15 декабри соли 1972 аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ 5 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист эълон ва шурӯъ аз соли 1973 ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамчун ҷашнвораи ҳифзи муҳити зист таҷлил менамояд. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё Шамс Назаров ҳамсуҳбат шуд.
- Чаро солҳои охир ба масъалаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи аҳли башар афзун гаштааст? Мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист аз чӣ иборат аст?
-Воқеан ҳам аҳли башар солҳои охир нисбати тағйирёбии иқлими сайёра ба ташвиш афтодааст. Дар асрҳои XX-XXI, бахусус аз нимаи дуюми асри гузашта сар карда, ҷомеаи башарӣ дар заминаи улуми техникӣ ва табиатшиносӣ бо суръати баланд пешрафт намудааст. Ин омил, пеш аз ҳама, бо истифода аз захираҳо ва сарватҳои маъмули табиӣ алоқаманд буд. Оқибат ин гуна муносибат ба он оварда расонид, ки қазияҳои гуногун дар муҳити зист ба амал омаданд. Масалан, тағйирёбии иқлим, вайроншавии қабати озони замин ва ғайра, ки бо раванди ифлосшавии муҳити зист алоқаманд мебошанд. Одамони ибтидоӣ ҳарчанд дарк накарда бошанд ҳам, нисбат ба одамони имрӯза дар зиндагии ҳамарӯзаашон принсипҳои экологиро таври амиқ истифода мебурданд ва ҳеҷ гоҳ худро аз табиати атроф ҷудо намекарданд. Ба фарҳанги одамони ибтидоӣ идеяҳои тотемизм хос буд. Тотемизм мазмунан пайвандии гурӯҳи одамон бо ягон унсури табиат ё мавҷудоти зиндаро ифода мекунад.
Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист аслан бедор кардани ҳисси ғамхорӣ нисбат ба ҳастӣ, ба олам, курраи замин ва ба муҳити зист маҳсуб меёбад. Дар арафаи ин тадбири ҳаётан муҳими экологӣ ҳамасола гузаронидани роҳпаймоиҳо, баргузор кардани озмунҳои гуногун, чорабиниҳои зиёд, ба монанди тоза кардани кӯчаву роҳравҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ва ғайра аз партову пасмондаҳо ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадааст.
-Тоҷикистон дар ҳал намудани масъалаҳои экологии умумибашарӣ чӣ тавр саҳмгузорӣ мекунад?
-Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуҳ конвенсияҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист шомил гардидааст, ки чортои он ба масъалаҳои истифодаи ҳавои атмосфера алоқаманд мебошад. Аз ҷумла:
1) Конвенсияи Киото «Оид ба паст намудани партовҳои газҳои парникӣ ва дастгирии чорабиниҳои мутобиқгардонӣ»;
2) Конвенсияи Вена «Оид ба ҳифзи қабати озони ҳаво»
3) Конвенсияи Стокголм «Оид ба «Пайвастагиҳои устувори органикӣ (СОЗ)».
4) Конвенсия оид ба «Ифлосшавии транссарҳадӣ дар масофаҳои калон (ТГЗБР)».
Шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияҳои мазкур маънои онро дорад, ки кишвари мо дар раванди баррасии мушкилоти мавҷудаи муҳити зист бетараф набуда, оид ба кам намудани партов ва таъсир ба муҳити зист чораҳои зарурӣ меандешад.
-Яке аз масъалаҳои ташвишовар дар миқёси ҷаҳон истифодаи захираҳои об, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи он мебошад. Тоҷикистон макони об аст. Манбаъҳои оби тозаи кишвари мо, ки дар ҷаҳон назир надорад, чӣ тавр истифода мешаванд?
-Мехостам ёдовар шавам, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ дастгирӣ ёфтааст, муҳимтарин иқдом дар ҳалли масъалаи экологӣ ба шумор рафта, ҳоло баҳри дар амал татбиқ намудани он тамоми кӯшишу ғайрати кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гаштааст.
Суханрониҳои Сарвари давлат дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла дар Иҷлосияи 63 -юми Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи «Об ва санитария барои ҳама» аз сиёсати оқилонаи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Фаъолияти истифода ва ҳифзи захираҳои об дар солҳои охир асосан ба пешгирии ифлосшавии манбаҳои об, сарфакорона истифода бурдани он, ҳолати пармакунии чоҳҳои обгирӣ, назорат оид ба ҳолати иншооти обтозакунии канализатсионӣ ва сифати партовҳои обии корхонаҳои истеҳсолӣ, ташвиқу тарғиби донишҳои экологӣ, инчунин ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» равона карда шуда буд.
