18 июни соли 2022 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир карданд.
Дар он муовинони Сарвазир, роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, прокурори генералӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ иштирок карданд.
Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи корҳо, аз ҷумла натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ, вазъи кунунии ҷаҳонӣ, дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра, таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти кишвар ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада буд.
Таъкид гардид, ки буҳронҳои сиёсӣ дар ҷаҳон, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд.
Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018 — 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шуданд, ба 193 миллион нафар баробар шуда, теъдоди одамони ба хатари гуруснагӣ дучоршаванда, ба 220 миллион нафар мерасад.
Тибқи мушоҳидаҳо, дар мавсими солҳои 2022 — 2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам шуда, вобаста ба вазъи бамиёномада дар биржаҳои ҷаҳонӣ болоравии нархи сӯзишворӣ ва маҳсулоти озуқа ба назар мерасад. Чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳама кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон, таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошад.
Дар робита ба мушкилоти таъминот бо озуқаворӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро вазифадор карданд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин кардани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Супоришҳо ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаи иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо, дода шуд.
Президенти мамлакат дастур доданд, ки дар шароити феълӣ мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оила ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, алалхусус ноҳияҳои водии Рашт, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона, гузаронидани кишти такрориии картошка, шолӣ, ҷуворимакка ва лӯбиёгиҳо, дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, мардуми кишвар, ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоташон бошанд, ҷиҳати ҳар чӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани он чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисӣ накашанд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи масъулини шаҳру ноҳияҳоро ба масъалаи истифодаи заминҳои обӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши кишти такрорӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехника, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3 – 4 ҳосил ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷалб сохтанд.
Ҳамчунин, зарур шумурданд, ки дар доираи корҳои омодагӣ ҷиҳати зимистонгузаронӣ барои захира кардани хӯроки чорво аз ҳама имконият истифода шавад.
Президенти мамлакат ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат чораҳои фаврӣ андешида, барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан ба минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ба хотири рушди соҳаи саноати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар фаъолиятро доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, хусусан корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, оид ба коркарди меваю сабзавот вусъат бахшанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур гирифтанд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳар чӣ бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят тавассути коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд.
Ҳамчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон вазифадор шуданд, ки доир ба ташкили корхонаҳои коркарди пӯст, истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни машварати корӣ, роҳбарону фаъолони кишварро ба масъалаҳои риояи қатъии нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро барои давраи то соли 2026 ҷалб карда, ҷиҳати татбиқи самараноки онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Хатлону Суғд Қурбон Ҳакимзода, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва дигар нақшаву барномаҳои давлатӣ ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияту ташаббуси соҳибкорони саховатпешаи ноҳияи Данғара дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ, мактабу муассисаҳои соҳаи маориф, беморхона, муассисаҳои бахши тандурустӣ, таъмиру навсозӣ ва сангфаршу асфалтпӯш кардани роҳҳо баҳои баланд дода, кори пуршарафи онҳоро намунаи ибрат барои дигар минтақаҳои мамлакат арзёбӣ карданд.
Дар хотима, намояндагони касбу кори гуногун — Мушкиниссо Саидова аз ноҳияи Ҷайҳун, Давлаталӣ Раҳмонализода, соҳибкор аз ноҳияи Данғара ва Айниддин Саъдуллоев, хоҷагидор аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баромад карданд.