Чанде пеш дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярамаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор шуд.
Дар ярмаркаи имсола беш аз 400 меҳмон аз Федаратсияи Россия, Казоқистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ иштирок карданд.
Дар он корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят низ молу маҳсулоти худро пешниҳод карданд.
Дар форуми «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо», ки он дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки вилояти Суғд аз захираҳои табии бой буда, дар қаламрави он якчанд корхонаҳои металлургии истихроҷи тилло, нуқра сурбу руҳ, ангишт, мармар фаъолият мекунанд. Дар вилоят 800 корхонаи хурду бузурги саноатӣ амал карда, 300 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад.
Номбурда дар идома гуфт, ки вилояти Суғд бо корхонаву ташкилотҳои хориҷи мамлакат беш аз 30 созишномаву меморандуми ҳамкорӣ дорад. Бо зиёда аз 60 мамлакати ҷаҳон ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро ба роҳ монда, гардиши солонаи савдои хориҷии вилоят 2,5 млрд. долларро ташкил медиҳад.
Дар доираи баргузории ҳаштумин ярамаркаи байналмилалии савдо «Суғд — 2022» дар Қасри маданияти Арбоб чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор шуд. Рӯзи дигар дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» миёни дастаҳои футболи вилояти Суғд ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбкистон бо иштироки роҳбарияти ҳарду вилоят бозии дӯстона барпо шуд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»