Бо мақсади муайян намудани таъсири партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»»-и шаҳри Турсунзода ҳудуди корхона ва то 15 км аз он дур таҳлил гардид. Натиҷаи ин таҳлилҳо нишон дод, ки дар панҷ соли охир нишондиҳандаи фтор дар таркиби обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ аз меъёр зиёд нест.
Мониторинги сифати дарёҳои Тоҷикистон — Сирдарё, Вахш, Панҷ, Зарафшон, Кофарниҳон, Варзоб, Қаратоғ ва Ширкент аз он шаҳодат медиҳад, ки нишондодҳои кимиёвӣ ва микробиологии ин дарёҳо ба талаботи стандарт ҷавобгӯй буда, ҳамаи ин дарёҳо манбаҳои асосии оби нӯшокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар дарёҳои Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон дар давраи боришот миқдори моддаҳои муаллақ аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шуда, дар таркиби оби дарёи Сир намакнокӣ аз меъёр андаке зиёд мебошад.
Яке аз манбаҳои ифлоскунандаи обҳои дарёҳои Тоҷикистон ин партовҳои обии иншооти обпартовсофкунанда ва безараргардонанда мебошанд. Фаъолияти чунин иншоот дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак, Кӯлоб, Хуҷанд ва Ёвон ба талабот ҷавобгӯй буда, вазъи иншооти шаҳракҳои Чкаловск, Табошар, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Қайроққум ва бисёр ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳбудиро металабанд.
-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини суботи экологӣ тайи солҳои охир қонун ва барномаҳои зиёд таҳия ва қабул гардиданд. Ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чӣ гуна аст?
-Бояд зикр намуд, ки тайи солҳои охир (2011-2013) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист якчанд қонунҳои зарурӣ қабул гардидаанд, ки асоситарини онҳо: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (2011); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» (2011); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ (2011); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (2011); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» (2011) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экпертизаи экологӣ» (2012) маҳсуб меёбанд.
Бо мақсади амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қарори дахлдор оид ба тасдиқи Консепсияи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Мақсади Консепсияи мазкур таъмини шароити мусоиди муҳити зист ва беҳтарсозии некуаҳволӣ, саломатии одамон ва таъмини истифодаи оқилонаи табиат мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ин Консепсия баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, беҳтар намудани сифати ҳавои атмосфера ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
-Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва таъмини риояи меъёри муҳити зист аст. Имрӯз оё дар ҳама ҷо меъёрҳои экологӣ риоя мешаванд ва назорат аз болои ин корҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Дар ин замина мехостам доир ба вазъи имрӯзаи муҳити зист дар минтақаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва атрофи он маълумот диҳед…
-Бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳавои тоза танзими муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» қабул гардидааст. Дар ин қонун ҳуқуқ ва вазифаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, масъулияти мақомоти дахлдор дар ин самт, масъалаҳои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии манбаҳои партов, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳо дарҷ шудаанд.
Назорати давлатии корхонаҳои саноатӣ дар мадди аввали вазифаҳои кумита ва дигар мақомоти давлатӣ меистад. Масалан, ба таври доимӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои гирду атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мониторинги экологӣ бурда мешавад. Натиҷаҳои ташхисҳои чанде пеш гузаронидаи Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии санитарӣ-саноатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лабораторияи соҳавии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» далели онанд, ки партовҳои заҳрнок дар дохили корхонаи мазкур дар ҳудуди меъёрҳои муқарраркардашуда қарор доранд. Дар хатти санитарӣ-муҳофизатии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бошад, консентратсияи партовҳо аз меъёри тасдиқшуда 5-10 маротиба кам мебошад. Дар даҳ мавзеи гирду атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» низ консентратсияи фториди гидроген аз меъёрҳо 8-10 маротиба кам аст. Яъне, таъсири манфии партовҳои корхона дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дида намешавад.
Дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» таърихи 5 июли соли 2013 санҷиши аудитӣ оид ба мутобиқати фаъолияти корхона ба меъёрҳои бехатарии экологӣ анҷом дода шуд. Аудити мазкур аз ҷониби ташкилоти маъруфи олмонӣ ТUV SAAR CERT (ТЮФ СААР СЕРТ) гузаронида шуда, дар он коршиносони Франсия, Литва ва Қазоқистон иштирок намуданд. Ҳолати бехатарии корхона хуб арзёбӣ гардида, ба он сертификати мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ (ISO 14000) дода шудааст.
-Тозаю озода будани муҳити атроф, аз ҷумла таъмини вазъи хуби экологӣ ба масъулиятшиносӣ ва дараҷаи маърифати ҳар як шаҳрванд вобаста аст. Бо вуҷуди он ки инсон ба обу ҳавои тоза ниёз дорад, худ ин неъматҳоро ифлос мекунад. Боз кадом омилҳо боиси ифлос гаштани ҳавои атмосфера мегардад?
