Муҳокимаи парламентӣ

Чаро барнома 100 дарсад татбиқ нашуд?

№74 (4494) 16.06.2022

DSC_3352Чордаҳуми июни соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ вобаста ба вазъи иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 — 2025» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

Дилрабо Мансурӣ аз тадбирандешиҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, зикр кард, ки пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ рӯз ба рӯз пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардидааст ки ин ҳама, дар маҷмӯъ, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат мерасонад.

- Дар ҷаҳони муосир бе даст­расӣ ба илму инноватсия ва бидуни озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимии замонавӣ рушди соҳаи маориф ва илм ва соҳаҳои дигар ғайриимкон мебошад.

«Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 — 2025» барои татбиқи воқеии сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи илму маориф роҳандозӣ гардида, такмил ва омӯзиши фанҳои дақиқро дар шароити ҷомеаи муосир фаро мегирад. Ҳадаф, вазифа ва амалӣ гардонидани он дар ҷараёни таълим таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, инчунин муайянкунандаи кафолатҳои иҷтимоии омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф мебошад, — изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода изҳор дошт, ки соҳаи маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон самти афзалиятнок эътироф гардидааст.

Бино ба гуфти ӯ, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии барнома аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кори зиёд ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, ҷалби грант, таҷҳизонидани синфхонаҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва фанҳои гуманитарӣ, нашри дастурҳои таълимӣ – методӣ оид ба ороиши кабинетҳои фаннӣ, дар арафаи нашр қарор доштани маҷаллаи «Аёният» бо мақсади расонидани кумаки методӣ ба омӯзгорон, такмил ва муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои бахшҳои экологии марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва ғайра дар доираи барнома амалӣ шудаанд. Дар баробари ин, таъмини иҷрои нақшаи барнома барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва семоҳаи аввали соли 2022 нигаронкунанда аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи барнома соли 2021 вобаста ба харидории кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 20 дарсад иҷро гардидааст.

- Масъулин яке аз сабабҳои иҷро нагардидани барномаро дар солҳои 2018 — 2021 ҷудо нагаштани маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мутамарказ набудани маблағгузории барнома медонанд, — изҳор дошт Ғиёсиддин Шарифзода.

Ӯ бо ёдоварӣ аз таҷриба дар соҳаи маориф зикр кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сарраёсату раёсатҳои молия дар маҳал, барои харидории таҷҳизот ё тарғиби барномаҳои соҳаи маориф маблағ пешбинӣ намекунанд. Мушкили дигар он аст, ки барои иҷрои барномаҳои соҳаи маориф, ки татбиқи онҳо маблағи калонро талаб мекунад, ҳар сол Вазорати маориф ва илм ду маротиба ҷиҳати дастгирӣ барои иҷрои барнома ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб мефиристад ва онҳо барои иҷро ба шуъбаҳои маориф ирсол мешаванд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода доир ба татбиқи барномаи зикршуда маълумот дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

- Таҳлили раванди амалишавии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 — 2020» нишон дод, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои муайян, бо сабаби ҷудо нагаштани маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин паҳншавии бемории коронавирус, ҷавобгӯи талабот нест.

Ҷамъбасти барнома нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ аз 2139 кабинети банақшагирифташуда 1077-то бо таҷҳизоти озмоишӣ ва аёнияти таълимӣ ҷиҳозонида шуд, ки 50,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 161 кабинет (тибқи нақша 111 кабинет) ҷиҳозонида шуда, иҷрои нақша 145 дарсад таъмин шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 292 кабинети фаннӣ 95 кабинет (32,5%), вилояти Суғд аз 571 кабинети фаннӣ 468 (81,9%), вилояти Хатлон аз 740 кабинет 163 (22%) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 425 кабинети фаннӣ 190 кабинет (44,7%) бо таҷҳизот ва аёнияти таълимӣ таъмин гардид, — изҳор дошт номбурда.

Инчунин зикр шуд, ки бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ — техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бахусус беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва аз бар кардани фанҳои дақиқ, тавсеаи тафаккури техникию табиии хонандангони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот зарурати қабули барномаи нав ба миён омад.

