Ӯро хеле барвақт мешинохтам. Ба деҳаи мо меомад. Калонсолон иззату эҳтиромаш мекарданд. Аз хешу табораш пурсон мешуданд. «Писари раис» ном мебурданд. Бо бародари калониам дӯстӣ дошт. Ба хонаи мо, агар имкон меёфт, сари қадам медаромад. Вай дар чойхона ҳамроҳи мардум нишастанро дӯст медошт. Писари раис аз ҳолу аҳволи мардум пурсон мешуд. Сипас, дар бораи дастовардҳои халқи шӯравӣ ҳарф мезад. Дар хатми сухан аз камбудиҳо мегуфту вазифаҳои дарпешистода. Тарзе ҳарф мезад, ки сомеон бодиққат гӯш мекарданд. Эродҳои ӯро маъқул мешумурданд ва пайи ислоҳи онҳо камар мебастанд.
Ҳамон солҳо аз забони калонсолон мешунидем, ки дар вазифаи муовини раиси ноҳия кор мекунад. Ҷавонмарди иқтисоддон аст. Раиси колхоз даст пеши бар ба чеҳраи ҷавон менигарист ва бо эҳтиром «рафиқ Ваҷиддин Мирзоқурбонович» меномид. Он замон деҳаи мо маркази колхоз буд ва колхозамон «Калинин» ном дошт. Баъдтар онро ба совхоз табдил доданд. Ва мо — бачаҳои мактабхон бо эҳтиром ба акаи Ваҷиддин менигаристему дар дил орзу мекардем, ки баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳу донишкада дохил мешавем. Мисли вай ҳалолкору покизарӯзгор мегардем, муовини раиси ноҳия мешавем ва пирони деҳ бо эҳтиром номамонро ба забон меоранд.
Баъдҳо ба дидори ӯ нарасидем. Дигар ба деҳа намеомад. Калонсолон гуфтанд, ки писари раис дар вилояти Қӯрғонтеппа кор мекунад. Бо ифтихор мегуфтанд, калонҳои ҷумҳурӣ ба вай бовар карда, вазифаи калонро ба дӯшаш гузоштаанд.
Баъд аз фоҷиаи миллӣ ва имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон олими номдор устод Ҳисомиддин Салоҳиддинов ба Рашт омад. Хабари омаданашро шунида, ба суроғаш рафтам. Аз рӯзгори донишҷӯӣ ба устод рафтуомад мекардам ва ин марди шарифро хеле дӯст медоштам. Устод ба мо — ҷавонҳо маслиҳати муфид медод. Яке аз тарбиятгарони ҷавонони донишҷӯ буд. Дар маркази ноҳия ба ман хабар доданд, ки устод ба деҳаи Ялдамич рафтааст. Ба дидорбинии дӯсташ Ваҷиддин Хоҷаев. Онҳоро сари миз таги сояи дарахт дар саҳни ҳавлии акаи Ваҷиддин пайдо кардам. Пиёлаи чой дар гардиш буду суҳбат гарм… Акаи Ваҷиддин ва устод Салоҳиддинов ба пешвозам баланд шуданд. Якдигарро ба оғӯш кашидем. Ҳолати аҷибе доштем…
Суҳбатамон то як поси шаб давом ёфт.
- Ин ҷавонмард, Худо умрашро дароз кунад, дили шер ва ҷасорати Рустамро соҳиб аст, — дар бораи вазъи кишвар хулоса кард акаи Ваҷиддин. — На ҳар кас дар ин шароити душвор ҷуръат дорад масъулияти роҳбарии мамлакатро ба зимма бигирад.
- Бале, — сухани ӯро об дод устод Салоҳиддинов. — Агар вай ба сари қудрат намеомад, Тоҷикистонро аз чанголи ҳалокат касе раҳонда наметавонист. Дар таҷрибаи зиндагӣ бисёр роҳбарҳоро дидам ва дар суҳбаташон нишастаам, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан дигар аст. Ба вай бояд бовар кард ва барои амалӣ гардидани нақшаҳояш пиру барнои мамлакат ба по шаванд.