-Нақлиёт яке аз сарчашмаҳои асосии ифлос гаштани ҳавои атмосфера мебошад. Кам гардидани партовҳо ба ҳавои атмосфера бо амалӣ шудани як қатор чорабиниҳо ҷиҳати ба низом даровардани партовҳои заҳрноки воситаҳои нақлиёт вобаста мебошад. Масалан:
- кам кардани партовҳои воситаҳои нақлиёт дар зиёда аз 148490 адад нақлиёти шаҳрвандон ба воситаи назорати инструменталӣ ва додани дастур барои ба танзим даровардани системаи бо маводи сӯхт таъмин намудани нақлиёт дар стансияҳои хизмати техникӣ;
- пешгирӣ ва бартараф кардани риоя нагаштани қоидаҳои боркашонӣ ва кашонидани борҳои чангкунанда — 16000 далел, ки нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ андешида, зуҳуроти номатлуб бартараф карда шуданд.
Дар масъалаҳои муносибат ба партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ мушкилиҳои муайяне мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо кумита пайваста кӯшиш менамояд. Дар самти истифода ва ҳифзи замин ва муносибат бо партовҳо таназзулёбии заминҳо, аз меъёр зиёд чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, ба талаботи экологӣ ҷавобгӯй набудани партовгоҳҳо дар ҷумҳурӣ ва дар қисмати зиёди маҳаллаҳои аҳолинишин мавҷуд набудани нуқтаҳои муваққатии партовнигоҳдорӣ аз ҷумлаи мушкилиҳоанд. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир ҳолати мелиоративии заминҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Барои мисол, то соли 2012 масоҳати умумии заминҳои шӯршуда 96615 гектарро ташкил медод, ки дар натиҷаи тоза намудани заҳбурҳои заҳкаш ин нишондиҳанда ба ҳолати 1 январи соли 2014 ба 91376 гектар расидааст. Бо ташаббуси кумита ва дастгирию маблағгузории ташкилотҳои байналмилалӣ, бо мақсади кам намудани таъсири партовҳои заҳрнок ба муҳити зист 40 см болои партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Конибодом хокпӯш ва шағалпӯш карда шудааст. Мушкилоти дигари ҳифзи муҳити зист ҳамзамон боз дар он аст, ки:
- партовгоҳи бисёр шаҳрҳои кишвар ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намебошад;
- дар деҳаҳо нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкунӣ ташкил карда нашудааст, партовҳои деҳот ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда намешаванд;
- дар бисёр ҷойҳо нуқтаи марказии қабули лампаҳои симобдори аз истифода баромада ташкил карда шуда бошад ҳам, ба талаботи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 ҷавобгӯй намебошад;
- дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот партовгоҳҳои ғайрирасмӣ зиёданд.
-Олами наботот қисми таркибии табиат ва муҳити зист маҳсуб меёбад. Дар мавриди ҳифз ва назорат дар соҳаи олами наботот чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
-Дар ин самт солҳои охир назорат хеле пурзӯр карда шудааст. Вале, баробари корҳои анҷомдодашуда, ҳоло ҳам ҳолатҳои буриши ғайриқонунии дарахтони ҷангалзорҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба чашм мерасад. Махсусан дар ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Фархор, Панҷ, Балҷувон, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Тавилдара ва Шаҳритуз буриши ғайриқонунии дарахтон бештар ба назар мерасад.
Дар мавсими ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахшу хӯрданибоб дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Норак, Ҳисор, Хуросон меъёрҳои барои ҷамъоварӣ муайяншуда риоя нагардида, ҷамъоварии худсарона ва бенизом мушоҳида мешавад. Камбудии асосӣ ин бо решааш ҷамъоварӣ гаштани гиёҳҳои шифобахш мебошад. Соли ҷорӣ нисбати ин ҳодиса чорабиниҳои махсус андешида шуда, пеши роҳи ин амали номатлуб гирифта шуд.
Хулоса, бо вуҷуди дастовардҳо ва корҳои анҷомдодашуда барои иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини суботи экологии кишвар, солимии муҳити зист масъалаҳои ҳалталаб бисёранд. Бисёре аз ин масъалаҳо ҳалли худро то андозаи зарурӣ ёфта бошанд ҳам,ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Аз ин лиҳоз, кумита тасмим гирифтааст, ки сол то сол барои ҳалли камбудию норасоиҳои ҷойдошта тамоми захираҳои мавҷударо равона созад. Дар ин замина зарур мешуморам таъкид намоям, ки тоза нигоҳ доштани муҳити зист вазифаи ҳар як аъзои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба табиат, обу ҳаво, олами набототу ҳайвонот муносибати ғамхорона доштан зарур аст.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»