Дар ин зимн, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 таҳти №114 «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардид.

Амалигардонии барнома дар заминаи ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, суруд ва мусиқӣ, фароҳам овардани шароит барои хонандагони болаёқат бо дарназардошти хусусиятҳои фардии онҳо, такмил ва муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, такмил ва муҷаҳҳаз гардонидани бахшҳои экологӣ ва техникии марказҳои корҳои тарбиявии берун­азмактабӣ сурат мегирад.

Раҳим Саидзода иттилоъ дод, ки барои муҳайё кардани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бо маҳсулоти зарурии озмоишӣ соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо қабул шудани «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», имконияти зиёди ҷалби грант барои соҳаи маориф бештар шуд. Ҳамин аст, ки зери ин ҳуҷҷат 19 ташкилоти байналхалқӣ барои дастгирӣ ва маблағгузорӣ кардани он имзо гузоштанд. Дар ин раванд Бонки исломии рушд, Иттиҳоди Аврупо, ЮСАИД, Бонки осиёгии рушд, лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ барои маблағгузорӣ кардани соҳаи маориф саҳм гузошта истодаанд.

- Ҷиҳати татбиқи ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои харидории озмоишгоҳ ва кабинетҳои фаннӣ дар 5 соли фаъолияти барнома 124 миллиону 635 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Аз ин маблағ барои харидории 204 озмоишгоҳ барои фанҳои физика, химия ва биология 8 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва барои харидории 10 ҳазору 609 кабинети фаннӣ аз фанҳои физика, химия, биология, география, математика, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ 116 миллиону 135 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Тибқи нақша, соли 2021 барои харидории 68 озмоишгоҳи фанни физика 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ва барои харидории 2236 кабинети фаннӣ 24 миллиону 680 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда бошад ҳам, тибқи маълумоти раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи 8 миллиону 153 ҳазору 442 сомонӣ 471 озмоишгоҳ ва кабинети фаннӣ харидорӣ гардидааст, ки 29 дарсади нақшаро ташкил медиҳад, — зикр кард вазир.

Бино ба гуфти ӯ, иҷрои нақшаи харидории озмоишгоҳ ва кабинетҳои фаннӣ соли 2021 дар шаҳри Душанбе 76,6 фоиз, ВМКБ — 0, вилояти Суғд — 41,1, вилояти Хатлон — 0 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19,2 фоиз таъмин гардидааст.

Дар асоси талаботи барнома ба ҳисоби миёна арзиши муҷаҳҳаз гардонидани кабинети фаннии физика ва химия ба 15 ҳазор сомонӣ, озмоишгоҳи таълимии физика ва химия 50 ҳазор сомонӣ, озмоишгоҳи таълимии биология ба 25 ҳазор сомонӣ, ва кабинетҳои фанҳои дигар то 10 ҳазор сомонӣ мебошад.

Соли ҷорӣ барои харидории 68 озмоишгоҳи фанни химия ва муҷаҳҳаз гардонидани 2177 кабинети фаннӣ бо 27 млн. 305 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, Раҳим Саидзода ҳолати иҷрои бандҳои нақшаи барномаро дар алоҳидагӣ шарҳ дод.

Дар муҳокимаи парламентӣ муовини раиси Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода низ доир ба раванди татбиқи барнома маълумот пешниҳод кард.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Муртазозода, Парвиз Шодизода, Зайниддин Сафарзода, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Мирзоанвар Ахмедов, Равшан Раҷабзода, Саодатшо Матробиён, Азиз Гиёзода, Файзулло Баротзода, Парвина Маликзода, Раъно Бобоҷониён, Ҳаёт Одиназода, Мунаввара Абдусаломзода, Мавлуда Мирзозода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Гулбаҳор Назирӣ, Солеҳа Холмаҳмадзода ва Музаффарҷон Маҳмудов ба масъулин савол дода, посухи қаноатбахш гирифтанд.

Дар охир вобаста ба масъала қарори дахлдор ва тавсияҳо қабул шуданд. 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