- Ман ҳаминро гуфтаниам. Мардуми кишвар байни ин солҳо азоби гӯр кашид. Худо кунад, ки ҳақиқатро дарк кунанд ва барои ваҳдату сулҳ талош намоянд.
Ҳамон рӯзҳо бахшида ба мавзӯи сулҳу ваҳдат чанд ғазалгуна навиштаи. Аз онҳо иҷозат пурсидам, ки барояшон шеър хонам. Бо хурсандӣ розӣ шуданд. Ғазал бо ин байт оғоз мешуд:
Кист дар ин анҷуман мову шумо мекунад?!
Рӯ ба дуӣ оварад, тарки Худо мекунад…
Ду-се ғазалро хондаму сукут варзидам. Онҳо низ хомӯш буданд. Шамоли форам мевазид ва рухсораҳои оташгирифтаамро навозиш мекард. Ба ҳаяҷон омадам ва дар андешаи он будам, ки устод Салоҳиддинов мабодо эрод гирад.
- Аҳсант, додарам, — сукунатро халалдор кард устод Салоҳиддинов.- Хеле зебо ва мавзӯи доғи рӯз аст. Ин шабу рӯз вазифаи зиёиён, хоса адибон, дар корҳои фаҳмондадиҳӣ хеле калон аст.
Ва ӯ се ғазали хондаамро, ки дар коғазе дастнавис карда будам, гирифту ба ҷузвдонаш гузошт. Баъдтар он шеърҳо дар саҳифаи рӯзномаи «Минбари халқ» ба табъ расиданд…
қаҳрамони матлаб соли 1942 дар деҳаи Ялдамичи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Падараш амаки Мирзоқурбон раиси колхоз ва марди наҷибу нармгуфтор буд. Хурду калони деҳа эҳтиромаш мекарданд. Ин бесабаб набуд: пайваста аз аҳволи мардуми деҳ хабар мегирифту дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ба эшон мадад мерасонд. Соле, ки акаи Ваҷиддин ба дунё омад, соли балозо буд. Фашистон бо сарварии Гитлер ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карданд.
Ҷанг тамом шуд. Баъзеҳо аз майдони ҷанг ба хокдони бобоӣ баргаштанду бархе не… Ваҷиддин ҳам қад мекашид. Тирамоҳи соли 1949 падараш ӯро ба мактаби деҳа бурд. Таҳсил дар мактаб писандаш омад. Муаллими нахустинаш Холмуроди Дарвеш буд. Ваҷиддин ҳамроҳи дигар шогирдон бо ҳидояти омӯзгори соҳибтаҷрибаву донишманд ба роҳи илму маърифат қадами устувор гузошт. То як ғояти шаб китоб мехонд. Хондани китобҳои бадеиро хуш дошт, вале бештар ба фанҳои риёзиву ҳикмат майл кард…
Соли 1956 бо сад орзуву умед баъд аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа барои идомаи таҳсил роҳи маркази ҷумҳуриро пеш гирифт. Ба Техникуми молиявии шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супурд. Имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои аъло супурд. Зиндагӣ дар маркази ҷумҳурӣ барояш дари дунёи навро боз кард. Акнун ҷавони дунёнадида набуд. Байни донишҷӯён ёру ошно пайдо кард. Ҳамроҳи дӯстон ба навоҳии дуру наздик сафар кард ва бо зиндагии мардуми ҷумҳурӣ ошноӣ пайдо намуд. Техникумро хатм намуд ва барои оғози фаъолияти меҳнатӣ ба ноҳияи Рашт баргашт. Дар ноҳия мутахассис намерасид ва донишу маҳорати ӯро ба назар гирифта,ба вазифаи иқтисодчии кумитаи иҷроияи ноҳия ба кор қабул карданд. Хеле хуб дар ёд дорад. Соли 1959 буд.
