳои сифатӣ дар қиёс ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ афзалият дода, таъмини иштироки  донишҷӯён дар раванди  табобати беморон низ мадди назар аст.

Оид ба муассисаҳои таълимии соҳа дар вилоят сухан ронда, Ф. Шарифӣ, аз ҷумла гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 4 донишгоҳу донишкада ва 13 коллеҷи тиббӣ таъсис ёфтанд. Барои беҳбуд бахшидани сатҳи хизматрасонӣ низ кори зиёд амалӣ гардида, бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шудани 900 иншооти соҳаи тиб аз ҳамон ҷумла мебошад.

Дар идома муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулзода Маҳмадшоҳ қурбоналӣ ва ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ғоибзода Алиҷон ҷура суханронӣ ва дастоварду пешравиҳои ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро ситоиш карданд.

Сурудҳои ҳунармандони маҳбуб Давлатманд Холов ва Нигина Амонқулова ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати дигар бахшиданд.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»