Пешниҳод

Дарахте, ки зуд сарватманд мекунад

№77 (4497) 21.06.2022

павлонияТалабот ба чӯбу тахта, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, асали шифобахш ва ҳавои тоза дар ҷаҳон торафт бештар мешавад. Барои дастрасӣ ба ин неъматҳо ҳукумати кишварҳо кӯшишу маб­лағи зиёд сарф мекунанд, дар ҳоле ки онҳоро тавассути афзоиши майдони парвариши «павловния» ном дарахти муъҷизанок ноил гаштан мумкин аст.

Павловния ё «Дарахти Одам» асрҳо боз дар Япония бо номи «кири» (ҳаёт) парвариш мешуд. Кири барои япониҳо дарахти муқаддас ва рамзи комёбӣ ба шумор меравад. Онҳо зимни таваллуди духтар ба номи ӯ ниҳоли дарахти кири мешинониданд. Пеш аз шавҳар кардани духтар аз чӯби дарахти бавоярасида сандуқи тӯёна месохтанд. Япониҳо бовар доштанд, ки агар дар наздикии хона дарахти кири (павловния) шинонӣ, мурғи ҳумо ба он нишаста, ба шинонанда бахт меорад.

Дарахти павловния дар Ордени кишвари тулӯи офтоб (нахустин ордени Япония) мунъакис гардида, аз соли 1875 ба адмиралу генералҳо, дипломатҳо, сиёсатмадорону ҳуқуқшиносони олимартаба дода мешавад. Дар пули 500 иена низ акси дарахти павловния ҷой дода шудааст.

Ниҳоли дарахти павловния зудрушдёбанда буда, соле то 3-5 метр қад мекашад. Баъд аз буридан ба тезӣ барқарор шуда, то 70 — 100 сол нашъунамо мекунад. Диаметри танаи он ба як метр ва қадаш вобаста ба шароит то 28 — 30 метр мерасад. Ба хок чандон серталаб набуда, дар заминҳои камоб низ мерӯяд. Ба ҳар ҳол дар заминҳои хокашон ғизоноку сернам зудтар қад мекашад. Як гектари он дар соли сеюм то 100 тонна биомасса медиҳад.

Яке аз бартариҳои павловния дар он аст, ки баргаш калону серғизост. Сифати ғизонокии он ба юнучқа наздик буда, барги сабзаш то 20 дарсад ва хазонаш то 12 дарсад моддаҳои фоиданок дорад. Барги павловнияро гов ва гӯсфанду буз бо иштиҳо мехӯранд. Соле аз як гектар павловния метавон 35 — 40 тонна хӯроки чорво гирифт.

Гулкунии павловния 6-8 ҳафта давом мекунад, ки дар баробари манзараи зебо дош­тан барои гирифтани асали хушсифат низ айни муддаост. Таъми асали он ба асали аз ақоқиё (акатсия, сияҳхор) гирифташуда шабоҳат дорад. Он ба бемориҳои роҳҳои нафас, шуш ва узвҳои ҳозима давост. Аз як гектар боғи павловния то як тонна асали хушсифат гирифтан мумкин аст.

Дар баргҳои павловния моддаҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти ҷигар, гурда ва талхаю шуш таъсири мусбат мерасонанд. Дар Хитой аз он доруҳои табиӣ тайёр мекунанд. Бинобар хосияти пешгирии пиршавии бармаҳал доштан аз он истеҳсоли кремро низ ба роҳ мондаанд.

Чӯбу тахтаи павловния нисбатан сабук бошад ҳам, аз дигар чӯбҳо сахттар аст. Дар баробари ин, бо таъсири намӣ тоб намепартояд, каҷ намешавад ва хатари оташангезиаш хеле камтар мебошад. Аз ҳамин сабаб япониҳо барои ҳифзи либосу ашёи қиматбаҳо, китобу ҳуҷҷатҳои муҳим сандуқи аз чӯби павловния сохташударо истифода мебурданд.