Кор дар он корхонаи бонуфузи ноҳия масъулияташро бештар гардонд. Пайваста талош мекард, ки аз мутахассисони соҳибтаҷриба нозукиҳои касбро биомӯзад. Вале аз донишандӯзӣ сер нашуда буд. Мехост соҳиби таҳсилоти олӣ гардида, доир ба касби интихобнамудааш бештар сарфаҳм равад. Ҳамин буд, ки соли 1960 ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил шуд. Он ҷо низ факултети иқтисодиро ихтиёр кард. Соли дуюми таҳсил ба номаш даъватнома омад. Ӯро Модар — Ватан ба хизмат даъват кард, то қарзи фарзандиро адо намояд.
Вай барои хизмати содиқона бо нишони «Аълочии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гардид. Соли сеюми хизмат ӯро номзад ба сафи ҳизби коммунист қабул карданд. Коммунистон дар низомномаи хеш чунин тартиб қабул карда буданд. Шахси барои ба сафашон воридгардидаро тӯли як сол месанҷиданд. Паҳлуҳои ҳаёташро меомӯхтанд. Донистан мехостанд, ки вай ба ақоиди ленинӣ устувор аст ё тасодуф роҳ ёфтааст байни эшон.
Баъди адои хизмат соли 1964 ба хокдони бобоӣ баргашт ва ӯро ба вазифаи нозири шуъбаи Бонки давлатӣ дар ноҳияи Ғарм таъин намуданд. Вай ҳанӯз узви ҳизб набуд, муҳлати номзадиаш ба охир нарасида буд. Фармондеҳи қисми ҳарбӣ ва муовинонаш барои ӯ тавсиянома навиштанд ва дар номаи пурмуҳтавое аз садоқату фидокориҳои вай ба кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Рашт маълумоти муфассал фиристоданд…
Аз нав таҳсилро идома дод. Акнун вай донишҷӯи курси сеюм буд. Ғоибона мехонду фаъолияташро пеш мебурд. Дар он вазифа як сол фаъолият дошт дар бонки давлатӣ. Ва рӯзе ӯро ба кумитаи ҳизби коммунист даъват карданд. Гуфтанд, ки котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Александр Иванович Борисов бо шумо суҳбат кардан мехоҳад. Дар андеша афтод. Котиби якум дар кадом масъала суҳбат мекарда бошад. Даме ки ӯро ба дафтари кории Борисов даъват карданд, раиси кумитаи иҷроияи ноҳия Ҷумъа Олимов он ҷо ҳузур дошт. Борисов баъд аз пурсупоси маъмулӣ ба сари мақсад омад. Гуфт, ки шуморо кумитаи ҳизби коммунист ба вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳия пешниҳод намудааст. «Шояд аз уҳдаи кор набароям», аз пешниҳоди котиб даступо гум карда посух дод Ваҷиддин. «Агар натавонӣ, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд Ҷумъа Олимов, — ёд медиҳем, агар нахоҳӣ, маҷбур мекунем». Ду рӯз пас дар ҷаласаи вакилони халқи ноҳия ба вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳия интихоб гардид. Хеле баъд дарак ёфт, ки ӯро ба ин вазифа мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Саидумрон Назаров тавсия додааст. Ӯ нома ва тавсияҳои фиристодаи фармондеҳони қисми ҳарбиро ба Борисов пешниҳод кард. Саидумрон Назаров марди донишманду ҷаҳондида буда, дар майдони ҷанг бо фашистон панҷ сол мубориза бурд.
Ҳамагӣ 23-сола буд ва то соли 1975 содиқона ба халқу Ватан хизмат кард. Ваҷиддин Хоҷаев муддати даҳ сол муовини раиси ноҳияи Ғарм (Рашт) буд. Дар ин давра корҳои зиёдро анҷом дода тавонист. Бо донишу фаросат ҳамчун шахси иқтисоддон ба хотири пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешниҳодҳои зиёд кард, ки ба роҳбарони ноҳия ва ҷумҳурӣ писанд омаданд.
Соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳия рушд ёфт, — он солҳоро ба ёд меорад акаи Ваҷиддин. — Дар кӯҳистон заминҳои тахту ҳамвор ва киштбоб кам набуданд. Вале набудани оби полезӣ имкон намедод, ки масоҳати заминҳои картошказорро васеъ намоем.
Ин мавзӯъро мавриди таҳлил қарор дод. Барои дурустии андешаҳояш мавзеи Ҳазорчашмаи деҳоти «Ҳиҷборак»-ро интихоб кард, ки садҳо гектар замини ҳамвор интизори кишт буданд. Баъд аз ба анҷом расонидани таҳлил пешниҳодашро ба роҳбарияти ноҳия расонд. Дар номааш исбот намуд, ки дар сурати бунёди канал кишоварзони минтақа метавонанд дар масоҳати 150 гектар замин картошка кишт кунанд. То Ҳукумати ҷумҳурӣ рафт. Билохира ба ҳарфаш гӯш доданду сохтмони каналро ба нақша гирифтанд. Аз байн ду-се сол гузашт ва хоҷагии давлатӣ ба кишти картошка шурӯъ кард. Соли аввал дар 130 гектар замини картошка кишт карданд. Тирамоҳ на танҳо ҳосили хуб ба даст оварданд, балки картошкаи гирифтаи онҳо дар сифатнокӣ низ баҳои баланд гирифт. Натиҷаи заҳматҳо, бедорхобиҳо ва дониши хуби Ваҷиддин Хоҷаев ба хоҷагӣ даромади соф овард ва кишоварзон низ музди хуб гирифтанд…
Котиби Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия Усмон Ҳасанов роҳбари кордону сиёсатмадори варзида буд. Ӯ дар ноҳияи Рашт ба тарбияи мутахассисон диққати ҷиддӣ медод. Натиҷаи тарбияи вай буд, ки чанд тан аз роҳбарони ҷавони ноҳия дар оянда ба пояҳои баланди роҳбарӣ расиданд. Кордонӣ ва донишу ахлоқи ҳамидаи Ваҷиддин Хоҷаев ба Усмон Ҳасанов маъқул буд. Медид, ки вазифаи давлатиашро аз ҳама боло мегузорад ва барои иҷрои вазифааш содиқона заҳмат мекашад. Соли 1975 ӯро барои таҳсил ба шаҳри Тошканд тавсия кард. Таҳсил дар мактаби олии ҳизбӣ барои Ваҷиддин Хоҷаев бештар суд овард.
Соли 1977 баъд аз хатми мактаби олии ҳизбӣ кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ӯро ба вилояти Қӯрғонтеппа фиристод.
Бояд баъд аз хатми Мактаби олии ҳизбӣ ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ғарм пешниҳод мегардид. Ӯро бо ҳамин мақсад ба Тошканд фиристода буданд. Вале мудаббир дар сарнавишташ дигар вазифаро навишта буд. Нону намаки мардуми дигар мавзеъро насибаш гардонда буд. Дар кумитаи Марказӣ ӯро хуш қабул карданд ва масъулин бо вай суҳбат карданду ниҳоят ба қабули Ҷаббор Расулов бурданд. Ҷаббор Расулов марди донишманду ҷаҳондида буд. Аз як нигоҳ кӣ будани ҳамсуҳбаташро мефаҳмид.
- Кумитаи Марказӣ ба хулоса омад, ки шуморо ба вазифаи котиби кумитаи иҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа пешниҳод намоем. Мехостем фикри шуморо фаҳмем.
Як лаҳза сукут варзид. Дилаш мехост ба хокдони бобоӣ баргардаду фаъолияти меҳнатиро ҳамон ҷо идома диҳад. Ба падари пиру куҳансолаш хизмат намояд, аммо… Табъаш хира шуд аз пешниҳоди котиби якум, вале садо баланд накард.
