Чоруми июни соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии «ИнтерЛегПром-2014» оғоз ёфт. Ин чорабинии бонуфуз бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он 60 ширкат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Лаҳистон ва Туркия молу маҳсулоти хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, аз ҷумла иброз намуд, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуд, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад. Дар ин замина таъкид гардид, ки ба масъалаҳои ташкили истеҳсоли маҳсули ниҳоии пахта, пӯст ва пашм, қолинбофии дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти содиротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад. Ҳадаф аз ташкил кардани намоишгоҳи мазкур кумак намудан ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи ёфтани мавқеи худ дар бозор, муаррифӣ намудани молу маҳсулот ва ёфтани шарикони ҳамкор мебошад. Тавре маълум аст, бо аъзо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо соҳибкорони мо дар шароити рақобати шадид фаъолият намуда, ба дастгирӣ ниёз доранд. Бинобар ин, ҳангоми ташкил намудани намоишгоҳ мо диққати асосиро ба он равона намудем, ки дар ин чорабинӣ бисёртар сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда, бо соҳибкорони кишвари мо дар масъалаи ташкили корхонаҳои муштарак, воридоти таҷҳизот ва технологияҳои инноватсионӣ ҳамкорӣ намоянд».
Ғурфаҳои ширкаткунандагони намоишгоҳ дар толорҳои барҳавои ду -ошёнаи Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ҷойгир аст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратии пойтахти кишвар ва вилоятҳои Суғду Хатлон, аз ҷумла ҶДММ «Ёқут», КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа», ҶДММ «Текстил Сити», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва ғайра молу маҳсулоти хешро пешкаши тамошобинон гардонидаанд. Аз ҷумлаи корхонаҳои хориҷӣ ширкати «Помир Кола», аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бори аввал дар ин намоишгоҳ иштирок менамояд. Зимни суҳбат бо мо раиси ин ширкат Зулмой Баҳодурӣ минҷумла гуфт: «Хеле хушҳолем, ки имрӯз дар шаҳри зебои Душанбе, миёни бародарони ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамдин, дар ин ҳамоиши бошукӯҳ маҳсулоти хешро пешкаш мекунем. Ба иттилои шумо мерасонам, ки ширкати «Помир Кола» 12 сол аст, ки фаъолият дорад. Маркази маъмурии он дар шаҳри Ҳирот воқеъ буда, дар дигар манотиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 32 намояндагии мо фаъолият менамояд. Дар корхонаҳои ширкат 1200 нафарро ба кор ҷалб кардаем ва 27 навъ нӯшокиҳои ғайриалкоголӣ истеҳсол мекунем. Зимни ширкат дар ин намоишгоҳ, бо бародарони тоҷик паймон карда, дар оянда ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳем монд».
Намоишгоҳи байналмилалии «ИнтерЛегПром-2014» то 8 июн идома меёбад.
Бурҳонидин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»