Вохӯрии Маҳмадалӣ Ватанзода бо Таро Ҳонда

№70 (4490) 09.06.2022

DSC_12047 июни соли 2022 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Таро Ҳонда мулоқот намуд.

Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо тайи 30 соли охир табодули андеша намуда, ҳамчунин, зикр карданд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳар ду кишварро 63 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф рушд ёфта, тавассути «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (JDS) амалӣ мегарданд. Омили дигари муҳим барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

DSC_1194Зикр гардид, ки Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония соли 2008 таъсис ёфта, барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ хизмат менамояд. Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Япония минбаъд низ дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар ва густариши робитаҳои байнидавлатӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Муовини вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Таро Ҳонда низ аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон изҳори хушнудӣ ва оид ба тақвияти ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва таъмини амнияти минтақа ибрози андеша намуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