- Медонам, — аз сукуту чеҳраи ошуфтааш рамуз гирифта, табассум дар лаб риштаи кандашудаи суҳбатро ба ҳам пайваст Ҷаббор Расулович, — дар Қӯрғонтеппа мисли Ғарм ҳавои тозаву оби сард ва шамоли форам нест. Агар ҳар кадомамон танҳо дар бораи деҳаи худ ва шаҳрамон андеша кунем, кӣ ҷойҳои ноободро обод мекунад? Кӣ дар рушду нумӯи ҷумҳурӣ саҳм мегузорад? Ман медонам, ки кадри боистеъдод ҳастӣ ва барои ҷомеа манфиат меорӣ.
- Розӣ ҳастам, Ҷаббор Расулович,- посух гуфт Хоҷаев. — Ба кадом вазифа лоиқ донед, қабул мекунам. Мақсад хизмат ба халқу ватан аст.
- Офарин, барори кор орзумандам, — андешамандона гуфт Ҷаббор Расулов. — Сари қадам назди Маҳмадуло Холов дароед, ҳамаашро мефаҳмонад,- аз ҷо баланд шуд ва дасти ӯро фишурд.
Дар вилояти Қӯрғонтеппа касеро намешинохт, аммо дар муддати кӯтоҳ бо меҳнати ҳалолу ахлоқи ҳамида миёни сокинони вилоят садҳо ёру ошно пайдо кард. Роҳбарияти вилоят дар симои вай ҷавонмарди кордону шахси содиқ ба давлатро медиданд. Котиби Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят Ғоибназар Паллаев дар тарбияи Ваҷиддин саҳми бориз дошт. Ӯро барои кордониву садоқаташ эҳтиром мекард.
Ҳамин буд, ки соли 1986 ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Илич интихоб шуд. Дар ин вазифа панҷ сол кор кард. Ӯ бо Усмонқул Билолов котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия дӯсту ҳамақида буданд.
Дар ин муддат барои хизматҳояш бо ду ордени «Нишони фахрӣ», медали ҷашнии «100 — солагии В. И. Ленин ва нишони «Аълочии ба плангирии хоҷагии халқи ИҶШС» сарфароз гардид.
Соли 1991 Ваҷиддин Хоҷаев муовини раиси вилояти Қӯрғонтеппа интихоб шуд. Аммо дар ин вазифа натавонист фаъолиятро дер давом диҳад. Даврони дигар омад. Аз нодониву гумроҳи теша ба решаи тоҷик расид. Бародар аз гиребони бародар гирифт…
Фоҷиаи миллӣ ба саломатии Ваҷиддин Хоҷаев таъсир кард. Дарди ҷонгудоз ӯро аз по афтонд ва солҳои зиёд бистарӣ гашт. Табибони ҳозиқ пайи табобати вай талош мекарданд. Талхадон ва як гурдаашро буриданд. Фишорашро танзим намуданд.
… Сулҳ омад. Сулҳ ба осонӣ муяссар нашуд. Дигар давлатмардон қудрати пеши роҳи оташро гирифтан надоштанд. Касе зимоми давлатро ба даст гирифтан намехост. Ҳамон вақт ҷавонмарди ҷасур нотарсона сукуни давлатро ба даст гирифту Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳонд. Бо мушти гиро ба даҳони душмани миллат кӯфт. Дубора оромӣ фазои кишварро пур кард. Дубора тоҷик бародари тоҷикашро бо муҳаббат ба оғӯш кашид…
- Бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои фаъолиятам дар вилояти Қӯрғонтеппа шинос шудам. Ману раиси вақти ноҳияи Данғара Теша Авазов дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд шинос шудем ва дӯстони ҷонӣ гардидем. Ҳамроҳ дар маҷлисҳо ширкат меварзидем. Он солҳо ҳамаи мо як вилоят будем. Дар яке аз сафарҳояш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳаш овард. Роҳбари хоҷагии давлатӣ буд. Авазов ҷавонмардони қобилу кордонро эҳтиром мекард. Маро бо вай шинос кард. Ҷавонмарди баландболо, чеҳракушоду суҳбаторо ба ман ҳам писанд омад. Аз симояш бузургии ӯ ҳамон солҳо маълум буд. Баъд чанд бори дигар дидорбинӣ насибамон шуд.
