Рӯнамоии «Аввалу охири ишқ»

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

IMG_20220615_111110«Кайфияти зиндагии шуморо ду чиз таъин мекунад: китобҳое, ки мехонед ва инсонҳое, ки мулоқот мекунед». Ҳақиқати ин фармудаи Мак Луҳон ҳангоми рӯнамоии китобҳои «Гуфтугӯ бо табиат»-и Мақсуд Ҳусейнов, «Аввалу охири ишқ»-и Шарифи Мисайзод ва романи таърихии Сайёфи Мизроб «Эшон-Бала» ба мушоҳида расид. Ин маҳфили маърифатӣ бо ташаббуси ҳафтаномаи «СССР» дар маҷлисгоҳи КВД КТН «Шарқи озод» 15 июни соли равон баргузор гардид. Дар он адибону олимон, рӯзноманигорону коршиносон ва ғайра ширкат варзиданд. 

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб дар оғози маҳфил таъкид кард, ки Мақсуд Ҳусейнов ва Шарифи Мисайзод аз ҷумлаи журналистони маъруф буданд, ки ному осори мондагор боқӣ гузоштанд. Китоби Мақсуд Ҳусейнов «Гуфтугӯ бо табиат» очерку лавҳаҳои журналистро дар васфи табиат дар бар мегирад. Муаллиф хонандагонро ба дӯст доштан, ҳифз намудани парандаву хазандагон, кӯҳу ҷангалу дарё водор месозад. Асар соли 1989 чоп шуда, нашри такрории он бо кӯшиши журналист Сайёфи Мизроб ба зевари табъ ороста гардид.

Китоб1Китоби «Аввалу охири ишқ»-и Шарифи Мисайзод ба ҷуз аз ашъори муаллиф меҳрномаи ёру дӯстонро дар бораи ин журналисти фақид низ дар бар мегирад. Сайёфи Мизроб дар пешгуфтори он, ки «Охирин романтик ва ошиқ» ном дорад, навиштааст: «Дилаш, пайкораш, андешааш мардона буд. Нақл мекард, ки шунавандаҳо садояшро ғалат мепиндоштанд. Шеъру таронаашро ғалат мепиндоштанд, зиндагонияшро ғалат мепиндоштанд. Вале ӯ як рӯ, як виҷдон, як имон ва як миллат дош­ту барои раҳоии тоҷик аз фитна талош кард… ва муваффақ ҳам шуд».

Романи таърихии «Эшон-Бала», ки ба қалами Сайёфи Мизроб тааллуқ дорад, ба зиндагӣ ва кору пайкори фарзандони бедордилу ҷонфидои миллати тоҷик дар ибтидои асри ХХ бахшида шудааст. Дар оғоз он ин гуна муаррифӣ мешавад: «Дар адабиёти тоҷик, дар тӯли 100 соли охир ҷое барои қаҳрамони ҷасур, нотарс, оқил, тавоно ва дар айни замон ҷаҳондидаву бебоке чун Д’ Артанян, Робин Гуд, Монте Кристо холӣ буд. Дар романи мазкур кӯшиш шудааст, ки ин хало пурра гардад. Қаҳрамонҳои китоб шахсони воқеиянд, ки мутаассуф корномаашон танҳо дар қиссаҳои даҳонӣ, фолклор, хотираи мардум боқӣ мондаву бо гузашти вақт зудуда мешуд. Зеро дар даврони шӯравӣ фикр мекарданд, зиндасозии пайкори онҳо ба истиқлолиятхоҳии тоҷикон меоварад».

Нависанда ва журналист Умари Шерхон, ки муҳаррири китоб аст, ҳангоми муаррифии он таъкид кард, ки романи мазкур аз ҷумлаи асарҳои моҷароҷӯёна буда, мубориза ва қад алам кардани Эшон-Бала ва ҳамроҳонашро дар баробари турк­тозиҳову беадолатиҳои замон ба тасвир мекашад. Сайёфи Мизроб ғуруру ҷавонмардӣ ва ҳувиятхоҳии фарзандони тоҷикро дар асар хеле нишонрас ба қалам додааст.

Дар маҳфил нависандагони халқии Тоҷикис­тон Абдулҳамид Самад, Бароти Абдураҳмон, фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён ва журналис­тон Маҳбуба Камолова, Хуршеди Атовулло, Шоҳонаи Сулаймон, Далери Абдулло, Абдуқодири Абдуқаҳҳор ва дигарон Мақсуд Ҳусейнов ва Шарифи Мисайзодро бо некӣ ёдоварӣ карданд.

ВОРИС,

«Садои мардум»