Мулоқоти Пешвои миллат бо Ҷеремӣ Вейр

№78 (4498) 23.06.2022

52164654666_4b22a2f2d2_o22 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қас­ри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Трафигура Групп» Ҷеремӣ Вейрро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати «Трафигура Групп»-и Швейтсария баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриро имкони хуби баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорати мол ва логис­тикаи марбут ба он арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, истифодаи имкониятҳои васеъ дар соҳаи саноат, аз ҷумла иштироки ширкати «Трафигура Групп» дар лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд намудани истеҳсоли алюминий дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик», хариди минбаъдаи алюминийи аввалиндараҷа ва таъмини гилхок, густариши ҳамкорӣ бо Корхонаи муштараки «Зарафшон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд», ҳамкорӣ дар коркарди маъданҳои кӯҳии кишвар, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нефтӣ ба ҷумҳурӣ ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои неруи барқ ва манбаъҳои таҷдидшавандаи он, интиқоли бор, хизмат­расонии логистикӣ ва бахши коркарди металлу маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот табодули андеша карданд.

www.president.tj