Ба ман хабар доданд, ки вай ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудааст. Хурсанд шудам. Бовар доштам, ки аз уҳдаи ба низом овардани кор дар кишвар мебарояд.
Ин лаҳза гиряи талх имконият намедиҳад, ки суханашро идома диҳад. Ҳамсуҳбати мо Файзулло Эшонҷон ҷониби вай пиёлаи чойро дароз мекунад.
- Аз як тараф шод будам, ки ӯ ба вазифаи баланд интихоб шуд ва масъулияти сангинро ба дӯш гирифт, аз ҷониби дигар афсӯс мехӯрдам, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос наметавонам паҳлуи вай бошам. Дилам бисёр мехост, ки шифо ёбам ва дар ин рӯзҳои барои миллату ҷумҳурӣ мушкил кореро анҷом диҳам…
Батадриҷ сиҳатиаш барқарор шуд. Ба қавли кампири Асила: «Мардаки зӯр ба беморӣ ғолиб омаду ҳучпо шуд». Соли 1999 Ваҷиддин Хоҷаевро ба Душанбе даъват карданд, аммо мадору тавон пайкарашро тарк гуфта буданд. Табибон барои вай ҳуҷҷат доданд, ки «маъюби дараҷаи якум аст». Ӯро Пешвои миллат қабул карда, вазифаеро пешниҳод намуданд.
- Бо ҷону дил, Ҷаноби Олӣ, ин орзуи дили ман аст, афсӯс, саломатӣ имкон намедиҳад. Барои бовариатон ҳазор бор ташаккур мегӯям.
Ба Рашт баргашт. Соли 2000 дар ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ беш аз пеш авҷ гирифтанд. Шукурҷон Зуҳуров акаи Ваҷиддинро даъват намуд.
- Биё, ҳамроҳи ман кор кун, — гуфт Ш. Зуҳуров. — Маро ба вазифаи роҳбари Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои қарз барои барқароркунии баъди низоъ таъин карданд.
- Метарсам, ки барои шумо бори зиёдатӣ нашавам,- гуфт Ваҷиддин Хоҷаев.
- Ҳамоҳангсози марказ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт.
- Бовар кунед, қувватам намерасад.
- Дар ҳамин вазифа танҳо дар ноҳияи Рашт кор кун. Байни мардум будан барои барқарор гардидани саломатӣ бештар ёрӣ медиҳад.
Соли 2000 ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои қарз барои барқароркунии баъди низоъ дар минтақаи Рашт таъин карданд. Ӯ то анҷоми лоиҳа кор кард.
Баъд аз ба анҷом расидани корҳо Ваҷиддин Хоҷаев бекор намонд. Усмонқул Билолов акаи Ваҷиддинро ба идораи «Тоҷикстандарт» даъват кард. Ҳамин тавр, то ба нафақа баромадан ба қадри тавон хизмат намуд. Соли 2007 ба нафақа баромад…
Ба дидорбинии ӯ ҳамроҳи адиб Файзулло Эшонҷонов рафтем. Болои ҷойгаҳи нарму озода мехобид. Моро бо хурсандӣ пешвоз гирифт. Соли равон ба синни 80 қадам монд. Аз дастовардҳои мардуми кишвар хушнуд аст ва шукронаи онро мекунад, ки тоҷикон ба ҳам омаданду таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати демократӣ содиқона заҳмат мекашанд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»