Қатораи Душанбе – Тошканд ба ҳаракат медарояд

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

1026650209_147_0_1280_850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88fБо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор мешавад. Дар ин бобат, зимни сафарашон ба Тошканд (2 июни соли 2022) дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мувофиқа расиданд.

Тавре аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, 20 июни соли равон, соати 1837 бо вақти Душанбе аз пойтахти Тоҷикис­тон қатора ба сӯи Тошканд ҳаракат мекунад.

Ҳаракати қатораҳо дар хатсайри Душанбе — Тошканд минбаъд ҳар ҳафта як бор сурат мегирад. Бо қатора якбора беш аз 450 нафар метавонанд ба ҷумҳурии ҳамсоя сафар кунанд. Нархи чипта 368 — 460 сомонӣ (вобаста ба вагонҳо) буда, вобаста ба муҳлати харид арзиши чипта метавонад тағйир ёбад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»