Чӯби павловния барои кандакорӣ низ қулай мебошад. Онро барои сохтани дару тиреза, ҷевон, диван ва ғайра васеъ истифода мебаранд.

Павловния беҳтарин ашё барои истеҳсоли биоэтанол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, онро «чоҳи дарахтӣ — нефтӣ» ном мебаранд. Мувофиқи таҷрибаҳо, аз як тонна ашёи хоми павловния метавон зиёда аз 500 литр биоэтанол истеҳсол кард. Инчунин, аз он ғӯлачаҳои сӯзанда истеҳсол мекунанд. Гармидиҳии як тонна ғӯлачаи сӯзанда (пеллет) баробари сӯхтани 480 метри кубӣ газ, 500 литр сӯзишвории дизелӣ ва ё 700 литр мазут мебошад. Ҳангоми сӯхтани ғӯлачаҳои сӯзанда аз павловния то 50 маротиба камтар гази карбонат ва то 15-20 маротиба камтар хокистар ҷудо мешавад.

ҳоло дар бисёр шаҳрҳо, бинобар зиёд будани нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои ҳароратӣ, инчунин зиёд будани аҳолӣ ҳаво аз меъёр зиёд ифлос мешавад. Як дарахти павловния метавонад соле 22 кило гази карбонатро фурӯ бурда, 6 кило оксиген ҷудо намояд. Мувофиқи ҳисоби олимон, 10 гектар боғи павловния қариб 300 тонна гази карбонатро фурӯ бурда, 1000 тонна чангу ғуборро ба худ мекашад. Дар ҳоле ки сол то сол миқдори хокбориш зиёд шуда истодааст, бо ёрии бунёди боғҳои павловния метавон ҳавои шаҳрҳоро тозаю беғубор нигоҳ дошт. Ин хосиятҳояшро ба назар гирифта, павловнияро «фабрикаи оксиген» ном ниҳодаанд.

Дар ИМА аз асри ХХ шинонидан, нигоҳубин ва содироти маҳсулоти аз павловния сох­ташударо ба роҳ мондаанд. Аз оғози соли 2000 — ум дар Англия, Германия, Швейтсария, Булғористон, Руминия, Испания, Полша ва дигар мамолики аврупоӣ бунёди боғҳои павловния авҷ гирифт.

Дар Федератсияи Россия аз соли 2015 лоиҳаи «Павловния Россия» амалӣ шуда, ҳаводорони бунёди боғҳои ин дарахти муъҷизанок, махсусан дар Чеченистону Краснодар зиёданд.

Соли 2020 бори аввал дар хоҷагии фермерии «Эзбор дайхан»-и вилояти Ахали Турк­манистон 500 бех ниҳоли павловния шинонида шуд. Соли ҷорӣ соҳибкор Юлдош Гелдимадов дар ноҳияи Бодунсози вилояти Дошҳавз дар се гектар 5000 бех ниҳоли павловния шинонд, ки нашъунамояшон хуб аст.

Азбаски шароити обу хоки Туркманистон бо ноҳияҳои ҷануби кишварамон монанд аст, хуб мешуд, ки парвариши ин дарахти даромаднокро ба соҳибкорон тарғиб намоем. Парвариши он барои хоҷагиҳои чорводорӣ муфид хоҳад буд. Зеро аз соли нахуст метавон баргҳои дарахти наврустаро интихобан ба сифати хӯроки чорво истифода намуд.

Миёни қатори дарахтон 2-3 соли аввал метавон гандум, ҷав, ҷуворимакка, лӯбиё, пахта, нахӯд, тарбузу харбуза кишт кард. Солҳои минбаъда бо гирифтани асал ва фурӯши шоху баргҳои он метавон даромади бештар ба даст овард. Аз тарафи дигар, парвариши павловния хокро аз бодхӯрдашавӣ (эрозия) ҳифз намуда, ҳаворо тоза мекунад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»