Дар бораи таъин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 14 августи соли 2022 таъин карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 8 июни соли 2022, № 165