Боғпарварӣ яке аз соҳаҳои писандидаи сокинони Раштонзамин аст. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар навоҳии он бо кӯшишу талошҳои роҳбарияти вақт садҳо гектар боғ бунёд гардида, зиндагии мардум аз даромади соҳа хеле хуб буд.
Мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои маълум боғҳо беназорат монданд ва ба касалҳои гуногун гирифтор шуданд. Шумораи зиёди дарахтони мевадиҳанда хушкиданд. Хушбахтона, баъд аз ором гардидани вазъ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғдорӣ рушд намуд. Дар баробари барқарор гардидани боғҳои харобгардида садҳо гектар боғи нав бунёд шуд. Сокинони навоҳии Рашт бо як дилгармӣ ба хотири рушди соҳа содиқона заҳмат мекашанд, аммо ба гуфти мутахассисон, соли равон пайдо гардидани касалиҳо боиси ташвиш аст ва бояд онро пешгирӣ кард.
Директори филиали такмили ихтисоси кадрҳои КАС-и ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур дар минтақаи Рашт Диловар Эшонов доир ба масъалаи мазкур андешаҳояшро ба тариқи зайл баён намуд:
- Дар натиҷаи зиёд ворид шудани дарахтон аз давлатҳои гуногун касаливу ҳашароти зиёд ба назар мерасад. Солҳои пеш ин кам буд. Бояд дар ниҳолхонаҳо назорат аз рӯйи касаливу ҳашарот зиёдтар ба роҳ монда шавад. Назорати фитосанитарӣ ва карантину ҳимояи наботот низ пурзӯр карда шавад.
Яке аз усулҳои асосии баландбардории ҳосилнокии соҳаи боғпарварӣ ва ба танзим даровардани дарахти мевадиҳанда башаклдарории боғ ба ҳисоб меравад. Чунки ояндаи боғдорӣ аз чӣ гуна ба шаклдарории дарахт вобастагии калон дорад. Шоху навда аз ҳамин давра ба тарафи асосӣ равона карда мешавад, то ки таркиби обу ҳаво баробар бошад.
Алҳол дар дарахтони мевадиҳандаи хоҷагиҳои аҳолӣ ва кишоварзӣ касалии бактериявӣ паҳн шуда истодааст. Барои пешгирӣ аз он усулҳои зерини табобати касаливу ҳашарот дар системаи боғдорӣ тавсия дода мешаванд:
Навдаҳои касалзадаро 15-20 сантиметр поёнтар аз қисмати осебдида қайчӣ намуда, дар халта андохта, шохчаҳои касалро аз бех бурида, дарза баста, халтаҳои навдаҳо ва дарзаҳои бастаро оташ зада, нест кардан лозим аст.
Усулҳои коркарди кимиёвӣ низ дар соҳаи боғпарварӣ истифода мегарданд. Усули кимиёвӣ ин истифода аз заҳри Алимета супер — 0,2, яъне 200 грамм дар 100 литр об ё 20 грамм дар 100 литр об лозим аст. Бо купороси мис — 0,5 яъне, 500 граммро дар 100 литр об ё 50 граммро дар 10 литр об ҳал намуда, коркард кардан лозим аст. Ин намуди коркард барои минбаъд инкишоф наёфтани ҳамаи намуди зараррасонҳо фоидаовар мебошад.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»