Дар бораи таъин кардани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ № 5
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 рӯзи 26 августи соли 2022 таъин карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 22 июни соли 2022, № 170