Вохӯрии Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо Пак–Де Чул

№70 (4490) 09.06.2022

DSC_19948 июни соли 2022 ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии раиси Комиссияи экологӣ, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо ҳайати парлумони Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муҳити зист ва меҳнати Маҷлиси миллии он кишвар ҷаноби Пак – Де Чул вохӯрӣ намуданд.

Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагонро сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Дон Сок ҳамроҳӣ намуд.

Меҳмонон, ки баҳри иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаву самараноки он, рушди гидроэнергетика ва истеҳсоли «энергияи сабз» ибрози ақида намуданд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва экология, омӯзиши таҷрибаи тарафайни вакилон оид ба таҳияи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва муҳити зист, инчунин, доир ба ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Меҳмонон аз сафарашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла, зикр карданд, ки Тоҷикистон, дар ҳақиқат, макони обҳои тоза ва ширину мусаффо, пойтахти он — Душанбе шаҳри сарсабзу хуррам буда, сол то сол ободу зеботар гардида истодааст, ки аз рушди босуботи кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар интиҳо ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои экологӣ пешниҳодҳои муфид баён доштанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон