Ба ин ва дигар саволҳо муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода посух дод.
- Ҳоло корҳои омодагӣ ҷиҳати сафарбар кардан ба мавсими ҳаҷ ҷараён дорад, хусусан бо ин мақсад гурӯҳи кории кумита ташкил ва дар Арабистони Саудӣ барои истиқболи зиёраткунандагон омодагӣ мебинад. Сафар ба хонаи Худо аз 20 июн то 17 июл сурат хоҳад гирифт, — иброз дошт Фаррухулло Олимзода ва афзуд: — Имсол бо фарқ аз мавсимҳои гузашта ҳиссаи ҷудонамудаи ҷониби Арабистони Саудӣ ба кишварҳои мусулмоннишин камтар буда, аз дунё як миллион нафарро дар мавсими ҳаҷ қабул хоҳад кард. Дар ҳоле ки ин теъдод дар мавсимҳои қаблӣ беш аз ду миллионро ташкил медод. Аз кишвар имсол, тибқи ҳиссаи ҷудогардида, 3562 нафар ба мавсими ҳаҷ сафарбар мешаванд. Сабаби кам гардидани ҳиссаи зиёраткунандагон, пеш аз ҳама, ба шароити пандемияи коронавирус алоқамандӣ дорад. Ҷониби Арабистони Саудӣ бо ин тасмим талош менамояд, ки дар машоири Мино, Арафот ва Муздалифа ба қадри имкон фосилаи иҷтимоӣ риоя гардад ва аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ шавад.
- Оё имсол аз Тоҷикистон танҳо онҳое ба ҳаҷ мераванд, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шуданд?
- Бале, имсол танҳо ба ҳамон довталабоне бартарӣ дода шуд, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардиданду бинобар пандемияи коронавирус дар дунё, сафари онҳо ба таъхир афтод.
- Синну соли зоирони имсола чанд аст?
- Тибқи муқаррароти ҷорӣ дар кишвар, шаҳрвандони аз 40-сола боло метавонанд барои адои маносики ҳаҷ сафарбар гарданд. Аммо имсол, тибқи талаботи ҷониби Арабистони Саудӣ ва бо дарназардошти шароити пандемия, шахсони аз 65-сола боло ҳам, азбаски шомили қишри осебпазиранд, имкони сафари ҳаҷро надоранд.
- Арзиши сафар чанд сомонӣ муқаррар шудааст ва кадом навъи хизматрасониҳо ба зоирон пешниҳод карда мешаванд?
- Дар асоси мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши хизматрасониҳо дар мавсими ҳаҷи имсола 60 ҳазору 520 сомонӣ муайян гардидааст. Бо ин маблағ қимати чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), меҳмонхонаҳо дар Макка ва Мадина, се вақт хӯрок, боҷи давлатӣ, хизматрасонии роҳбаладон, табибон, харидории доруворӣ, суғуртаи зоирон ва ғайра пардохт карда мешавад.
- Пеш аз пандемия маблағ барои адои ҳаҷ 35 ҳазор сомонӣ ё 3750 доллар буд, сабаби гаронии харҷи сафар ба ҳаҷ дар чист?
- Гароншавии нарх ба хизматрасониҳое рабт дорад, ки кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа ба ҳоҷиён пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки болоравии нарх на танҳо барои зоирони тоҷик, балки барои ҳама мусулмонон дахл дорад.
- Тавре медонем, қонунгузорӣ маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиёнро дар доираи оила пешбинӣ кардааст, доир ба ин масъала кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
- Дар рӯзҳои бозгашти зоирон ба хотири риояи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳам дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва ҳам дар сатҳи кумита корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз қонунвайрокунӣ, инчунин рейдҳои санҷишӣ гузаронида мешавад.
Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»